Хабари рӯз

Дар ин самт талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро метавон муассир арзёбӣ кард?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Афғонистон як кишвари начандон калон буда, 40 миллион нафар нуфуз дорад ва масоҳаташ ҳамагӣ беш аз 650 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. Вале тӯли чандин солҳост, ки ин кишвар аз рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои амният берун намондааст, зеро он бузургтарин манбаи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мебошад.

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва махсусан ба Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштараки тӯлонӣ дорад, масъалаи ин кишвар ҳамчун таҳдиди асосии амниятӣ боқӣ мемонад. Оё талошҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала анҷом медиҳад, барои “ зиндагии осоиштаи” мардуми минтақа кофист?

 

Бовар карда мешавад?

Яке аз ташаббусҳои охирин, ки ба таъмини амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон равона карда шудааст, пешниҳоди раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар бораи дар шаҳри Алмаато таъсис додани Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мебошад.

Созмони Милали Муттаҳид, ки қариб ҳамаи давлатҳои соҳибихтиёри ҷаҳон ба он шомиланд, шуруъ аз миёнаҳои асри гузашта дар таъмини амнияти байналхалқӣ нақши калон мебозад. Созмони Милали Муттаҳид пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъсис дода шуда, ҳадафи асосии он пешгирӣ кардани ҷангҳои оянда буд, аммо имрӯз ин созмон ба ғайр аз таъмини сулҳу амният, инчунин, рушди муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо, ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилотҳои байналмилалӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсонро ҳамчун ҳадафи асосии худ қарор дода, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки ҳамчун як маркази ҳамгироии  амалҳои кишварҳои гуногун хизмат кунад.

Созмони Милали Муттаҳид 17 ҳадафи рушди устуворро то соли 2030 муайян кардааст, аз ҷумла аз байн бурдани камбизоатӣ дар ҳама шаклҳояш, аз байн бурдани гуруснагӣ ва мусоидат ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мусоидат ба некӯаҳволии тамоми одамон, таъмини таҳсилоти умумӣ ва босифат.

Аммо имрӯз бештар андешаи сиёсатмадорони мухталифро дар бораи он, ки СММ нақши худро ҳамчун миёнарави мустақил дар сиёсати байналмилалӣ аз даст дода ва ба як абзори таъсиррасонии Ғарб табдил ёфтааст, шунидан мумкин мебошад. Созмони Милали Муттаҳид бисёр муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусиро дар бар мегирад, ки расман мустақил ҳастанд, вале таҳти сарпарастии ин созмон фаъолият бурда, дар асл манфиатҳои иттиҳодияҳои фаромиллӣ ва элитаи сиёсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебаранд. Ин ниҳодҳо, аз ҷумла аз сабаби ношаффофии фаъолияташон ва номутавозунии кадрӣ бо ҳукмфармоии намояндагони кишварҳои Ғарб эътимодро ба вуҷуд намеоранд (сазовори эътимод нестанд), идораи асосии котиботи СММ дар Ню Йорк ва аз се шуъбаи он дутоаш дар Аврупо ҷойгир аст. Бо назардошти ин, изҳороти президенти Қазоқистон дар мавриди он, ки онҳо дар таъсиси Маркази зикршуда ба дастгирии ИМА умед мебанданд, нигарониҳоро ба вуҷуд меорад, ҳадди ақал аз сабаби беҳуда будани ин кӯшишҳо ва ҳадди аксар аз сабаби он, ки ин марказ боз як воситаи фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

"Ҳукумати Толибон на ба он манфиатдоранд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ё кишварҳои дигар тавассути СММ лоиҳаҳоро дар Афғонистон пешниҳод кунанд ё амалӣ гардонанд. Онҳо пеш аз ҳама, манфиатдоранд, ки узви ҳукумати Толибон дар СММ муаррифӣ ва эътироф карда шаванд. То ҳол манфиатҳои Афғонистонро дар СММ намояндаи ҳукумати собиқи Ашраф Ғанӣ ҳимоя мекунад. Дар ин ҳолат, ҳама талошҳо ва ташаббусҳои Афғонистон дар СММ беҳуда мебошанд, зеро онҳо дар ҳар сурат амалӣ нахоҳанд шуд.” -  мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов.

Коршинос қайд мекунад, ки дар масъалаи амнияти Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бовар кардан мумкин нест: «Дар ин бора худи ҳукумати Толибон низ изҳор медорад - ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ гоҳ-гоҳ дар болои қаламрави Афғонистон парвоз карда, маълумот ҷамъоварӣ мекунанд ва бо ин роҳ ИМА кӯшиш мекунад вазъ дар Афғонистонро зери назорати худ нигоҳ дорад. Яъне ИМА дар Афғонистон асосан тадбирҳо барои фишороварӣ ва зери назорат нигоҳ доштани вазъият меандешад. Мо дарк мекунем, ки ҳузури ИМА дар минтақа хусусияти харобиовар дорад, аммо комилан рӯшан нест, ки Толибон имрӯз аз нуфузи ИМА то чӣ андоза мустақиланд – ба эҳтимоли зиёд, онҳо аз Амрико тамоман канда нашудаанд ва ҳанӯзам муколамаро идома медиҳанд.”

 

Номуаяйнӣ

Ба ақидаи коршинос Фаридун Усмонов, маҳз ба далели он, ки Русия низ дар ин ҳолат муколама бо Толибонро муҳим мешуморад, наметавон гуфт, ки сиёсати ин кишвар нисбат ба Афғонистон дуруст аст: “Барои кишварҳои минтақа, бахусус барои Тоҷикистон муҳим он аст, ки Афғонистон ба як давлати амну ором табдил ёфта, ба тақсимнопазирии ҳудудии кишварҳои ҳамсояаш таҳдид накунад, дар минтақа фазои манфӣ эҷод накунад ва кишвари дорои ҳукумати демократӣ бошад. Ҳукумати Толибон ба таври демократӣ интихоб нашудааст, онҳо бо роҳи низомӣ ба сари қудрат омаданд, мардумро куштанд ва барои тамоми минтақа таҳдид эҷод карданд. Аз нуқтаи назари Тоҷикистон, барои муколама бо ҳукумати Афғонистон пеш аз ҳама, бояд дар ин кишвар ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ташкил карда шавад. Аммо дар Афғонистон имрӯз фаъолияти тамоми ҳизбҳои сиёсӣ мамнӯъ аст, яъне дар ин кишвар ҳаёти сиёсӣ вуҷуд надорад. Пас дар бораи  муколамаи дипломатӣ ҳоҷат ба сухан гуфтан нест.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ташаббусро оид ба таъини фиристодаи вижаи СММ барои Афғонистон пешбарӣ кард, ҳарчанд ин вазифа аллакай аз ҷониби намояндаи махсуси Дабири Кулл оид ба Афғонистон дар доираи Миссияи махсуси СММ иҷро шуда истодааст. Маълум аст, ки ин танҳо эҷоди як фишанги иловагии таъсиррасонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар масъалаҳои Афғонистон мебошад.

Илова бар ин, то ҳол комилан рӯшан нест, ки ҳукумати Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 3 сол пеш дар Қатар дар мавриди чӣ ба мувофиқа расида буданд? Ва вақте сухан дар бораи иқдомҳои Русия  дар масоили муколама бо Толибон меравад,  пас, ба андешаи ман, Русия бояд бо шарикони худ якҷоя амал кунад".

Дар ин ҳангом, Русия барои аз бӯҳрон баровардани Афғонистон ва фароҳам овардани фазои амн дар минтақа густариши муколамаи корӣ бо Толибонро яке аз тадбирҳои зарурӣ меҳисобад, зеро дар ҳоли ҳозир Толибон ягона нерӯи сиёсии ҳукфармо дар Афғонистон мебошанд. “Дар мулоқотҳои худ бо намояндагони Толибон, мо онҳоро ба ҳалли ҳарчи зудтари вазифаҳои аз ҷониби онҳо ба тамоми ҷаҳон эълоншуда даъват менамоем, аз ҷумла ташаккули ҳукумати мутавозини этносиёсӣ, тақвияти чораҳо барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон барои ҳамаи халқҳои сокини Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон” – мегӯяд Фаридун Усмонов.

Кам кардани хатарҳои аз ҷониби Афғонистон бароянда – вазифаи асосӣ ҳам дар доираи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ва ҳам дар доираи ҳамгироии минтақавӣ, аз қабили СААД, ба ҳисоб меравад. Фаъолияти кунунии ин созмон баргузории мунтазами амалиётҳои зиддитеррористӣ, машқҳои муштараки низомӣ оид ба тамрини амалҳои ҳамоҳангшуда дар ҳолати ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин, чораҳои васеъмиқёс барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро пешбинӣ мекунад.

Ба андешаи мақомоти Русия, мушкили Афғонистон, пеш аз ҳама, вазифаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст ва барои Русия муҳим аст, ки дар ин кишвар сулҳу истиқлол бошад ва аз қаламрави он ба кишварҳои сеюм таҳдидҳо бар наоянд.”

 

Манфиатҳои шахсӣ

Дар ҳамин ҳол чунин вазъ ба манфиати геополитикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки тайи 20 соли ҳузури низомии худ дар Афғонистон на танҳо терроризмро аз байн набурд, балки кишварро ба бӯҳрони кунунӣ гирифтор кард, мувофиқат мекунад, зеро он ба Амрико имкон медиҳад, ки ба кишварҳои минтақа ва муносибатҳои онҳо бо Русия таъсир расонад.

«Масъалаҳои амнияти минтақа ҳанӯзам ҳалли худро наёфтааст ва вазъ ноустувор боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, дар фаъолияти созмонҳое, ки вазифаашон беҳбудии вазъ дар Афғонистон аст, манфиатҳои кишварҳои минтақаро низ ба инобат гирифтан муҳим аст”- коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Аксари лоиҳаҳои Амрико дар минтақа, инчунин, хоҳиши иштирок дар ҳалли мушкилоти Афғонистон,  ки бо баҳонаи аҳамияти иҷтимоӣ доштан рӯйпӯш карда шудаанд, дар асл ба пешбурди рӯзномаи худ дар минтақа нигаронида шудаанд. Аҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ин кор нақши ҷаҳонӣ мебозад ва лоиҳаҳои гуногуни «демократиро» дар саросари ҷаҳон маблағгузорӣ мекунад. 3 сол пеш филиали ин созмон дар Қазоқистон (KazAID) кушода шуд. KazAID - як маркази назорат барои тамоми минтақа мебошад. Солҳои охир, бо сабаби афзоиши зарурати таблиғи рӯзномаи зидди Русия, маблағгузории лоиҳаҳо дар минтақа низ беш аз 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Ин маблағҳо асосан барои ташаккули захираҳои иттилоотии "дуруст" сарф карда мешаванд. Бо ҳамин мақсад, барномаҳои махсус, ба монанди " Media camp" ё "Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ" амалӣ карда мешаванд, ки тавассути ин барномаҳо журналистонро бо дастурҳои барои онҳо зарурӣ, инчунин, аз байни ҷавонон ҳамоҳангсозонро дар ҳолати сар задани нооромиҳо дар кишварҳои минтақа “омода” мекунанд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кайҳо боз дар минтақа як шабакаи созмонҳои ғайридавлатии маҳаллиро таъсис додааст, ки ба манфиати сиёсати ИМА амал мекунанд. Касе, ки пул медиҳад, мусиқиро низ фармоиш  медиҳад: мувофиқан, агар роҳбарияти ИМА фаъолияти ин созмонҳои ғайридавлатиро маблағгузорӣ кунад, пас табиист, ки онҳо барномаҳои барои Амрико ҷолибро таблиғ мекунанд. Ба ин аз ҷумла ба лоиҳаҳое, ки дар Афғонистон амалӣ карда мешаванд, таалуқ дорад.

Иёлоти Муттаҳида дар соли 2023 барои фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва пешбурди “демократия” дар кишварҳои ИДМ беш аз 300 миллион доллар ҷудо кардааст.

Барои пеша кардани ин роҳ изҳоротҳо ва эъломияҳои алоҳида кофӣ нестанд - ҳама кишварҳои минтақа, ки ба пешбурди рӯзномаи худ манфиатдоранд, бояд маблағҳои бештар ҷудо кунанд, то дар ояндаи наздик дар Афғонистон ҳукумати мувофиқ ва фарогир таъсис дода шавад. Барои ин кишварҳои минтақа бояд дар ин самт якҷоя амал кунанд. Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки Афғонистон як мушкили дохилиминтақавии СҲШ мебошад, зеро ҳамаи кишварҳои ҳамсарҳади он, ба ғайр аз Туркманистон, аъзои ин созмон мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай бояд ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад ва маблағгузории ҳалли мушкилотҳои ин кишварро ба зиммаи худ гирад. Барои ин маҳз таъсиси сохторҳо ва созмонҳои ғайритиҷоратии алоҳида зарур аст, ки барои ба зӯдӣ барқарор кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон нигаронида шуда бошанд”.

Гуногунии андешаҳо дар бораи тадбирҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати мушкилоти Афғонистон пешгирифташуда танҳо мураккабии ин масъала ва зарурати муносибати ҳамаҷонибаро, инчунин, муттаҳид кардани кӯшишҳои кишварҳоеро, ки нисбат ба Афғонистон манфиатҳои умумӣ доранд, тасдиқ мекунад.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!