Хабари рӯз

Дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон на сулҳе дар пешрӯ аст ва на ҳам эҷоди давлат ва ё ҳокимияте, балки баракс фақр бояд ташдид ёбад ва ҷанги дохилӣ ҳам мардумро дар дохил ба табоҳии бештар бибарад ва ҳам бесуботиро дар минтақа афзоиш диҳад. Ончи вуҷуд надорад, “хиради сиёсӣ” аст!

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури байнулмилал, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Дар 20 соли ахир, тамоми шахсиятҳои сиёсӣ дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон беш аз ҳар чизи дигар бо бӯи доллар ошно будаанд, ҳатто насли ҷавони башиддат ноогоҳи сиёсиро чизе дигар ба ҷуз аз насли доллар ва иксел Exel наметавон номид.

Ҳадафи ҳамаи ин тоифа яксон ва танҳо сарватандӯзӣ будааст, то доштани як доияи бузург ва мушаххас барои ватан ва мардуми хеш. Ҳеҷ "сиёсатбоз"-ро аз аср амрикоиҳоро наметавон ёфт, ки орзуи баргашт ба “вазъият”-и пешин бо Қонуни Асосии “ҷумҳурӣ”-ро надошта бошад, яъне ҳамон низом бо фасоди он.

Аксари онҳо дар муқоиса бо Толибон шиори исломи мӯътадилро дар баробари исломи ифротӣ матраҳ мекунанд, ки на абдоъ аст ва на ҳам ҷаззоб. Ин ҳама шиорҳо танҳо ва танҳо барои мухотибон ғарбӣ дилчасп мебошад, ки дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон барои стратегияи Осиёи Миёна башиддат ба нерӯҳои ниёбатӣ аз ақвоми, бавежа тоҷику турктабор ниёз доранд.

Пас аз хурӯҷи боаҷала аз Кобул, ғарбиҳо дар раъси Иёлоти муттаҳидаи Амрико мехоҳанд аз он ҷуғрофия сирф барои бесуботии минтақа ва эҷоди дардисари бузург барои Чину Русия то марзи тазъифи онҳо истифода кунанд.

Дар ин бозӣ фоидаи мардумони мо дар куҷост?

Арчанд дар ҳеҷ куҷо аммо бахши бузурге аз нерӯҳои мухолифи Толибон ҳозиранд дар барномаи бузурги стратегии Амрико ва Бритониё худро шарик бисозанд ва хидматеро дар ивази дарёфти ҳимояти молӣ ва низомӣ анҷом диҳанд. Онҳо аз буъди муомилаҳои бозорӣ ба ин дарки ғаризе расидаанд, ки гови ширӣ”-и амрикоӣ дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, ки битавонад монеъи ихтилол дар эҷоди назми ҷадиди ҷаҳонӣ” шавад, шир ба гунаи пул медиҳад.

Бидуни шак, ҷуғрофияе ба номи Афғонистон яке аз он нуқоте аст, ки дар он “Бозии бузурги ҷадид” дар ҷануби Авруосиё тоза дар ҳоли шаклгирӣ аст. Бояд мутмаин буд, ки дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон на сулҳе дар пешрӯ аст ва на ҳам эҷоди давлат ва ё ҳокимияте, балки баракс фақр бояд ташдид ёбад ва ҷанги дохилӣ ҳам мардумро дар дохил ба табоҳии бештар бибарад ва ҳам бесуботиро дар минтақа афзоиш диҳад.

Он чиро, ки дар ақиби он метавон аз ҳамин акнун дид иборат аз сарозер шудани пул, силоҳ ҳам барои ошӯб дар минтақа ва ҳам сарватандӯзӣ барои иддаи маъдуде, ки дар нақши раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи ниёбатӣ ҳузур медошта бошанд.

Сарватандӯзӣ аз масири ҷанг як ҳарфи дерина аст ва ҳеҷ ҳадафе ҷуз мафиягариро таъқиб намекунад! Чунончи дида мешавад муқоваматгарӣ ба сӯи нерӯҳои аҷири ҷангии дар ҳоли ҳаракату истиҳола аст, ки чизи дигаре ба ҷуз аз дасти дарози ҷангҳои ниёбатии Ғарб нахоҳанд буд.

Руспигарии сиёсӣ як фарҳанги ҳоким дар миёни сиёсатбозон дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон мубаддал шудааст ва маҳсули ҳузури Ғарб дар ду даҳаи гузашта мебошад. Руспиҳои сиёсӣ танҳо як ҳадаф доштаанд яъне хуш нигаҳ доштани дили ҳомиён ва муштариён, бурун аз он ба чизи дигаре намеандешиданд.

Дар бозор рақобати руспигарии сиёси дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон, Толибон дасти баландтар аз ҳама доранд. Инро ғарбиҳо ҳам ба хубӣ медонанд, ба ҳамин хотир, бо Толибон бештар дохили таомуланд.

Аз сӯи дигар ақибгоҳи Толибонро лобиҳои донишомӯхтаи паштунтбор ташкил медиҳанд, ки дар ҳар арса садҳо кадр дар ҷавомеъи ғарбӣ доранд. Дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико лобиҳои паштунтбор барои муддатҳои зиёд берақиб боқӣ хоҳанд монд!

Дар “Бозии бузурги ҷадид, ки тоза оғоз гардида ва дарвоқеъ мавзӯъи бақои Ғарб дар як сӯ ва Чину Русия дар сӯи дигар матраҳ аст. Интихоби ҳомӣ аз ҳар як аз инҳо ба маънои нодонӣ дар сиёсат аст.

Танҳо манёвр дар байни ҳама тарафҳо ва ҷалби ҳимояти ҳама метавонад роҳи наҷот бошад, аммо ин кор дар имкон ва доираи фаҳми муқовиматгарон нест. Толибон бо ақабаи лобиҳо, ин баргро хеле хуб бозӣ мекунанд.

Муқовиматгарон чун камтар бо зарофатҳои сиёсӣ баладият доранд, аз ин рӯ, дида мешавад пайваста иштибоҳ мекунанд. Дар набуди барномаи равшан, ғарбгароӣ ва зиддиғарбгароӣ, монанди шамшери Домоклус бар фарози сари муқовиматгарон қарор дорад, ки ҳар замон метавонад дар миёни онҳо дупорчагӣ ба вуҷуд овард.

“Бехирадии сиёсӣ” ҳамеша товонҳои ҷуброннопазир ба ҳамроҳ дорад!


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!