Сарнахи қатли оми Ғазза дар Амрико ва дар дасти Давлати Пинҳон (Deep State) аст.
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Чаро гуфтам, дар ақиби иқдоми Ҳамос нишонаҳои стратегияи “ошӯб”-и Амрико нуҳуфтааст?
Ҳар огоҳи низомӣ медонад, ки як қитъа замини маҳсур ба мисли Ғазза аз назари низомӣ ҳеҷ шонсе дар баробари урдуи то дандон мусаллаҳи Исроил надорад.
Яке аз авомили шикасти Саддом Ҳусайн дар ҷанги аввали Халиҷи Порс он буд, ки вай тамоми нерӯҳои асосиашро дар сарзамини кӯчак ва аз назари арозӣ ҳамвори Кувайт ҷо ба ҷо кард, ки ҳадафи соддаи Амрико ва муттаҳидони он қарор гирифт.
Амалиёти густурдаи Ҳамос алайҳи Исроилро дар ваҳлаи аввал ҷуз ҳамоқат ва худкушии низомӣ чизи дигаре наметавон номид.
Аммо нукоту пурсишҳои муҳими дигаре низ вуҷуд доранд, ки бояд ба онҳо таваҷҷуҳ шавад:
1 – Чӣ гуна Ҳамос дар Ғазза тавонист омодагиҳои кумандуӣ бигирад ва аз чашми истихбороти низомии Исроилу Амрико ба дур бимонад!?
2 - Филме, ки аз як майдони омӯзиши Ҳамос пахш шудааст, ба андозаи як майдони футбол аст ва барои он гуна амалиёти башиддат барномарезишуда андозаи он барои тамрини муназзами садҳо нафар дар беш аз як сол кифоят намекунад.
3 – Он ҳама чатрбозон бо параглайдерҳои муҷаҳҳаз ба парраву мотор дар куҷо омӯзиш диданд?
4 - Чаро дурбинҳои назоратии Исроил дар тамоми атрофи Ғазза аз кор афтоданд?
5 - Чаро пеш аз амалиёт як бахше аз нерӯҳои низомии Исроил аз минтақа хориҷ сохта шуданд?
6 - Чаро бо Ҳамос гурӯҳҳои дигар амалиёт намуданд ва бахшҳое аз ҷиноётро анҷом доданд?
7 - Чаро консерти ҷавонони чапии исроилӣ дар наздикии Ғазза баргузор шуд?
8 - Киҳо ба анбӯҳе аз ҷавонон шиллик карданд? – Ҳатто коршиносони низомии русӣ мегӯянд, ки бо “Калашников” AK47 як гурӯҳи кӯчаки террористӣ наметавонад дар муддати кӯтоҳ беш аз 250 нафарро бикушад ва иддаеро захмӣ намояд!
9 - Чаро истихбороти Исроил ба паёмҳои истихбороти Миср таваҷҷуҳ накард?
10 - Кӣ силоҳҳои амрикоии кӯмакӣ ба Украинаро ба даст Ҳамос расонд?
11 – Чӣ гуна Ҳамос тавонист аз метод ва тактикаи украинии амрикоии бакоргирии бомба ба кӯмаки паҳподҳои кӯчак истифода намояд? Русия як сол ниёз дошт, то он тактикаро биёмӯзад!
12 - Магар эъзоми нови низомии “Ҷералд Форд” ва киштиҳои ҳамроҳи он ва ба таъқиби он гусели нови низомии “Дуайт Эйзенҳауер” ва киштиҳои ҳамроҳи он тасодуфӣ буд?
Ва даҳҳо чарои дигар...
Рӯйдоди 7 октябри 2023 шабеҳи 11 сентябри 2001 аст, ки гурӯҳи кӯчаки вобаста ба СӣАйЭй, яъне Алқоида анҷом дод, то Амрико қудраташро бар ҷаҳон бигушояд.
***
Ин рӯйдод бар меҳвари доктринаи таҳоҷумии ҷадиди Амрико мутамаркиз аст, ки бояд ба Ховари Миёна баргардад. Чин, Русия ва муттаҳидони он Ғарбро дар Африқо ба чолиш кашидаанд ва барои бори нахуст лагоми “Бозии бузург”-ро дар он қора ба даст гирифтаанд.
Барномаи амрикоии эҷоди ошӯб дар минтақаи Қафқоз дар як тавофуқе аз пеш миёни Русия, Туркия, Эрон ва то андозае Ҳинд ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва Озарбойҷон кишвари муттаҳид гардид.
Талоши Амрико ва муттаҳидони аврупоии он барои кашондани Осиёи Миёна ба мадори барномаҳои зиддирусӣ ва чинӣ ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
***
Ҷои шак нест, ки Ҳамосро Исроил дар баробари Созмони озодибахши Фаластин тақвият ва бузург сохт. Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ду созмони башиддат вобаста ба истихбороти минтақаву ҷаҳонианд ва иқдомоти онҳо бидуни ҳимояти хориҷӣ мумкин набуда ва нахоҳад буд.
Дар ақиби амалиёти ахири Ҳамос ду ҳадафи ба куллӣ мутафовитро метавон дид:
Яке, кашондани Ҳизбуллоҳ, Сурия ва дар охир Эрон ба ҷанг бо Исроил,
ва дигар рондани Натаняҳу аз раҳбарии Исроил, зеро вай миёнаи бисёр хароб бо демократҳои Амрико дорад ва наметавонад ба кушоиши равобит бо кишварҳои арабӣ ба хости Кохи Сафед биравад.
Барнома бо чунон муҳосибаҳо оғоз гардид, аммо вокуниши шадиди нахуствазири Исроил бо бомбаборонҳои ҷинояткоронаи мардуми бедифоъи Ғазза боис гардид, ки барномаи Амрико шикаст бихӯрад. Маҳмуд Аббос, Ал-Сисӣ ва ҳатто дастнишондатарин подшоҳи араб, яъне шоҳи Урдун нахостанд бо Байден мулоқот кунанд.
Натаняҳу барои бақои худаш ба саркӯби то поёни Ҳамос ниёз дорад. На ба барномаҳои Амрико ё накӯҳиши ҷаҳонӣ мабнӣ ба иртикоби ҷиноёти ҷангӣ вайро боз хоҳад дошт. Зоиши Исроил бо ҷиноёти ҷангии он аз ибтидо аз ҳимояти давлатҳои “демократӣ” ва ҳомии “ҳуқуқ башар” бархӯрдор будааст ва он арзишҳо ба яҳудиҳо робита намегирад!
Ихтори ғайримустақими Путин ба Амрико мабнӣ бар парвози ҷангандаҳои русии муҷаҳҳаз ба мушакҳои “Кинжал” ё “Ханҷар” паёми равшан барои дифоъ аз муттаҳидони он - Эрон, Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дорад, аммо маълум нест, ки ҳамлаи Ҳамос ба ҷанги минтақае ва ҳастаӣ мубаддал хоҳад шуд ё хайр?!
***
Ҳамос гурӯҳи шабеҳи Толибон аст. Наметавон иқдоми онҳоро, ки мунҷар ба марги ҳазорон кӯдак, зан, ҷавон ва вайронии шаҳру зиндагии ду миллион инсон гардид, қаҳрамонӣ номид.
Мубориза барои раҳоӣ ва саодати мардуми хеш чунин нест, ки садҳо ҳазор инсони бегуноҳро ба коми марги ҷамъӣ фиристод!
Оё арзиши онро дошт, ки дар азои хуни яку ним ҳазор исроилӣ ва дусад гаравгон, даҳҳо ҳазор мардуми хешро, ки ҳеҷ гоҳ ҳозир ба қурбоние ончунонӣ набуданд, ба куштан дод?
Муҳимтар ин, ки он иқдом заминаи ҳузури сангини Амрико ва НАТО-ро дар минтақа афзоиш дод!
Аз ин ҳадди ақали фактҳо метавонам фарзияи худро чунин баён бидорам, ки дар ақиби амалиёти Ҳамос ва соири гурӯҳҳо, ки мунҷар ба генотсид ва ҷиноят алайҳи башарият шуд, як барномаи бузург нуҳуфта будааст!
Ба бовари ман, сарнахи ин ҷиноёт дар Амрико ва дар дасти Давлати Пинҳон (Deep State) аст. Таърихи равобити байналамилалӣ нишон медиҳад, ки тамоми давлатҳои гегемоник поёни мушобеҳе доштаанд, буҳрони дохилӣ ва хориҷӣ - гегемонияи Амрико низ аз он мустасно нест!