Хабари рӯз

Доме, ки шабеҳи доми Картер барои Брежнев дар Афғонистон аст.

Нависанда: Илё Ҷ. Мағнойир/тарҷумаи “Дипломатияи эронӣ”

Генерал Марк Мили, раиси ситоди артиши Амрико эълом кард, “берун рондан нерӯҳои Русия аз Украина дар соли ҷорӣ бисёр душвор аст”. Ин суханон нишон медиҳад, ки ҷанг тибқи доктринаи раисҷумҳур Ҷо Байден то замоне, ки Киев омодаи фидокорӣ барои ҳифозат аз сайтараи Амрико бар ҷаҳон аст, барои солҳои тӯлонӣ идома хоҳад ёфт. Оё Вашингтон муваффақ мешавад барои ғарқ кардани Маскав дар ботлоқи Украина ва таҷзияи Русия монанди таҷзияи Шӯравӣ, Афғонистони дигаре барпо кунад? Оё Путин дар доме гирифтор мешавад, ки қаблан низ барои раҳбари Шӯравӣ дар Афғонистон дар соли 1979 барпо шуда буд?

Тибқи ривояти расмӣ, таърихи кӯмаки созмони иттилооти маркази Амрико (СИЁ ё СиАйЭй) ба муҷоҳидони афғонӣ дар соли 1980, яъне баъд аз ҳамлаи артиши Шӯравӣ ба Афғонистон шурӯъ шуд; Аммо дар ҳақиқат ҳамон тур, ки Бржински, мушовири раисҷумҳур Ҷими Картер дар мусоҳиба бо маҷаллаи “Лу навул обзарвотур” таъкид кард, масъала комилан баракс аст. Ба ин тартиб, ки Роберт Гейтс, мудири собиқи “СиАйЭй” дар хотироташ зикр мекунад, истихбороти марказии Амрико кӯмак ба муҷоҳидонро шаш моҳ қабл аз мудохилаи Шӯравӣ оғоз карда буд.

Шӯравӣ дар он замон сарбозони кофӣ барои шикаст додани муҷоҳидони афғон нафиристод ва натавонист ба андозаи кофӣ барои ҷанг дар канори худ нерӯи афғон ба хидмат бигирад. Шикасти Шӯравӣ омили аслии инҳилоли паймони Варшава ва мутаоқибан Иттиҳоди ҷумҳуриҳои сотсиалистии Шӯравӣ буд.

Имрӯз бисёр ба гузашта шабоҳат дорад. Ҳатто қабл аз ин ки Русия таҳоҷуми худ ба Украинаро оғоз кунад, Мадлен Олбрайт, вазири умури хориҷаи асбақи Амрико баён кард ишғоли сарзаминҳои Украина аз сӯи Русия чӣ басо Киев ба шӯриши дохилӣ дар Русия мунҷар шавад монанди он чӣ, ки Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар Афғонистон дар даҳаи 1980 бо он мувоҷиҳ шуд. Дар натиҷа ҳадафи давлати Байден акнун талош барои бозгардондани ақрабаҳои соат ба ақиб ва талошу ҳисоб кардан рӯи ин масъала, ки мумкин аст сенарияи Афғонистон такрор шавад.

Артиши Русия дар ҳафтаҳои нахусти ҷанг теъдоди кофӣ сарбоз барои шикасти артиши Украина эъзом накард ва тонкҳои худро дар дарвозаҳои пойтахт мустақар кард қабл аз ин ки мавзӯъро ҷуброн кунад ва аҳдофи худро ислоҳ кунад ва онро ба чаҳор минтақа, яъне манотиқи маҳалли сукунати украиниҳои тарафдори Русия маҳдуд кунад. Русия ҳамчунин нерӯҳои изофиро барои ҷилавгирӣ аз такрори иштибоҳоти таҷрибаи Афғонистон вориди набард кард ва аз нерӯҳои ҳирфаии “Вагнер” истифода кард.

Артиши Русия тавонист бештар манотиқеро, ки дар чорчӯби аҳдофи эълом шуда қарор доранд, ишғол кунад то ба ин тартиб барои такмили сайтара бар минтақаи Донбас - Бахмут, Краматорск ва Славянск - боқӣ бимонад. Ин амр ба маънои ин аст, ки артиши Русия дар ҷанги чирикӣ фарсоиш пайдо нахоҳад кард, балки рӯёрӯӣ ба рӯёрӯии миёни артишҳои классик ва хутути дифоъии мутақобил табдил шудааст. Амрико талош хоҳад кард дар баҳори оянда дубора ба ҷанг тавону нерӯ бидиҳад, агар Русия муҳаққиқи сохтани аҳдофи эъломшудаи худ ва барпоии хутути дифоъии маҳкам барои ҳимоят аз марзҳои ҷадидашро ба поён набурда бошад.

 Ба ин тартиб, Путин дар доми Байден дар Украина намеафтад. Доме, ки шабеҳи доми Картер барои Брежнев дар Афғонистон аст. Алорағми ин, ки Байден монанди Картер тавонист ба ҷанги ниёбатӣ бо Русия даст ёбад ва кӯмаки Аврупои ғарбиро дар ин миён ба даст оварад; Аммо натавонист ҳукумати Маскавро аз дохил сарнагун кунад ё ин, ки Путинро барканор кунад, балки Вашингтон бо пешинае рӯбарӯ шуд, ки сайтараи Амрико бар ҷаҳонро ба чолиш мекашад ва меҳвари ҷадиде муташаккил аз Русия, Чин ва соири кишварҳоро ташкил медиҳад, ки метавонад ҷаҳоне чандқутбӣ эҷод кунад.

Манбаъ: “Дипломатия эронӣ”


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!