Оштии бузурги байни Арабистони Саудӣ ва Эрон як бурди бузурги на фақат Чин, балки ҷаҳони ислом низ ҳаст ва ба навба худ бохти бузургест барои Амрико ва Исроил дар Ховари Миёна ва олами ислом.
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
Барқарории дубораи муносиботи дӯстона ва дипломатӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон, ки аз даҳаҳо дучори ошуфтагиҳо ва кашу қавсҳои танишзо буд, ҳодисаи бисёр боаҳамияте аст дар ҷаҳон, ки бетардид таъсири шигарфе бар равобити сиёсӣ-амниятӣ ва иқтисодӣ дар сатҳи Шарқи Миёна ва ҷаҳон хоҳад дошт.
Ин оштии бузург, ки камаҳамияттар аз оштии миёни аъроб ва Исроил нест, Саудии сунниро, ки солҳои тӯлонӣ тавассути Амрико ва Исроил, минҳайси абзори сахти сиёсӣ-амниятӣ алайҳи Эрони шиъӣ, суъистифода шуда буд, на дар баробари Эрони шиа, балки дар паҳлуи он қарор додааст. Аз баракати ин оштии бузург, дигар ҳарду кишвари қудратманди минтақа, тавон ва нерӯи бузург ва созандаашонро на дар тахриб ва тазъифи ҳамдгар, на дар ҷангҳои вайронгари ниёбатӣ дар Яман, Сурия, Лубнон ва Афғонистон, балки барои тавсеаву тараққии сарзаминҳояшон ва барои барқарории амнияту сулҳ дар минтақа ва ҷаҳон, ба харч хоҳанд дод.
Ин оштии боаҳамият ва бузург, ки ба кӯшиши мустақими Ҷумҳурии Халқии Чин сурат гирифтааст, пас аз рафтуомадҳо ва дидорҳои боаҳамияте миёни раҳбарони се кишвар - Саудӣ, Эрон ва Чин ба даст омадааст. Бахусус пас аз сафари охири раисҷумҳури Чин Ши Ҷин Пинг ба Риёзу сафари Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ба Чин буд, ки охирин модаҳои ин тавофуқи бузург миёни Риёзу Теҳрон маҳак хӯрд ва равобити дӯстонаву дипломатӣ миёни ду кишвари бузурги исломӣ аз сар гирифта шуд.
Эъломи тавофуқи Саудӣ ва Эрон, ки ҳамзамон бо оғози севумин давраи раёсатҷумҳурии Ши Ҷин Пинг буд, таҳдид ва чолиши бузургест дар баробари нуфузи нимқарнаи Амрико дар Шарқи Миёна ва кишварҳои атрофи он. Қарордодҳои даҳҳомиллиардӣ миёни Чину Эрон, Чину кишварҳои арабӣ, алоқамандии рӯзафзуни Саудиҳо ба пайвастан ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва билохира ин миёнҷигарии таърихӣ, кишвари Чинро дар ҷойгоҳи баланд ва пурқудрати як бозигари тозаи қудрат дар Шарқи Миёна қарор дода ва манофеъи зӯргуёнаи Амрикоро бештар ба чолиш хоҳад кашид.
Арчанд Чин эълон доштааст, ки бо ин кӯшишҳои сулҳҷуёна ва талошҳои сиёсии давомдор дар Шарқи Миёна, ба думболи ҳеҷ гуна нуфузи сиёсӣ дар минтақа намебошад, аммо ҳақиқати масъала ин аст, ки Чин аз густариши равобити мустаҳкам ва густурдаи иқтисодӣ бо кишварҳои арабӣ ва Эрон, орзу дорад то дигар на ҳарфи охирро, балки ҳарфи аввалро дар Шарқи Миёнаи сарватманд ва қавӣ ҳам бизанад. Чин мехоҳад сиёсати хориҷии муваффақтар аз Амрико дар тамоми нуқоти ҷаҳон, аз ҷумла дар Шарқи Миёна дошта бошад.
Тавофуқи Риёзу Теҳрон бетардид барои ҳарду кишвари Саудӣ ва Эрон солона даҳҳо миллиард доллар суд ба бор хоҳад овард. Ҳар гоҳ ду кишвари Саудӣ ва Эрон, ихтилофот ва нигарониҳои амниятӣ надошта ва дар арсаи иқтисодӣ-тиҷорӣ, бахусус, бозори нафту петрохимия, на рақиби ҳам, балки ҳамкор ва дӯст ҳам бошанд, бидуни шак, ба пешрафтҳои бузурги иқтисодии фаннӣ ва эътилову тараққии бештар даст хоҳанд ёфт.
Нуктаи аслӣ ва охирин, ки эҳёи дубораи равобити дӯстона миёни Эрону Саудӣ бо миёнҷигарии Чин, нишонаи дигаре аз сархӯрдагӣ ва нокомии сиёсати хориҷии Амрико буда, билохира Амрикоро аз ҷойгоҳи қулдурмаобонааш дар Шарқи Миёна ҳам ба зер хоҳад кашид. Дигар он сиёсат ва стратегияи эҷоди ихтилофу шигоф дар минтақа, ки тавассути Амрико ба кор гирифта мешуд, бештар аз пеш ранг хоҳад бохт ва дигар Амрикову Исроил қодир нахоҳанд шуд то боз ҳам Саудиву Эронро дар баробари ҳам қарор дода, ононро дар кишварҳои худӣ дар миёни мусулмонон ба ҷанг ва мусулмонкушӣ водор бисозанд.