Хабари рӯз

Амрико ҷойгузини раисҷумҳури Украинаро пайдо кард.

Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Давлати Ҷозеф Байден дар пасзаминаи марҳалаи фаъоли омодагӣ барои интихоботи раёсатиҷумҳурӣ ба думболи роҳҳое барои поён додан ба даргирӣ дар Украина ва оғози раванди музокирот аст.

Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир бар Владимир Зеленский фишор оварда ва ӯро ба ёфтани роҳҳое барои оғози музокироти сулҳ бо Русия савқ медиҳад. Ба ҳамин манзур буд, ки Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико дар моҳи майи соли ҷорӣ ба шаҳри Киев омад ва раванди "иҷбор ба сулҳ"-ро ба роҳ андохт. Пас аз ин, бисёре аз тамосҳои сатҳи болои Иёлоти Муттаҳидаву Украина сурат гирифт, ки ҳамчунин як ҳадафи воқеӣ дошт - фишор додан бар Киев барои оғози раванди музокира бо Маскав.

Воқеият ин аст, ки ҳимояти бесобиқаи Амрико аз Украина бо фуқдони пирӯзӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар майдони набард ҳамроҳ аст, ки ба оромӣ, аммо мутмаиннан шаҳракҳоро яке пас аз дигаре раҳо мекунанд ва теъдоди зиёде аз афсарону сарбозони худро аз даст медиҳанд.

Ин вазъият бар вазъияти сиёсии дохили Иёлоти Муттаҳида ва рутбаи Ҷо Байден дар остонаи интихоботи раёсатиҷумҳурӣ таъсири манфӣ мегузорад. Дар натиҷа, норизоиятии Вашингтон аз Владимир Зеленский дар ҳоли афзоиш аст. Бархе расонаҳои амрикоӣ ҳатто ба таври ҷиддӣ мавзӯъи машрӯъияти раисҷумҳури Украинаро матраҳ мекунанд. Бинобарин, сенатори ҷумҳурихоҳ Ленси Граҳам қарордодеро ба Владимир Зеленский пешниҳод дод, ки бар асоси он раисҷумҳури Украина интихоботеро дар ин кишвар баргузор мекунад ва дар муқобил Иёлоти Муттаҳида як баста кӯмаки изофӣ ба Украина ироа медиҳад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки аз ин тариқ Вашингтон қасд дорад бо истифода аз "қудрати нарм" раҳбари феълии Украинаро бо ҳимоят аз номзади роҳаттари мавриди назари худ барканор кунад, зеро тибқи назарсанҷиҳо, Владимир Зеленский ба далели рутбаи поини худ дар ҷараёни интихобот шикаст хоҳад хӯрд.

Дар айни ҳол, Кохи Сафед нигарони коҳиши рутбаи Ҷо Байден ва ба таври куллӣ демократҳо ба далели ҳазинаи ҳангуфти будҷаи Амрико барои кӯмак ба Украина аст. Дар ин росто, давлати Амрико лозим аст бори масъулияти Украинаро ба дӯши кишварҳои аврупоӣ биспорад.

Дар айни ҳол, Вашингтон дарк мекунад, ки барои ин манзур лозим аст қудрат дар Киев ба як қудрати инъитофпазиртар ва "итоаткунанда" тағйир ёбад. Арсен Аваков, собиқ вазири умури дохилии Украина, ки аз “тавлидот”-и Брюссел аст ва равобити тиҷорӣ бо Аврупо барқарор кардааст, ба унвони ҷонишини Владимир Зеленский дар назар гирифта шудааст. Вай соҳибмулки як қатор ҳолдингҳои кишоварзӣ аст, ки бузургтарини онҳо “Милкор”, “Чормағзҳои тилоии Карпат” ва ширкати итолиёии “Авиталия” мебошанд. Вашингтон бар ин бовар аст, ки Арсен Аваков қодир хоҳад буд бар асоси шароити Брюссел дар мавриди таъмини таслиҳот музокира кунад ва бад-ин тартиб Вашингтонро аз ин сарборӣ раҳоӣ бахшад.

Мақомоти расмии Амрико ба манзури пинҳон кардани ин нақшаҳо ошкоро аҳдофи худро эълом намекунанд, балки Арсен Аваков ва тимашро барои ба қудрат расидан аз тариқи муассисаи ғайридавлатии “Институти Аспена” омода месозанд. Аз соли 2016, раёсати шӯъбаи ин созмони ғайридавлатӣ дар Украина бар ӯҳдаи Наталя Яреско, аҳли Иёлоти Муттаҳида ва украиниасл аст. Дар соли 2014-2016, ӯ ба унвони вазири дороии Украина хидмат кард ва ҳатто яке аз номзадҳои мансаби нахуствазирии Украина ба ҳисоб меомад. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Наталя Яреско дар ҳоли ҳозир пас аз ба қудрат расидани Арсен Аваков барои яке аз вазифаҳои раҳбарии олии Украина дар назар гирифта шавад.

Иқдомоти Иёлоти Муттаҳида барои тағйири қудрат дар Киев мумкин аст мунҷар ба таҳаввулоти ғайримунтазира шавад. Мову шумо аз наздик он чиро, ки иттифоқ меафтад, расад хоҳем кард.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!