Хабари рӯз

Агар кишварҳои Осиёи Миёна ба ростӣ нигарони амнияти ҷамъии хешанд, ба гунаи якдаст аз Толибон фосила гирифта ва дар ҷиҳати ҳимояти неруҳои шимол гомҳои ҷиддии амалӣ бардоранд ва ба ин тартиб худро аз шарри қарибулвуқуъи он чӣ густариши хатари терроризм ба Осиёи Миёна хонда мешавад, наҷот диҳанд.

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари сиёсӣ, махсус барои Сангар

Дар 26 саратони 1396 (17 июли 2017) раҳбарони аҳзоби Ҷунбиш, Ҷамъият, Ваҳдат ва Иттиҳоди исломӣ ба раҳбарии устод Сайёф бо чанд ҷараёни сиёсии дигар, ки бо чӯби инҳисори Ғанӣ ронда шуда буданд, дар Туркия канори ҳам ҷамъ шуда ва “Шӯрои олии эътилоф барои наҷотӣ Афғонистон”-ро дар меҳварияти маршал Дӯстум эҷод карданд. Аз он Шӯро ба ҷуз чанд эъломияи вокунишӣ дар баробари рафторҳои саркӯбгарона ва инҳисорҷуёнаи Ғанӣ фаъолияти муассири дигаре дида нашуд ва саранҷом ба фаромӯшӣ супурда шуд.

Ҳоло дар 29 саври 1400 ҳамон аҳзоби ёдшуда ба иловаи чанд ҳизбу ҷараёни сиёсии дигар, ки бо чӯби саркӯб ва инҳисори Толибон ронда шудаанд, боз ҳам дар Туркия ва боз ҳам дар меҳвари маршал Дӯстум Шӯрои олии “муқовимат барои наҷоти Афғонистон”-ро эҷод кардаанд.

Агар ба исми Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон нигоҳ кунем, тафовут фақат дар ин аст, ки “муқовимат” ҷойи “эътилоф” нишастааст. Шӯрои олии эътилоф барои наҷоти Афғонистон ба Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон тағйири ном додааст!

Далоил ва ангезаҳои ташкили Шӯрои муқовимат барои наҷот, ҳамон далоилу ангезаҳои Шӯрои олии эътилофӣ аст. Аз назари таркиби аъзо, низ тафовути чашмгире миён ину он дида намешавад.

Чунонки дида шуд, Шӯрои олии эътилоф барои наҷот раҳ ба ҷое набурд. Оё Шӯрои олии муқовимат барои наҷот раҳ ба ҷое хоҳад буд?

Панҷ омили умдаи зер дар аз ҳам пошидани Шӯрои олии эътилофи наҷот барои Афғонистон, ки дар соли 1396 ташкил шуд, муассир дониста мешавад:

1 - адам тааҳҳуд ва пойбандии аъзои ташкилдиҳандаи шӯро ба иттиҳоду ҳамбастагии давомдор;

2 - худхоҳӣ ва ҷоҳталабии раҳбарони сиёсии ташкилдиҳандаи эътилоф;

3 - мавҷудияти беэътимодӣ ва нобоварии аъзо нисбат ба якдигар, ки аз гузаштаҳои дур миёни аҳзобу ҷараёнҳои сиёсии ташкилдиҳандаи эътилоф вуҷуд дошт;

4 - сустунсурии аъзои ташкилдиҳандаи эътилоф дар баробари васвасаҳо ва тавтиаҳое, ки аз сӯи ҳукумати Ғанӣ ба роҳ андохта шуд; Ва

5 - таъсирпазирии Шӯрои олии эътилофи наҷот аз мудохилоти берунӣ, бавежа Туркия.

Ҳоло пурсиш ин аст, ки Шӯрои олии муқовимат барои наҷоти Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба мушобеҳатҳое, ки дар далоилу ангезаҳо, аҳдоф ва таркиби аъзо дида мешавад, дар баробари хатароти эҳтимолие, ки аз ноҳияи авомили фавқуззикр мутаваҷҷеҳи ин Шӯро аст, чӣ тадобири пешгирикунандае санҷидаанд?

Баъд аз ташкили Шӯрои олии эътилоф барои наҷоти Афғонистон дида шуд, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар ду сатҳ - дохилӣ ва хориҷӣ - талошҳоеро ба манзури аз ҳам пошондани эътилофи мутазаккира оғоз кард.

 Дар сатҳи дохилӣ оқои Ғанӣ бо ҳар як аз аъзои ташкилдиҳандаи Шӯро музокироти сириро оғоз кард ва ба онон ваъда супурд, ки ҳар имтиёзе хоста бошанд, барояшон дар назар гирифта хоҳад шуд. Ҳарчанд имтиёзҳои ваъдашуда аксаран амалӣ нашуд. Дар берун аз кишвар Ғанӣ бо Туркияву Ӯзбекистон ва бархе аз кишварҳои дигар вориди тамос шуд, то аз тариқи имтиёздиҳӣ ба онон, ақабаи ҳимояти хориҷии Шӯроро аз байн бибарад.

 Ҳоло низ Толибон, ки аз машвараи Ғанӣ ва Карзай дар ҳамчу маворид бархӯрдоранд, талошҳоеро ба манзури аз ҳам пошидани Шӯрои олии муқовамат барои наҷоти Афғонистон оғоз хоҳанд кард. Эҷоди “Кумитаи тамос” ба манзури барқарории тамос бо мухолифини сиёсии Толибон дар берун аз кишвар талош ба манзури ташкили Луи Ҷирга ва музокироти сирриву алании Толибон бо Туркия ва бархе аз кишварҳои дигар, нишонаҳои ин талошҳо аст. Ин ки ин талошҳо чӣ натиҷае хоҳад дошт, бастагӣ ба ин дорад, ки аъзои ташкилдиҳандаи Шӯро чӣ дарсҳое аз гузашта гирифтаанд ва ин дарсҳо то чӣ ҳад тавониста дар иттихози тадобири пешгирона бозтоб дошта бошад.

Агар ба эъломияи нахустини Шӯрои олии муқовамат барои наҷоти Афғонистон нигариста шавад, дар ин эъломия нишонаҳои зиёди умедворкунанда дида намешавад. Ин эъломия нишондиҳандаи як ҳаракати ҷиддӣ, муттаҳидона, пайгирона ва ҳадафмандона нест. Эъломия то ин ки ба унвони як тарафи ҷангу мунозиа бо Толибон сухан бигӯяд, ба унвони як довари бетараф ба қазоё нигоҳ мекунад ва аз Толибон мехоҳад, ки бо ин Шӯро вориди музокира шавад. Низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал мехоҳад, ки Толибонро фишор диҳад. Мавзеъгирии эъломия бештар шабеҳи мавзеъгирии чанд нафар фаъоли ҳуқуқи башар ё чанд қурбонии ҷанг аст. Лаҳни эъломия хунсо аст ва аз эҳтимоли шаклгирии як ҳаракати нерӯманд дар баробари толиб сухан намегӯяд. Эъломия аз тааҳҳуди ҷиддӣ ва баргаштнопазири аъзои Шӯро дар ҳифзи ваҳдату ҳамбастагии миёни аъзо сухан намегӯяд.

 Гӯё аъзои Шӯро бо дили нохоста, таҳти фишор ва аз маҷбурияте, ки ба ангезаи дарунии аъзо чандон муртабит нест, гирди ҳам омада ва аз сари ночорӣ эъломияе содир кардаанд, то нишасташон беаҳамият ҷилва накунад. Эъломия бо агару магар ва шакку тардид оғоз мешавад. Авлавиятро ба гуфтугӯ бо толибоне медиҳад, ки ҳамин аъзои Шӯро ба хубӣ медонанд, ки онон аҳли гуфтугӯ нестанд. Камо ин, ки дар 9 моҳи гузашта, аъзои ҳамин Шӯро ба шакли инфиродиву ғайримустақим ва сиррӣ тамосҳое бо Толибон доштаанд, то магар саҳме дар ҳукумат барояшон дода шавад. Ин ҷамоат, 9 моҳ пеш низ ҳамин ҳарфро мезад, ки агар Толибон ҳукумати фарогир ташкил надиҳад (аъзои Шӯроро саҳм надиҳад) вазъият вахим хоҳад шуд. Ҳоло низ дар эъломияи Шӯро ҳамин ҳарф зада шуда ва ҳамин ҳарф дар нахуст зада шудааст.

Ба назар мерасад, ки Шӯрои олии муқовамат барои наҷот, мисли гузашта вобаста ва муаллиқ ба тасомими Туркия боқӣ хоҳад монд.

Туркия аз кишварҳое аст, ки равобити наздике бо Толибон дорад ва дар 9 моҳи гузашта, пайваста талош карда, то Толибонро мутақоид ба пазириши шуморе аз чеҳраҳои сиёсии мавриди назари худаш дар идораи Толибон намояд. Эҳтимолан ин талошҳо натиҷаи ризоятбахш надошта ва барои ҳамин Туркия тасмим гирифта, ки аъзои Шӯрои олии муқовамат барои наҷоти Афғонистонро вориди майдон намояд, то битавонад аз он минҳайси аҳроми фишор бар Толибон истифода кунад. Ҳамин нукта дарвоқеъ муҳимтарин омили осебпазирии шӯрои мутазаккира аст.

Суол ин аст, ки агар фардо Туркия бино ба ҳар далеле бо Толибон канор биёяд ва даст аз “эътилофсозӣ” алайҳи ин гурӯҳ бардорад, сарнавишти шӯрои мутазаккира ба куҷо хоҳад анҷомид? Оё ин Шӯро тавоноии инсиҷоми дарунӣ то он ҳадро дорад, ки бо вуҷуди бемайлии Туркия ба ҳимоят аз ин Шӯро, ба кораш идома диҳад ва пайгирона ва мутааҳҳидона дар ҷиҳати ҷанг бо Толибон гом бардорад? Посухи ин пурсиш агар бино ба таҷрибиёти гузашта бидиҳем, на хайр аст. Дар ғайри ин сурат, бояд мунтазири гузашти замон бимонем!

Аммо дар канори бадбиниҳо, аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ ташкилдиҳандаи Шӯрои олии муқовамат барои наҷот аз ҷараёнҳои сиёсии пурнуфуз дар шимоли кишвар ба шумор мераванд ва таҷоруби арзишманде дар ҷанг бо Толибонро низ дар корнома доранд. Иттиҳоди ин аҳзоб ва ҷараёнҳо як боистаи стротежик аст, аммо чунон ки гуфта шуд, ҳифзи иттиҳоди онон як амри душвор аст. Таҷриба нишон дода, ки дар мавқеъи ҳассосу буҳронӣ ин аҳзоб ба сӯйи ҳамгироӣ кашонида мешаванд, аммо ба зудӣ ҳамгироияшон ба вогироӣ тағйири шакл медиҳад. Ин аҳзобу ҷараёнҳо медонанд, ки аз сӯйи неруҳои тамомиятхоҳи ҷануб ҳамвора бо хатари саркӯбу нобудӣ мувоҷеҳанд, аммо гӯё ин хатар ҳеҷ гоҳ чунон дар назари онон ҷиддӣ талаққӣ нашуда, ки мунҷар ба иттиҳоди шикастнопазири онон гардад. Албатта, чунон ки гуфта шуд, як омили шикасти иттиҳоди онон хориҷӣ аст ва Туркия дар ин миён нақши мухаррибе бозӣ мекунад. Туркия гӯшачашмӣ ба ӯзбектборони Афғонистон дорад ва, албатта, тарҷеҳ медиҳад, ки худро дар ҷойгоҳи тасмимгир барои ояндаи сиёсии ӯзбектаборони Афғонистон қарор диҳад.

Туркия ҳизби Ҷунбиш ва маршал Дӯстумро, ки ҳоло ба ҳар тартибе намояндаи сиёсии ӯзбектаборон шинохта мешавад, гаҳе машвара ба ташкили эътилоф бо неруҳои сиёсии ғайрипаштун, ки мавозеъи оппозитсионӣ ва адолатхоҳона доранд, қарор медиҳад ва гаҳе машвара медиҳад, ки бо сиёсиюни тамомиятхоҳу мустабиди паштун муттаҳид шаванд. Ин бозӣ барои ҷараёни адолатхоҳӣ дар Афғонистон хеле зиёнбор аст ва монеъи шаклгирии як ҷараёни сиёсии неруманди оппозитсионӣ дар шимол мешавад.

Гӯё Туркия мутаваҷҷеҳи ин нукта аст, ки ӯзбекҳои Афғонистон иддаои бузурги гирифтани қудрати сиёсиро надоранд ва аммо “даъвои бузург”-и онон дар канори аҳзоби неруманди тоҷикӣ ва ҳазорагӣ кофӣ хоҳад буд, ки саҳми мутаносиб барои ӯзбекҳо чӣ дар як ҳокимияти паштунӣ ва чӣ як ҷараёни адолатхоҳи ғайрипаштунӣ дар назар гирифта шавад.

Ба таъбири дигар, Туркия аз мақулаи “шуд обӣ, нашуд лалмӣ” дар мувоҷеҳа бо нақши ӯзбекҳо дар сиёсати Афғонистон илҳом мегирад. Ӯзбекҳоро тақвияту ҳимоят кун ва ононро дар сафи адолатхоҳии ҷараёнҳои сиёсии неруманди шимол қарор бидеҳ, агар аз ин тариқ имкони боло омадани ӯзбекҳо дар калонсохтори қудрат ва сиёсат дар Афғонистон муяссар шуд, хуб, агар нашуд, имкони имтиёзгирӣ аз ҳукумат барои онон муяссар мегардад ва дар ҳар ҳол ҳукумат ҳозир хоҳад буд, саҳме ба ӯзбекҳо бидиҳад, ки мутаносиб ба нақшу нуфуси онон хоҳад буд.

Туркия медонад, ки паштунҳо қудратманд шудани ӯзбекҳоро чандон муҳтамал ва ҷиддӣ намеангоранд. Дарвоқеъ, рақобати аслӣ дар Афғонистон бар сари гирифтани қудрат миёни тоҷику паштун аст. Ӯзбекҳо ва ҳазораҳо аз назари паштунҳо ба танҳоӣ хатар талаққӣ намешаванд. Онон замоне барои паштунҳо хатарнок мешаванд, ки бо тоҷикҳо муттаҳид шаванд. Ин масоилро туркҳо ба хубӣ медонанд ва дар чанд даҳаи ахир бозиҳои худро бар асоси чунин фаҳме устувор кардаанд. Онон эътилофе аз аҳзоби ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва ҳазорагӣ эҷод мекунанд ва сипас бо паштунҳо вориди тамос шуда ва аз онон барои ӯзбекҳои Афғонистону барои худ саҳм мехоҳанд, агар паштунҳо саҳм доданд,- ки аксаран додаанд - чӣ беҳтар, агар саҳм надоданд, Туркия талош мекунад, ки эътилофи шимол алайҳи ҳокимиятҳои паштунӣ қудратманд шавад.

Чунон ки ишора шуд, иттиҳоди аҳзоби тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва ҳазорагӣ омили наҷоти онон аз барномаи ҳазфу саркӯб аст, ки ҳокимони паштун дар як сад соли ахир онро пайваста дунбол кардаанд. Аммо дахолати як омили беруниву сусту бекора кардани иттиҳоди ақвому аҳзоби ғайриштунии шимолӣ, боиси аз байн рафтани эътимод миёни ин аҳзобу ақвом шуда ва ин калонтарин зарбаи неруҳои шимол аст. Агар ин неруҳо маҷол дода шаванд, ки ба муқтазои таҳдидҳои дохилие, ки мутаваҷҷеҳи мардумашон аст, бо ҳам муттаҳид шуда ва дар ҷиҳати ҳифзи иттиҳод ба гунаи мудовим бикӯшанд, тумори истибдоду инҳисор ва фашизми паштуние, ки ҳоло бо терроризми миллӣ ва байнулмилалӣ ҳам омехта шуда, дарҳам печида хоҳад шуд.

Ҷолиб аст бидонем, ки вақте эътилофи наҷот барои Афғонистон 4 сол пеш дар Туркия эҷод шуд, аз неруманд шудани ДОИШ ва соири гурӯҳҳои террористӣ дар шимол ба унвони як таҳдиди ҷиддии эҳтимолӣ сухан гуфт ва тасреҳ кард, ки агар неруҳои бумии шимол муттаҳид нашаванд, шимоли Афғонистон ба як минтақаи ҷангӣ мубаддал шуда ва барои Осиёи Миёна низ хатарҳои ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.

Ҳоло ин таҳдид бо таваҷҷуҳ ба афтодани идораи кишвар дасти Толибон ба унвони як гурӯҳи ҳамсӯ ва ҳамкори ДОИШ ҷидитар аз пеш шуда ва ин таҳдид дарвоқеъ бештар мутаваҷҷеҳи кишварҳои Осиёи Миёна аст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки агар кишварҳои Осиёи Миёна ба ростӣ нигарони амнияти ҷамъии хешанд, ба гунаи якдаст аз Толибон фосила гирифта ва дар ҷиҳати ҳимояти неруҳои шимол гомҳои ҷиддии амалӣ бардоранд ва ба ин тартиб худро аз шарри қарибулвуқуъи он чӣ густариши хатари терроризм ба Осиёи Миёна хонда мешавад, наҷот диҳанд. Ин кор аз тариқи тақвияти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Шӯрои олии муқовамат барои наҷот Афғонистон аст.

Албатта, лозимаи ин кор ин аст, ки бо Туркия низ ҷиддиву сареҳ суҳбат шавад, ки аз бозиҳои чандпаҳлӯи хатарнок, ки як бахши он зери сақфи НАТО созмондеҳӣ мешавад ва як бахши дигар иддаи дӯстӣ бо ақвоми зери ситам дар Афғонистонро ядак мекашад, парҳез кунад. Дар воқеъ, агар кишварҳои Осиёи Миёна дасти Туркияро дар эътилофсозиҳои шимол кӯтоҳ накунанд, хатар ба содагӣ рафъ шуданӣ нест.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!