Русия дар Африқо чӣ меҷӯяд?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар (Маскав)
Қораи Африқо бо итминон аз ҳавзаи нуфузи кишварҳои ғарбӣ хориҷ мешавад ва ҳамкорӣ бо Русияро афзоиш медиҳад. Самти нав дурнамоҳои судмандеро барои ҳама ширкаткунандагон ба армуғон хоҳад овард.
Ба гуфтаи коршиносон, тавлиди нохолиси дохилии кишварҳои африқоӣ то соли 2050 ба 29 триллион доллар хоҳад расид ва Африқо дорои 5 иқтисод аз 9 иқтисоди басуръат дар ҳоли рушд дар ҷаҳон аст. Ин вазъият боиси алоқаи зиёди доираҳои тиҷории Русия ба ин қора шудааст. Имрӯза беш аз 30 ширкати бузурги русӣ дар Африқо фаъолият мекунанд.
Равобити танготанг бо Русияро 27 кишвари Африқо - Алҷазоир, Ангола, Буркина Фасо, Габон, Ғана, Гвинея, Ҷумҳурии демократии Конго, Миср, Замбия, Зимбабве, Камерун, Либерия, Мавритания, Мали, Мозамбик, Намибия, Нигерия, Ҷумҳурии Конго, Руанда, Судон, Сера Леон, Танзания, Чад, Гвинеяи Бисау, Эфиопия, Африқои Ҷанубӣ ва Судони Ҷанубӣ - ба роҳ мондаанд.
Имрӯза ҳудуди 1.2 миллиард нафар дар Африқо зиндагӣ мекунанд ва тибқи пешбинииҳои Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2030 ин рақам ба 1.7 миллиард афзоиш хоҳад ёфт. Ҳаҷми бозорҳои маводи ғизоӣ, ки имрӯза беш аз 300 миллиард доллар аст, то соли 2030 ба як триллион доллар хоҳад расид.
Ҳамзамон бо ин фурсатҳои густурдае барои сармоягузории Русия дар кишоварзии қораи Африқо боз мешавад. Беш аз ним - 65% аз заминҳои қобили кишти ҷаҳон дар қаламрави он қарор дорад, ки метавонад бо ҳимояти Комплекси кишоварзии Федератсияи Русия коркард шавад.
Африқо фурсатҳои хубе барои рушди роҳи оҳан, маъдан ва гардишгарӣ дорад. Таҷрибаи Русия низ дар ин заминаҳо хеле ғанӣ аст ва метавонад онро бо шарикони африқоии худ ба иштирок бигузорад.
Русияву Африқо бо ҳам 75 дарсад аз бозори маъдани алмоси ҷаҳонро дар ихтиёр доранд ва ин заминаи дигаре барои ҳамкории ояндадор аст. Ҳамчунин дар заминаи манофеъи Африқо-Русия энержӣ, саноати кӯҳӣ, комплекси сӯхту энержӣ (ТЭК), сохтмони зерсохтҳо, мошинсозии нақлиётӣ, банкдорӣ ва соири саноатҳои дигар қарор гирифтаанд.
Худи имрӯз сармоягузории Русия дар иқтисоди кишварҳои африқоӣ аз 20 миллиард доллар фаротар рафтааст, бидуни ба ҳисоб гирифтани проекти неругоҳи ҳастаӣ, ки аз сӯи мутахассисони “Росатом” дар Миср дар ҳоли сохта шудан аст ва ҳазинааш 30 миллиард доллар тахмин зада мешавад.
Русия омӯзиши мутахассисони кишварҳои африқоиро бар ӯҳда гирифтааст. 27 ҳазор ҷавони африқоӣ дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ки таҳсили 5 ҳазор нафар аз онҳо бо ҳазинаи будҷаи Русия аст. Ин афрод аз таҷриба ва фановариҳои Русия истифода мекунанд, ки дар проектҳои бузургмиқёси ҷадид истифода хоҳанд шуд.
Русия Африқоро як манбаъи нерӯи кори камсаводу арзон намеҳисобад ва аз ин, ки сарватмандтарин қораро манбаъи маводи хом барои кишварҳои рушдёфтатар арзёбӣ кунад, худдорӣ мекунад. Равобити байналмилалӣ бар асоси усули баробарӣ бино шудааст, зеро Русия ба шарикони қавӣ ва рушдёфта ниёз дорад. Ин танҳо роҳ барои дастёбӣ ба ҳадди аксари баҳраварӣ дар ҳар проект аст.
Русия ва Африқо ҳама чиро доранд, то рӯи он кор кунанд ва рӯи он чизе бисозанд ва барои ин зербинои ҳамкории судманди мутақобил гузошта шудааст. Даргирӣ дар Украина, таҳримҳои Ғарб ва буҳрони ҷаҳони ғизо Русия ва Африқоро маҷбур мекунад нигоҳе тоза ба бисёре аз масоили ҳамкории байнамилалӣ дошта бошанд. Ҳоло ҳам ба чунин мавзӯъоте бештарин таваҷҷуҳ равона шудааст.
Дар дастури кори ҳамкории Русияву Африқо рушди бештари тиҷорат, гузор ба ҳисоббаробаркуниҳо бо арзҳои миллӣ, таъдили логистика барои дур задани таҳримҳо ва муқобила бо буҳрони ғизоӣ аст, ки ба таври дардноке бисёре аз кишварҳои африқоиро таҳти таъсир қарор додааст. Маскав ба унвони пешгом дар тавлиди гандум ва нуриҳои минералӣ, тамоми талоши худро барои анҷоми ин кор ба харҷ медиҳад. Ҳамон тур, ки мақомоти Русия итминон медиҳанд, фақиртарин кишварҳои Африқо ҳатто пас аз поёни қарордоди ғалла бидуни ғизо нахоҳанд монд.
Дар як калом, Русия сиёсати ҷаҳони чандқутбӣ ва одилро дар Африқо дар ҳама заминаҳо пеш мебарад ва табдил додани ин қора аз як конуни фақру зулм ва ноамниву ҷангҳои мудаввом, ки натиҷаи ҳузури 400 соли ҳузури ғарбиҳо аст, ба конуни рушду тавсеа ва суботи пойдорро ҳадаф қарор додааст.
Дар “қораи сиёҳ” субҳи тоза медамад, субҳи субот, тавсеа ва озодӣ...