Кишварҳои ғарбӣ ба музокироти сулҳ ё оташбас дар Украина ва барои амнияти мардуми Украина ҳеҷ аҳамияте қоил нестанд
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар (Олмон)
"... Бо гомҳое, ки қаблан бардоштаем пешбинӣ мешавад, ки танҳо дар соли ҷорӣ тавлиди нохолиси дохилии Русияро ҳадди ақал даҳ дарсад коҳиш ёбад. Мо Амрико ҳастем, мо Русияро хафа мекунем... Танҳо як сол таҳримҳои мо ба қимати 15 сол пешрафт дар иқтисоди Русия тамом мешавад, зеро мо Русияро аз фанновариҳои муҳиме, ки барои рақобат дар қарни 21 маврид ниёз аст, маҳрум мекунем. Мо тавоноии Русия ва рушди иқтисодии онро барои солҳои оянда хафа хоҳем кард..."
Аз ин изҳорот хасмона ва хатарнок Ҷу Байден раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чӣ метавон фаҳмид? Софу содда - ҷангафрӯзӣ ва буҳронофаринии ҷадид дар минтақаи дигаре аз кураи замин, ки метавонад ҳатто мунҷар ба ҷанги севуми ҷаҳонӣ шавад ҷанге, ки дар он ҳеҷ барандае вуҷуд нахоҳад дошт.
Имрӯз ҳама медонанд, ки мақомоти амрикоӣ бо лаффозиҳо, таблиғоти давомдор ва бо истифода аз тамоми имконот аз ҷумла таҳти фишор қарор додани аврупоиён, мехоҳанд бо давомдор кардани буҳрони Украина, тавлидоти низомӣ ва энержии содиротии худро ба бозорҳои пурдаромади Аврупо арза намоянд.
Ба бовари аксари нозирон, Вашингтон дар ин даргирии найзамонанд даргириҳо дар Шарқи Миёна, Сурия, Ироқ, Либия, Афғонистон ва стратегияи исломҳаросӣ ва эронҳаросиаш; ҳисоби бузург ва дарозмуддате ба нафъи худ боз кардааст. Ҳам акнун бозорҳои фурӯши энержӣ ва фурӯши таҷҳизоти маргбори низомии Амрико барои Аврупои сарватманд, гармтар аз пеш шуда, кишварҳои аврупоӣ қарордодҳои хариди силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ ба арзиши садҳо миллиард доллар аз Амрикоро, ки шомили ҷетҳои ҷангии гаронқимати F - 35, ракетаҳои мутанаввеъ ва системҳои дифоъи ҳавоӣ, бахусус дифоъ дар баробари ракетҳои баллистикӣ, паҳбодҳои пешрафта, ракетаҳои зиддиҳавоии “Стингер”, ракетаҳои зиддитонки Ҷавелин ва соири васоиту таҷҳизоти марговар мешавад, яке пушти дигар ақд намуда ва мунтазири дарёфти онҳо ҳастанд.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ ва мустанад хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, акнун ҳама ва ҳатто аврупоиён ба ин ҳақиқат пай бурдаанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба далели судҷӯиҳояш ба ҷойи кӯмак ба хатми ҷанг, ин даргирии вайронгарро бештар доман мезанад. Акнун ҳатто бархе аз намояндагони парлумон аврупоӣ чун оқои Хлор Доли як тан аз намояндагони саршинос парлумони Аврупо ба сароҳат мегӯянд, ки: "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад Русияро тазъиф ва Аврупоро бештар вобаста ба энержӣ ва саноати низомии худ созад. Ба бовари ин мақоми парлумонии Аврупо, дар ин ҷанг, аврупоиён ҳам баҳои сангине хоҳанд пардохт." Ӯ дар нишасти ахири парлумони Аврупо дар Страсбург ба сароҳат ёдовар шуд, ки бархе аз мақомоти амрикоӣ ҳатто хоҳони варшикастагии саноат дар бархе кишварҳои аврупоӣ, бавежа Олмон ҳастанд то рақиби тиҷории қудратманде дар баробрашон дар Аврупо ҳам вуҷуд надошта бошад.
Ниятҳои хасмонаи Амрико ва НАТО-ро дар изҳорот тунду сареҳ "Вонг И", вазири умури хориҷаи Чин ҳам метавон ёфт, ки ахиран гуфтааст: "Амрико ва кишварҳои ғарбӣ қасд доранд аз Украина ба унвони "гӯшти дами тӯп" ба манзури тазъифи Русия истифода кунанд”. Ӯ гуфтааст: "...бархе аз қудратҳои бузург, ҳеҷ кӯмаке барои ҳаллу фасли ин муноқиша ё пешбурди гуфтугӯҳои сулҳ намекунанд. Онҳо дар талошанд то аз ин буҳрон барои тазъифи Русия ва мубориза бо ин кишвар то охирин фарди украинӣ истифода кунанд."
Ӯ ба таъкид изҳор доштааст, ки “бисёре кишварҳои ғарбӣ ба музокироти сулҳ ё оташбас дар Украина ва барои амнияти мардуми Украина ҳеҷ аҳамияте қоил нестанд ва танҳо аз ин кишвару вазъияти ба вуҷуд омада барои қонеъ кардани ҷоҳталабиҳои султагароёна, судҷӯёна ва аҳдофи геополотикии худ истифода мекунанд..."
Ҳақоиқ нишон медиҳад, ки ҷанги Украина дар воқеъ ҷанги Амрико ва НАТО бо Русия аст, ки метавонад ба нобасомониҳо дар Аврупо ва кулли ҷаҳон мунҷар шуда, қутббандиҳои низоми сиёсӣ дар ҷаҳонро аз нав рақам бизанад.