Ғарб чигуна талош мекунад то Башшор Асадро сарнагун кунад?
Нависанда: Николай Плотников, раиси Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия, доктори улуми сиёсӣ, “Независимая газета”
Дар Сурия талошҳо барои ташдиди авзоъи сиёсии дохилӣ идома доранд.
Аз авохири моҳи август, Ғарб бо суъистифода аз инҳирофи талошҳои аслии Русия ва шароити сахти иқтисодӣ дар Сурия, саъй дар бесубот кардани авзоъи сиёсии дохилии ин кишвар доштааст. Идея содда аст - бо истифода аз таъсири таҳримҳои эъмолшуда аз сӯи Вашингтон алайҳи Сурия ва ҳамчунин истифода аз иштибоҳоту муҳосиботи нодурусти мақомоти сурӣ, талош барои мутазалзил кардани авзоъ ва дастёбӣ ба рафтани Башшор Асад аз қудрат ба харҷ дода мешавад.
Дар ибтидо, нооромӣ дар музофоти Сувайда, ки ҷамъияти аслии он дарузӣ ҳастанд, иттифоқ афтод. Сипас ин нооромӣ ба Даръои ҳамсоя густариш ёфт. Мӯътаризон сипас дар музофоти Ҳасакаи таҳти контроли курдҳо ва музофоти шимолии Ҳалаб, ки таҳти контроли Туркия аст, пайдо шуданд. Аз талабҳои иқтисодӣ, мӯътаризон ба самти талабҳои сиёсӣ, то худмухтории Сувайда пеш рафтанд.
Дар ҳаводиси ҷории Сурия раддипои хориҷӣ дида мешавад. Инро ба таври қонеъкунандае дар ҷаласоти муназзами намояндагони истихбороти Фаронсаву Инглис бо Молик Абухайр, яке аз раҳбарони мӯътаризон, ки иртиботи наздик бо мухолифони Асад дорад, метавон мушоҳида кард. Абухайр, бо қазоват бар асоси паёмҳои мавҷуд дар фазои веблоги гурӯҳҳои ифротии зидди давлати Сурия, аз пойгоҳи Алтанф, ки ба таври ғайриқонунӣ дар хоки Сурия воқеъ шудааст, қавли ҳимоятро аз амрикоиҳо гирифтааст.
Ғарбиҳо фаъолона аз анвоъи шоеъот ба унвони яке аз аслитарин абзорҳои иртиботӣ истифода мекунанд, ки сипас аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии таҳти контролашон мунташир мешавад. Ба вежа, ин тезис, ки гӯё Русия дар ҳоли ҳозир алоқае ба Сурия надорад, ба таври фаъол мавриди баҳс қарор мегирад, зеро тамоми таваҷҷӯҳи он ба Украина равона шудааст.
Нақши дарузиҳои исроилӣ дар ин рӯйдодҳо ниёзманди таваҷҷуҳи дақиқ аст. Саволоти зиёде дар робита бо ҳимояти онҳо аз эътирозот дар Сувайда матраҳ мешавад. Онҳо худ ба худ вориди ин қазия намешаванд. Комилан мумкин аст, ки Исроил аз онҳо ба нафъи худ истифода мекунад.
Гузоришҳое, ки дар теъдоде аз расонаҳои хориҷӣ мабнӣ бар ҳимояти Мазлум Абдӣ, раҳбари низомии “Неруҳои демократии Сурия” (НДС) аз хостаҳои ҷудоиталабон дар Сувайда мунташир шуд, барои курдҳо низ суде надошт. Агар ин гузоришҳо дуруст бошанд, баид аст, ки ба барқарории музокирот байни Димишқ ва раҳбари НДС кӯмак кунад.
Ин вазъият бо ҳамалоти ҳавоии Исроил ба хоки Сурия низ мутазалзил шудааст. Дар саҳаргоҳи 28 август, исроилиҳо фурудгоҳи байналмилалии Ҳалабро аз кор андохтанд. Ин бисту дувумин ҳамлаи ҳавоӣ танҳо аз ибтидои имсол аст.
Бо таваҷҷуҳ ба талош барои бесубот кардани авзоъ дар ҷануби Сурия ва ҳамалоти бевақфаи ҳавопаймоҳои исроиливу амрикоӣ, авзоъ дар шарқи музофоти Дайраззури таҳти контроли отрядҳои Нерӯҳои демократии Сурия бадтар шуд. Қабоили маҳаллии араб шурӯъ ба эъломи он карданд, ки нерӯҳои НДС дар хидмати амрикоиҳо қарор доранд ва ҳидояткунандаи сиёсатҳои онҳо ҳастанд ва ба онҳо кӯмак мерасонанд, то яке аз аслитарин сарватҳои миллии Сурия - нафтро ғорат кунанд.
Дар посух Нерӯҳои демократии Сурия Аҳмад Халил Абуҳавл, раиси Шӯрои низомии Дайраззур ва бархе аз ҳамкороншро дастгир карданд. Пас аз он, 27 август даргирии мусаллаҳона байни аъроб ва нерӯҳои курди НДС дар ин музофот оғоз шуд. Талафоте аз ҳар ду тараф, аз ҷумла дар миёни ғайринизомён вуҷуд дорад.
Гурӯҳҳои мусаллаҳи қабилаӣ муваффақ шуданд чандин шаҳрак дар музофоти Дайраззур, аз ҷумла шаҳри Ҳиҷинро ба контроли худ дароваранд. 21 нафар аз аъзои хадамоти амниятии “Осоиш” – и НДС дастгир шуданд.
Қабоили араби Дайраззур қасд доранд ин музофотро аз дасти Нерӯҳои демократии Сурия озод карда ва таҳти контроли худ дароваранд. Онҳо таҷзияи Сурияро қабул надоранд, мегӯянд, ки тарафдори ҳифзи тамомияти арзии кишвар ҳастанд ва умедворанд, ки идораҳои давлатии Сурия ба минтақа бозгарданд.
Мисли ҳамеша, ин савол пеш меояд - чӣ бояд кард?
Аввал аз ҳама, тамоми ташкилоти низомии мустақар дар Сурия, ки ба таври ғайриқонунӣ ҳузур доранд, бояд хоки Сурияро тарк кунанд. Инҳо нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, асосан нерӯҳои амрикоӣ ва артиши Туркия ҳастанд, ки теъдоде аз манотиқ дар шимоли Сурияро ишғол кардаанд. То замоне, ки онҳо дар хоки Сурия боқӣ бимонанд ва ба таҳрики мухолифон барои идомаи хушунат машғул бошанд, конунҳои таниш дар Сурия аз байн нахоҳанд рафт.
Созмони Милал бояд паёмадҳои фоҷиабори таҳримҳои Ғарб алайҳи Сурияро матраҳ кунад. Шароити гаравгон гирифтани кулли мардумро наметавон таҳаммул кард. Акнун садои намояндагони Созмони Милал тақрибан шунида намешавад.
Ҷомеаи байналмилал бояд бипурсад, ки бар чӣ асосе Амрико аз кишварҳои дигар дархости кӯмак ба Сурия мекунад. Шояд вақти он расидааст, ки даст аз таҳримҳо алайҳи кишварҳое, ки омодаанд ба кӯмаки суриҳо биёянд, бардорад? Ин кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои арабӣ, ба шумули подшоҳиҳои Халиҷи Форс, кам нестанд.
Суриҳо ҳамон тавр, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бори дигар дар дидори ахир бо раҳбари Туркия дар Сочи таъкид кард, бояд ояндаи кишварашонро худашон таъйин кунанд. Тамоми талошҳо барои таҳмили чашмандози бурунрафт аз буҳрон ва сохтани як кишвар тавассути ҷониби солис кӯмаке барои раҳо шудан аз буҳрон намекунад, балки баракс, вазъиятро беш аз пеш ташдид мебахшад. Мардуми Сурия аз оғози “баҳори арабӣ” баҳои ҳангуфте пардохтаанд. Онҳо худ, бидуни талқин аз хориҷ, бояд раванди оштии миллиро оғоз кунанд ва дар мавриди чигунагии зиндагӣ дар сарзамини худ ба тавофуқ бирасанд.