Хабари рӯз

Чӣ гуна Амрико аз муллоҳо ва минбарҳои масоҷид барои бозгашти худ истифода мекунад?

Нависанда: Абдулносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика

Ҳалқаи номзадии ихвонизму Амрико дубора андохта мешавад. Он чи мусаллам аст ин аст, ки толиб аз оғоз як проект аст; Проекте, ки шояд бидуни огоҳӣ барои таҳаққуқи аҳдофи амрикоиҳо ба роҳ наяфтода бошад.

Аслан аз ибтидои зуҳури Амрико ба унвони қудрати бузурги ҷаҳонӣ, тафаккури тундравонаи диние, ки мунофоти ҷиддӣ бо нусуси Қуръонӣ, аҳодиси Паёмбари гиромии ислом (с) ва раҳнамудҳои шаръӣ дорад, дар хидмати ин кишвар будааст.

Роберт Дрейфус дар китоби “Бозии шайтон” ба таърихчаи шаклгирии ҷараёнҳои сиёсие, ки ба номи ҳаракатҳои исломӣ, ёд мешуданд, пардохта ва тамоми ҷараёнҳои шаклгирифта дар даврони қабл ва пас аз ҷанги дувуми ҷаҳониро абзоре дар хидмати аҳдофи империализми Амрико таъриф кардааст. Вай мӯътақид аст, ки ҳадафи ин кори Амрико, истифода аз ин корти баранда барои муқобила бо нуфузи Шӯравӣ будааст.

Нигоранда ба ҳадафи китоб ва мароми нависанда аз таҳрири ин китоб, коре надорам. Аммо ҳаводиси пасини ним қарни гузашта нишон медиҳад, ки ифротгароии динӣ, тафаккури сиёсии ихвонизм ва истифода аз абзори хушунат роҳҳое барои таъмини манофеъи Амрико буда, ки аз тариқи ин гурӯҳҳо сурат гирифтааст.

Дар тозатарин маврид, ба рӯзи ҷумъа мубаллиғини Толибон дар баъзе аз масоҷид рӯи ин нукта таъкид доштанд, ки "амрикоиҳо хуб буданд, мавозини ҳуқуқи башарро муроат мекарданд. Ин артиши ҷумҳурият буд, ки мардумро мекушт. Амрикоиҳо барои мардум ва Афғонистон хеле хидмат карданд, вале ин низоми муфсиди собиқа буданд, ки Амрикоро дар назди мардум бад ҷилва дод”.

Ҳамчунон ин муллоҳо гуфтаанд, ки “низоми собиқ, пулҳо ва кӯмакҳои саховатмандонаи Амрикоро ҳадар дод ва набояд амрикоиҳоро муқассири ин вазъият донист ва аз кӯмакҳояшон чашмпӯшӣ кард. Ҳама бадӣ аз низоми собиқа ва муздурсифат буд. Амрикоиҳо бо мавозини ҳуқуқи башар Толибонро ҳеҷ гоҳе азият накарданд ва солҳо кӯмак намуданд, то ин низом истеҳком ёбад ва Афғонистон обод шавад, вале ин низоми собиқа буд, ки мардумро дарбадар намуд". Ин таблиғи феълии Толибон дар масоҷид як тағйири 360-дараҷаӣ дар ҳамкорӣ бо амрикоиҳо ҳисоб мешавад ва дар оянда рухи алании хешро нишон хоҳад дод.

Он чӣ дар ин миён қобили тааммул аст, мавқифи муллоҳоест, ки қаблан Амрикоро куфр мегуфтанд ва ҳамарӯза бар зидди онҳо таблиғ мекарданд, аммо ҳоло аз ҳамин минбари масоҷид дар хидмати манофеъи амрикоиҳо қарор гирифтаанд. Ин кор тавассути муллоҳо ва манобир масоҷид, ки ҷое барои паёми сулҳ, муҳаббат, ҳамзистии мусолиматомез ва истеҳкоми решаҳои равобити иҷтимоӣ аст, таърихчаи тӯлони дорад.

Дар даврони ҳузури Шӯравиҳо низ ин муллоҳо дар мадҳи Покистон, аъроби муфтхӯр ва ишратталаб, Амрикову Инглис, навҳасаройӣ мекарданд. Ҳар рӯз ҳукми ҷиҳод медоданд, ки натиҷааш куштор, қатл ва вайронӣ буд. Дар ҳоле ки мафҳуми ҷиҳод аввалан бояд мубтанӣ бар ризои Худованди мутаол бошад ва ниёту маром ва хости шахсии инсонҳо дар он нуҳуфта набошад. Дувум чӣ тавр имкон дорад, ки барои ихроҷи як куфр ва муқобила бо он, аз куфри дигаре кӯмак бигирад то замина барои ҳузури он дар сарзаминатон мусоид шавад?

Муллоҳои Афғонистонро бесаводтарин қишр, ҳатто дар мафоҳими умдаи дин ҳисоб мекунанд. Қишре, ки бо улуми асрӣ, сиёсат, таърих, фарҳанг, ҷомеашиносӣ ва иқтисод, бегонаанд ва Қуръонро манбае барои дарёфти пул ҳисоб мекунанд. Фақат Қуръонро дар хатмҳои мардум барои дарёфти пул мехонанд ва аз куҷо маълум, ки оёти Қуръони каримро ба тариқаи дуруст, бо риояти аҳкоми таҷвидӣ бихонанд ва онро комил кунанд! Ба ҳар сурат, моҳияти аслии муллоҳои Афғонистон инчунин аст, ки барои пулу имтиёзоти шахсӣ ҳар кореро анҷом медиҳанд. Ҳатто дину ақидаи худро мефурӯшанд.

Амрикоиҳо бо дарки хусусияти муллоҳои афғонистонӣ, нуқоти заъфашонро шинохтаанд ва ин қишри бесаводу фоқиди фаҳми сиёсиро ҳамвора дар хидмати манофеъи худ истихдом кардаанд. Ҳол бо истифода аз ҳамин муллоҳо, заминаи фароҳамоварии зеҳнияти мусбат барои баргашти ороми худро мусоид месозанд.

Муллоҳои бесаводи Афғонистон, ҳатто омӯзиши забонҳои хориҷиро низ ҳаром медонанд. Дар ҳоле ки паёми дин “иқро” аст. Дине, ки инсонро ба тааққул ва тафаккур во медорад ва мусалламан, ки тафаккур ва тааққул ба пасзаминаи мутолиа ва донишафрӯзӣ ниёз дорад, чӣ гуна бо омӯзишу фарогирии илм ва забон мухолиф бошанд? Ба ин ном, ин муллоҳо солҳо инсонҳоро такфир карданд. Ҳатто аз ҳудуди бандагӣ ва инсонии худ фаротар рафта ва худро дар мақоми худоӣ қарор доданд ва ҳукм карданд, ки кӣ ҷаннат меравад ва кӣ дӯзах.

Ин қишри муфтхӯр ва фосиди ҷомеа, аз мақому маснади Паёмбари гиромии ислом (с), истифодаи сӯ кардаанд. Ҳатто тарошидани ришро мутародиф бо куфр медонанд. Ин муллоҳои фоқид андешаву тафаккури инсонӣ, ҳатто натавонистаанд паёми аслии Қуръонро дарк кунанд ва аз шарри хостҳову матолиботи шахсии худро бираҳонанд ва дар ростои расондани паёми аслии дин, қадам бардоранд. Инҳо ба таври қатъӣ дар хидмати аҳдофи дигарон қарор доранд ва манофеъи шахсии худро муқаддамтар аз паёми аслии дин медонанд. Амрико ва соири кишварҳо низ аз ин фурсати ғанимат истифода бурда ва ин қишрро ҳамвора ба хидмат гирифтааст.

Ҳол тавтеае ба роҳ афтида, ки тавассути бегонаҳо ва як қишри муфтхӯру роҳатталаб ва савдогарони дину ақида пеш бурда мешавад ва нишон медиҳад, ки пайванди амиқе миёни ихвонизми таҳаҷҷургаро ва Амрико вуҷуд дорад. Ин муллоҳо заминаро барои эҷоди кинаву нафрат ва қутбӣ сохтани ҷомеаи Афғонистон мусоид сохтанд ва ин амр боис шуд то Амрико аз зери бори масъулияти ҳузури низомӣ берун биёяд ва ҳоло дубора ин қишр, барои ҳузури ором ва бедардисари ин кишвар дар Афғонистон бо истифода аз минбар ва ақидаи мардуми покдили Афғонистон, заминасозӣ мекунанд. Чун мардуми Афғонистон бештар аз ҳама ба ҳарфҳои муллоҳое, ки дар масоҷиду манобир ба суханронӣ мепардозанд, гӯш фаро медиҳанд ва онро як ҳукми динӣ медонанд.

Мардум бояд ҳушёр бошанд, ки паёми аслии дин, оромиш ва амнияти мардуми мусулмон ва дар истиснои ҳолотӣ, ҳамзистии мусолиматомез бо дигарон аст, ҷудо аз ин ки ба кадом ақида ва имоне ҳастанд. Бояд ҳушёр шавем ва ин дӯкондорони ақидаву динро аз зеҳниятҳои мо тард кунем. Бадили онро мутолиаи дин, фаҳми дурусти Қуръони карим ва касби дониши сиёсиву улуми асрӣ бисозем то аз шарри тавтеаҳои бештарашон дар амон бошем. Бояд бидонем, ки ин қишри муфтхӯр ҳамвора барои аҳдофи сиёсӣ аз номи дин истифода мекунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!