Хабари рӯз

Чаро фақат Чин метавонад Покистонро наҷот диҳад, на Амрико?

Нависанда: Парвиз Ҳудбҳой (Pervez Hoodbhoy), физикдон ва нависандаи аҳли Исломобод,

Манбаъ: “Dawn”, Покистон

Як саволи имтиҳонӣ барои аспирантҳои CSS (Central Superior Services - Хадамоти олии марказӣ, як ниҳоди, ба истилоҳ, нухбасози Покистон - Сангар): чӣ чизе болотар аз Ҳимолой, амиқтар аз дарёҳо, қавитар аз фӯлод ва ширинтар аз асал аст? Хуб, номзади азиз, ҳар тардиде нишон медиҳад, ки сатҳи меҳанпарастии шумо ниёз ба баррасӣ дар Ровалпинди ё Обпараро дорад.

Ҳар покистоние, ки парчамбардорӣ мекунад, хуб медонад, ки посухи ягона - дӯстии Покистону Чин аст. Баъд, он чӣ ки CPEC (China Pakistan Economic Corridor – Даҳлези иқтисодии Чину Покистон – Сангар)-ро ба як тарҳи инқилобӣ - тағйирдиҳандаи бозӣ табдил мекунад? Возеҳ аст! Саноатҳои ҷадид ба вуҷуд меоянд, саноатҳои мавҷуд аз байн хоҳанд рафт, содирот ба осмон меравад, Гводар табдил ба Дубайи сонӣ, ҳама қарзҳо пардохт, шуғл фаровон хоҳад шуд ва хуршед барои ҳамеша хоҳад дурахшид.

Ин орзуҳо дар ҳоле, ки Покистон ба сӯи як дефолт метозад, нақше бар об мешаванд. CPEC дар соли 2013 оғоз шуд ва то ба ҳол 62 миллиард доллар дар иҷрои он харҷ шудааст. Аммо акнун Покистони ғарқи қарз барои пардохти қарзҳои қадимитар қарз меҷӯяд. Ҳар касе, ки бидиҳад - ва бо ҳар шароите - бояд самимона дар оғӯш гирифта шавад. "Пайвандҳои ногусастанӣ"-и дӯстии Покистон ва Чин таҳти хатар аст.

Тибқи додаҳои Сандуқи байналмилалии пул, 30 миллиард доллар аз 126 миллиард доллари кулли қарзи хориҷии Покистон ба Чин тааллуқ дорад. Ин се баробари қарзи Сандуқи байналмилалии пул (7.8 миллиард доллар) аст ва аз маҷмӯъи қарзҳои он аз Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиёӣ бештар аст. Пас чаро Чини қудратманд мунтазири сигнали сабзи Сандуқи байналмилалии пули таҳти идораи Амрикост, қабл аз ин ки кадом як сабукие пеш ояд? Оё ҳадди ақал набояд қарзи Покистонро таҷдиди сохтор кунад? Ё беҳтараш хат занад?

Биёед, бо чашмони ҳақиқат бингарем: инҳо умедҳои соддалавҳона ҳастанд. Капитализми чинӣ - монанди ҳар капитализми дигаре - бар суд асос ёфтааст, на башардӯстӣ. Дар “Marketing-101”, як тоҷири навпо ёд мегирад, ки чӣ гуна ба як марди дар ҳоли ғарқ шудан об бифурӯшад. Banking-101 ба шумо мегӯяд, ки чӣ гуна қарздорони ноумедро шиносоӣ кунед. Қонуни 101 дар мавриди бархӯрд бо мутахаллифон – пардохтнакунандагон аст.

Ширкатҳои чинӣ, чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, монанди дигар ширкатҳо ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба дастуроти давлати худ мабнӣ бар дар назар гирифтани Покистон ба унвони як муттаҳиди стратегӣ, онҳо дарк мекунанд, ки Гводар дари обҳои гарми Халиҷи Форс - обҳоеро, ки гуфта мешавад, Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро барои ҳамла ба Афғонистон ҷазб кардааст - боз мекунад. Аммо чиниҳо бо эҳтиёт қадам бармедоранд. Покистон беҳтарин макони дунё барои паркинг - истгоҳи капитали шумо нест.

Аз ин хотир, корхонаҳои нав кам, ҳатто бо фанноварии поин ҳастанд. Корхонае дар Ҳуб обиҷави олии Hui Cheng тавлид мекунад. Дар ҷоҳои дигар: як ҷо корхонаи ҷамъоварии телефони ҳамроҳ, як ҷо корхонаи сохти қисмҳои эҳтиётии худравҳо ва ҷои дигар корхонаи пойафзол, як бонки молии хурд ва ғайра. Ба илова, заминҳои кишоварзӣ барои парвариши сабзавот барои бозори Чин харидорӣ шудааст.

Оҳо, чизҳои пешрафта, монанди фановарии ҳастаиро чӣ гӯем? Кӯмаки ҳастаии Чин ба Покистон, чӣ ошкору чӣ пинҳон, собиқаи 50-сола дорад. Бидуни он бомбаи атомии Покистон ба вуҷуд намеомад ва озмоишҳои ҳастаии 1998 иттифоқ намеафтод. Бо ин ҳол, як унсури муҳими покистонӣ дар бомба вуҷуд дошт.

Ин чизе дар реакторҳои энержии ҳастаӣ нестанд! Бомбаҳо то даҳаи 1960 пешрафта буданд, аммо на пас аз он. Бо ин ҳол реакторҳо ҷонварони печидае ҳастанд. Ду корхонаи Hualong HPR-1000 (ҳар қитъа 7 миллиард доллар), ки ба номи Kanupp-2 ва Kanupp-3 шинохта мешаванд, тамоми аҷзои аслии худро дар Чин тарроҳӣ ва тавлид мекунанд. Ҳатто сӯхт аз Чин меояд. Нақши PAEC (Pakistan Atomic Energy Commission) сирфан ҳимоятӣ аст. Корҳои сохтмонӣ, насб ва истифодаи корхонаҳо таҳти назорати Чин қарор дорад.

Бо корҳои Чин дар Сингапур муқоиса кунед, ки монанди Покистон мустаъмараи собиқи Бритониё аст. Ин ҷазира аз назари ҷамъият 42 баробар ва аз назари масоҳат 1093 баробар кӯчактар аз Покистон аст. Аммо соли гузашта, сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Сингапур 92 миллиард доллар дар муқоиса бо 2 миллиард доллар барои Покистон буд. Иқтисоди он ширкатҳои бузурги амрикоӣ ва чиниро барои тарроҳӣ ва сохти нимаҳодиҳо, мухобирот, техникаи роботӣ, фановариҳои молӣ, хадамоти тиҷориву ҳирфаӣ ва ғайра ҷазб мекунад.

Ин тафовутҳои ҳайратовари бузург ниёз ба тавзеҳ дорад.

Аввал, Сингапур як кишвари орому осуда аст, дар ҳоле, ки Покистон моломоли хушунат аст. Терроризм - маҳсули ҷонибии боқимонда аз замони пуштибонии расмии гурӯҳҳои "ҷиҳодӣ" - бори дигар домани кишварро гирифтааст. Бо вуҷуди нерӯи вежаи 10-ҳазорнафарӣ барои муҳофизат аз коргарони чинӣ дар Покистон, онҳо дар тарс зиндагӣ мекунанд.

Маҷмӯае аз маҳкамаҳои саҳроии муртабит бо куфргӯӣ, аз ҷумла қатли бидуни маҳкамаву додгоҳи яке аз мудирони корхонаи шриланкаӣ*, нигаронии онҳоро афзоиш додааст. Агар ба ин фосилаи фарҳангӣ ва монеаи забонӣ изофа шавад, муоширати байни чиниҳо ва мардуми маҳаллӣ хеле маҳдуд аст.

*Приянта Кумара Диявадана, мудири як корхона Шри-Ланка, ки дар корхонае дар шаҳри Сиёлкут дар шарқи Покистон кор мекард, 3 декабри 2021 дар ҳодисае ба иттиҳоми тавҳин ба муқаддасоти динӣ мавриди зарбу шатми мардум қарор гирифт ва оташ зада шуд.

Дувум, қавонини Сингапур қонунро рӯҳӣ ва ҳарф ба ҳарф риоят мекунанд, дар ҳоле, ки дар Покистон қавонин барои нақз шудан эҷод мешаванд. Дар ин муҳити тиҷории камэътимод, муомилоти зери миз ба андозаи муомилоти қонунӣ роиҷ аст. Аз он ҷое, ки адами шаффофият дар муомилоти CPEC ба унвони як ниёзи амнияти миллӣ тавҷеҳ мешавад, мо наметавонем мизони ришваҳоро бидонем.

Севум, Сингапур дорои нерӯи кори сахткӯш, бисёр моҳир ва созгор аст. Ин барои Покистон сидқ намекунад. Аз ин рӯ, покистониҳо дар сатҳи тарроҳӣ ва муҳандисӣ аз проектҳои бузурги CPEC, ки дар хоки Покистон иҷро мешаванд, ҳазф шуданд. Ваъдаҳои қаблӣ ба ҳамин далел аз байн рафт.

CPEC дар атрофи як маҳалли бисёр ноқис сохта шуд. Фарз бар ин аст, ки зерсохтҳо - ҷодаҳо, пулҳо ва барқ - ба танҳоӣ боиси эҷоди рушд ва иштиғол хоҳанд шуд. Ин монанди ин аст, ки фарз кунед об, хок ва поруи фаровон ҳосили фаровонро ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Аммо саҳми ҳаётӣ тухмӣ аст - сармояи инсонӣ. Ва ин ҷо нуктае аст, ки ҳама чиз хароб шуд.

Покистон мутмаиннан монанди ҳар ҷои дигар афроде боҳуш ва боистеъдод дорад. Аммо ба далели аз байн рафтани низоми омӯзишӣ, фақат сармояи инсонии бо дараҷаи поинро ба саноат ироа медиҳад. Аз он ҷо, ки талқин (индокринатсия) беш аз донишу маҳорат пешниҳод шуд, мо дар уқёнусе аз ҷавонони бекор гир кардаем.

Эъзоми 30 ҳазор донишҷӯи покистонӣ ба Чин барои таҳсилоти олӣ натавонистааст сармояи инсонӣ тавлид кунад. Аз донишомӯзони собиқ, ки бо мадрак дар даст бозгаштаанд, достонҳои такондиҳандае мешунавем. Аксар донишомӯзони покистонӣ дар Чин тасмим мегиранд, ки бо низом бозӣ кунанд ва гӯшаҳоро коҳиш диҳанд, на ёд бигиранд ё ба муваффақият бирасанд.

Дар риштаҳои муҳандисӣ ва улуми дақиқ, теъдоди каме аз онҳо ба дурустӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳо омода шудаанд, магар ба заифтарин донишгоҳҳои Чин. Албатта, ҳамеша истисноҳои мӯҳтараме вуҷуд дорад.

Ҳамон тур, ки сӯҳбатҳо ба самти талаҳои қарз ва муқоиса бо Шри Ланка меравад, изтироб ва асабоният афзоиш меёбанд. Аммо оромиш лозим аст, то ҳамоқати қаблӣ такрор нашавад. Ин хаёлпардозиҳо, ки сарсахттарин дӯсти Покистон Амрико аст - ва таъминкунандаи ҳама ниёзҳои он - дар ниҳоят робита бо "муттаҳидтарин муттаҳид"-и солҳои гузаштаашро аз байн бурд. Набояд чунин иттифоқ меафтод.

Чин эҳтимолан дар фурӯши кӯтоҳ (short-selling) ба мо муқассир аст - аксар муомилоти IPP (Independent power producer – Тавлидкунандаи мустақили барқ) як фиреб арзёбӣ мешаванд. Имтиёзҳои молиётӣ барои ширкатҳои чинӣ низ ҳамин тур аст. Воридоти бидуни молиёти гумрукӣ аз Чин бисёре аз тавлидкунандагони дохилиро ба самти варшикастагӣ савқ додааст. Аммо ин шайпурнавозони мо буданд, ки музахрафот CPEC-ро ба унвони як тарҳи Маршал барои Покистон ба мо фурӯхтанд. Аврупо дар асари ҷанг вайрон шуд, аммо Покистон ба хотири иқдомоти худ ба зону даромад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!