Амрикову муттаҳидонаш дар як таомули бадбинона дар қисмати Афғонистони пасотолибон иштироки мусовӣ доранд, дар ҳоле ки қудратҳои минтақа дар айни бадгумонии амниятӣ нисбат ба ниёти ҳамдигар дар тақобул бо ҳам қарор гирифтаанд.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Чаро минтақаву фароминтақа дар як бадбинии зеҳнӣ дар талоши бозии амниятӣ дар майдони Афғонистонанд? Ин саволро фақат назарияи муаммои амниятӣ метавонад посух диҳад, яъне дар асл чун мантиқи ҳоким бар рӯйкарди минтақаву фароминтақа дар марҳалаи пасоамрикоӣ дар Афғонистон, наввоқеъгароӣ аст, биноан, воқеъгароии нави таҳоҷумӣ ва тадофеъӣ дар як масири бо ҳам тақотуъ қарор мегиранд.
Ин вазъиятро муаммои амният мегӯянд, ки бозигар (А) барои ҳифзи амнияти худаш, даст ба издиёди иқдомоти амниятӣ мезанад, вале бозигар (Б), онро иқдоме дар ҷиҳати амниятзудоии худ мебинад. Вазъияти ҳоким ибтидо аз зеҳнияти бозигарони амниятӣ нисбат ба ҳамдигар шурӯъ мешавад, ки ба он созангорӣ низ гуфта мешавад, аммо замоне, ки зеҳниятҳо мунъакис дар амал мешаванд, вазъият амниять шуда ва муаммои амниятӣ ҳоким мешавад.
Ба баёни содатар, бунёди наввоқеъгароии тадофеъӣ баргирифта аз назарияи сиёсати байналмилалии Кеннет Валтс аст, ки иддао дорад, сохтори ошӯбзада ё анархияи низоми байналмилал давлатҳоро ташвиқ мекунад, то барои афзоиши амнияти худ ба иттихози сиёсати миёнарав ва мадороӣ рӯй оваранд. Дар муқобил, наввоқеъгароии таҳоҷумӣ иддао дорад, ки давлатҳо қудрати худро афзоиш медиҳанд то бо расидан ба султаву гегемония ба амният даст ёбанд. Ба назари воқеъгароёни тадофеъӣ, тавсеаталабии воқеъгароёни таҳоҷумӣ боиси вокуниши давлатҳое, ки хостори ҳифзи мувозинаи қудрат ҳастанд, мешавад, пас амнияти онҳоро коҳиш медиҳад. Воқеъгароии тадофеъӣ воқеияти ихтилоф миёни давлатҳо ё ангезаи давлатҳо барои тавсеаталабиро нафй намекунад, балки мӯътақид аст, ки ин гуна давлатҳо истисно ҳастанд.
Буҳрони Афғонистон маълули як муаммои амниятӣ аст, ки ба манзури ҳифзу густариши манофеъ миёни қудратҳои минтақаву фароминтақа ба вуҷуд омадааст. Ҳатто хурӯҷи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон ба мизони ҳузураш саволбарангез ва мояи тааҷҷуб барои қудратҳои минтақа буд. Ин ҳолат ҳанӯз ҳам бар зеҳниятҳои бозигарони матраҳи минтақаӣ ҳоким аст, ки чӣ тавр Амрико ҳозир шуд, Афғонистонро баъд аз ҳузури бистсола ва ҳазинасозии ҳангуфти моливу иқтисодӣ раҳо кунад.
Ин таҳлил метавонад дар ду маврид мадоқа гирад: аввал, аксарият бозигарони таъсиргузор бар амнияту сиёсати Афғонистон ҷойгоҳи минтақаӣ доранд, лиҳозо зеҳнияташон дар Афғонистон, таъсири мутақобил бар вазъияти Афғонистон дорад. Дувум: фароминтақа маҷбур аст барои таъқиби сиёсатҳои амниятиаш, даст ба домани минтақа шавад. Дар айни ҳол, ки вобастагии фароминтақа барои таъқиби сиёсатҳояш, башиддат ба минтақа дар ҳол афзоиш аст, минтақа низ дучори навъе аз бадбинӣ ва ё қисман хушбинӣ нисбат ба сиёсатҳои фароминтақа аст.
Ман ин мавзӯъро дар мақолаи "Ҳиндукуш дар Бозии Бузурги Ҷадид” ба тафсил нигоштаам, аммо манзур аз муаммои амниятӣ, ки дар мақолаи мазкур ба иҷмол аз он сухан рафтааст, чӣ аст? Асосан мантиқи муаммои амният, ҳолати бадбинии бозигарон дар як майдон ва барои ҳифзу густариши амнияташон аст, хоҳ ин талош таҳоҷумӣ бошад ва ё тадофеъӣ. Аммо агар бозигарони амниятӣ, ҳатто ҳузур дар майдони амниятӣ надошта бошанд ва ҳеҷ таҳдиде ҳам мутаваҷҷеҳи амнияташон набошад, зеҳнияти бад нисбат ба дигар бозигарон, вазъияти муаммои амниятро ҳоким месозад. Ин асосан чизе аст, ки дар робита ва таомули муттафиқини минтақаӣ, ҳоким аст, яъне он чиро, ки русҳо дар майдони Афғонистон, бозӣ мекунанд, мумкин барои ҳифзи амният ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ бошад, ки Маскав онро ҷиддӣ ташхис додааст. Дар ҳоле ки эрониҳо ва чиноииҳо, бо ҳисси бадбинӣ дар талоши расади онанд. Ҳамин қазия метавонад дар мавриди дигар бозигарони амниятӣ ҳоким бошад.
Биноан, он чи бозигарони амниятии матраҳ дар майдони Афғонистон, анҷом медиҳанд, хоҳ ин ки ин нақш амниятсоз бошад ва ё ғайри он ва ё ин ки бозигари А ва Б дар майдон дар таомули Толибон қарор дошта бошанд, бозигари Ҷ ҳатман барои таъқиби васвасаҳои амниятиаш, мантиқи муаммои амниятӣ бар зеҳнаш ҳоким мешавад. Ҳисси шаккокият ва нигаронии амниятӣ боис мешавад, то майдони амниятсозии масоили пурмоҷаро ва омехта аз тарфандҳои амниятӣ шавад ва кунишу вокуниши амниятӣ қутбҳои мухталифи амниятиро ба вуҷуд биоварад.
Ҳоло қазияи Афғонистон, ки бештар ҷанба ва дурнамои амниятӣ дорад, бозигарони амниятӣ дар он нақш бозӣ мекунанд ва зеҳнияти бозигарӣ ҳам дар он, бар мабнои мантиқи муаммои амният "бадбинии маҳзи амниятӣ ва ё баръакси он" аст, дучори навасони амниятӣ аст. Ҳамон тавре, ки дар мақолаи қаблӣ тазаккур додем, иллати ин ки сафи мушаххаси бозигарон маълум нест ва "мантиқи манфиати амниятӣ" дар он ғолиб аст, мутассир аз муаммои амниятӣ аст. Масалан, агар Чин дар канори Толибон ҳузур дорад, то манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиашро тазмин кунад, ин амалкарду равиш ба шакли худкор, бо рӯҳияи тазоду тақобул ва ҳисси бадбинӣ ба муаммои амниятӣ барои Русия, Эрон, Покистон ва Ҳинд мубаддал мешавад. Агар русҳо дар талоши таомули амниятӣ бо Толибонанд, сирфан масъалаи чиноиҳо нест, бал Эрон ва Русия дар андак мавориде ва он ҳам дар хусуси адами ҳузури Амрико дар минтақа табонӣ доранд.
Дар ҳоле ки, манофеъ мутазоди иқтисодӣ ва фикрӣ, амалан Теҳронро дар вазъияти муаммогуна барои русҳо қарор медиҳад, яъне идроки амниятӣ дар чунин ҳолате сирфан сибқати амниятӣ асту бас. Дар ҳоле, ки мумкин аст, Теҳрон нигоҳи бисёр мӯҳтотона нисбат ба вазъият ва манофеи амниятии русҳо дар Афғонистон дошта бошад, то бо он дар тақобули амниятӣ қарор нагирад, аммо русҳо ҳар хел амалкарди Теҳронро дар майдони Афғонистон амниятӣ мепиндоранд. Ин мушт намунаи харвор аст.
Дар як сатҳи бузургтар, минтақа дар баробари фароминтақа қарор мегирад ва айни мантиқ муаммои амниятӣ бар вазъият ҳоким мешавад. Дар ҳоле, ки дар сатҳи кӯчактар, ҳамсояҳо дар баробари минтақа қарор мегиранд. Ин ҷост, ки муаллифаҳои амниятсоз, дар тақобул бо муаммои амниятӣ дар миёни бозигарони амниятӣ, фоқиди асар мешаванд ва раванди амниятисозӣ ба масобаи зеҳнияти ҳокими яке аз аслитарин қоидаи ҳодири майдони бозӣ мешавад. Амрико, Англис ва Иттиҳодияи Аврупо, дар як таомули бадбинона дар қисмати Афғонистони пасотолибон иштироки мусовӣ доранд, дар ҳоле ки минтақа, ҳамонанди Туркия, Имороти Муттаҳида Арабӣ, Арабистон, Ҳинд ва Русия дар айни бадгумонии амниятӣ нисбат ба ниёти ҳамдигар, дар тақобул бо ҳам қарор доранд. Ҳамсояҳое ҳамонанди Эрон, Покистон, Чин ва Осиёи Марказӣ ҳар кадом, талошҳои амниятиро анҷом медиҳанд, то аз газанди рӯйкардҳои амниятии минтақа ва фароминтақа, масъун бимонанд.
То ин ҷойи кор масъаларо андак бо кӯмаки муаммои амниятӣ, ҳал кардем. Дар баҳси дигар, масъалаи код ва гени геополитикиро таҳти назар қарор дода ва саъй хоҳем кард, то ба истифода аз назарияҳои маҷмӯаи амнияти минтақаӣ, муаммои амниятӣ, амниятисозӣ ва созангорӣ, ба мушигофии бештар муъзали Афғонистон аз буъди амниятӣ бипардозем.