Хабари рӯз

Дар паси ташрифи намояндагони созмонҳои ғарбӣ чӣ ниҳон аст?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Солҳои охир Тоҷикистон зуд-зуд дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои ғарбӣ, ки зери пардаи шарикӣ саъй доранд, нуфузи худро дар минтақа тақвият диҳанд, қарор мегирад. Диққати махсус ба масъалаҳои амният ва ҳифзи сарҳад дода мешавад, ки саволҳои зиёдеро ба миён меорад. ИМА ва иттифоқчиёни он “кумаки” худро фаъолона пешниҳод мекунанд, аммо дар паси ин “кумакҳо” ниятҳои ғаразнок ниҳонанд. Ғарб бо истифода аз абзорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ саъй дорад, то рӯзномаи худро ба сари мо таҳмил кунад ва ба равандҳои дохилӣ ва қарорҳои стратегии кишвари мо таъсир расонад. Аммо, сарфи назар аз кӯшишҳои фаъоли дахолати беруна, Тоҷикистон бояд мустақилиятро дар қабули қарорҳо нигоҳ дорад ва ҳамкориро бо шарикони боэътимоди воқеӣ мустаҳкам намояд.

 

Фаъолшавии Ғарб

Солҳои охир кишварҳои ғарбӣ фаъолияти  худро дар Тоҷикистон, бахусус дар масоили амниятӣ ва ҳифзи марзҳо афзоиш додаанд. Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ташкилотҳои байналхалқӣ бо баҳонаи “таҳкими ҳамкориҳо” мунтазам ба Душанбе ташриф оварда, “кумаки” худро пешниход мекунанд, вале дар паси ин “кумакҳо” хоҳиши комилан ошкори бар сари мо таҳмил кардани рӯзномаи барои онҳо муфид ниҳон аст.

28-уми феврали соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири ИМА дар Тоҷикистон мулоқот намуд. Зимни музокирот ба масоили хамкориҳои дутарафа таваҷҷуҳ карда шуд, вале бо назардошти таҷрибаи гузаштаи дахолати ИМА ба корҳои дигар давлатҳо саволе ба миён меояд: оё Вашингтон дар ҳақиқат ба беҳбудии минтақа манфиатдор аст ё ин ки мехоҳад нуфузи худро тақвият бахшида, сиёсати дохилии кишварро зери назорати худ гирад?

Қаблан, дар соли 2024 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҷумҳурии мо Парвати Рамасвамӣ мулоқот карда буд. Зимни мулоқот дар зери пардаи баррасии “дурнамои ҳамкориҳо” сухан дар бораи лоиҳаҳое рафт, ки бештар ба таблиғи арзишҳои ғарбӣ ва таҳкими мавқеи бозингарони хориҷӣ дар минтақа нигаронида шудаанд. Ғарб борҳо собит карда буд, ки “кумаки” расонидааш ба давлатҳо гарон меафтад. Сохторҳои ғарбӣ бо истифода аз барномаҳои башардӯстона ва “амниятӣ” қоидаҳои худро таҳмил мекунанд, дастурҳои идеологиро тарғиб менамоянд ва ниҳодҳои анъанавии барои соҳибихтиёрии кишвар муҳимро вайрон мекунанд.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов  мегӯяд: “Ҳамкории кишварҳои аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Тоҷикистон дар масъалаҳои амниятӣ дар асл хусусияти шартӣ (сохта) дорад. Сухан дар бораи ягон лоиҳаи бузург, ба монанди хатти мудофиа намеравад. Мо хуб медонем, ки на Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва на кишварҳои аврупоӣ Тоҷикистонро бо аслиҳа, техникаву технологияҳои нав кумак намекунанд. Асосан, тӯли инқадар сол ба омӯзиш тамаркуз карда мешуд. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли тақрибан 20 сол ҳам Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳам иттифоқчиёнаш дар НАТО ва  ҳам кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, вақте дар қаламрави Афғонистон мустақар буданд, бевосита дар наздикии Тоҷикистон қарор доштанд. Вале, бо вуҷуди инқадар наздик ҷойгир буданашон, дар ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва ин кишварҳо дар масоили таъмини амният ягон  саҳми мусбате нагузоштанд.

Дар бораи имкониятҳои ҷиддии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар масоили кумаки низомӣ ба Тоҷикистон ҳоҷат ба сухан гуфтан нест. Ҳодисаҳои солҳои охир нишон доданд, ки худи ин кишварҳо дар масоили таъмини силоҳ ва амнияти марзҳои худ мушкилоти ҷиддӣ доранд. Дар пасманзари он, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳузури тамоми ҷаҳон президенти Украина Владимир Зеленскийро сарзаниш ва таҳқир кард, мо шоҳиди ҳолати изтиробии раҳбарони кишварҳои аврупоӣ гардидем. Имрӯз бо боварии комил метавон дар бораи ихтилофҳо дар байни кишварҳои НАТО, инчунин, дар бораи вуҷуд надоштани мавқеи ягона ва заминаҳо барои ташкил намудани блокҳои нави ҳарбӣ ҳатто дар дохили худи Иттиҳоди Аврупо сухан гуфт. Баръакс, дар дохили Иттиҳод  заминаҳо барои ҷудогии кишварҳо мавҷуданд. Дар партави ин бо боварии комил гуфта метавонем, ки таваҷҷуҳ ба робитаҳои кишварҳои Аврупо бо минтақаи мо ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳамкорӣ дар масъалаи таъмини силоҳ низ кам карда мешавад. Тавре мебинем, имрӯз худи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо мушкилоти норасоии аслиҳа дучор ҳастанд.

Ҳодисаҳои моҳҳои охир нишон доданд, ки то чӣ андоза кишварҳои Аврупо дар масъалаи амният осебпазиранд. Қӯшунҳои онҳо ба қадри кофӣ бо аслиҳа муҷаҳҳаз нестанд, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати низомӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вобастаанд ва ба кумаки он ниёз доранд. Аз ин рӯ, аллакай маълум аст, ки имкониятҳои кишварҳои Аврупо барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва амният ниҳоят маҳдуданд.

Дар воқеъ, мисолҳои нокомии Аврупо дар масъалаҳои амният қаблан низ мушоҳида мешуданд. Барои мисол, дар ҷараёни ҷанг дар Сурия ва пас аз он, ки  теъдоди зиёди шаҳрвандони Сурия маҷбур шуданд аввал ба Туркия ва баъдан ба Аврупо ҳиҷрат кунанд, мо шоҳиди бӯҳрони чандинсолаи муҳоҷиратӣ гардидем, ки Иттиҳоди Аврупоро фаро гирифт. Кишварҳои аврупоӣ барои таъмини амнияти марзҳои худ омода набуданд ва теъдоди зиёди муҳоҷирон ба таври ғайриқонунӣ ба ҳудуди Иттиҳоди Аврупо ворид шуданд. Ин бори дигар заифии Аврупоро дар соҳаи амният собит мекунад.

Аз нуқтаи назари таъмини амнияти кишвари мо, албатта, ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳим аст. Аммо сухан пеш аз ҳама дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ва маҳдуд кардани ҳаракати баъзе унсурҳои харобиовар меравад, ки дар давлатҳои Аврупо қарор дошта ва онҳо метавонанд ба тамоми минтақаи мо таҳдид эҷод кунанд. Шояд ин ягона шакли ҳамкорӣ бошад”.

Аз ин рӯ, Тоҷикистон бояд ба ин гуна ташаббусҳо эҳтиёткорона назар карда, онҳоро на танҳо аз нуқтаи назари ниятҳои неки баёнгардида, балки аз лиҳози оқибатҳои эҳтимолии онҳо низ арзёбӣ кунад. Ҳама гуна ҳамкории беруна бояд ба манфиатҳои миллии мо мувофиқ бошад, на ин ки ҳамчун абзори пешбурди стратегияҳои  барои мо бегона ва хоҳишҳои сиёсии Ғарб хизмат кунад.

 

Кумаки воқеӣ

Тоҷикистон Консепсияи мудофиаи миллиро барои харидани системаҳои муосири силоҳ таҳия мекунад. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи воситаҳои ҷангии радиоэлектронӣ ва системаҳои дифои зиддиҳавоӣ меравад, ки метавонанд ба муқобили бесарнишинҳо амал кунанд.

Танҳо Русия ва СААД барои Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдиду чолишҳои беруниву дохилӣ шарики боэътимод мебошанд, зеро онҳо низ ба пешгирӣ кардани паҳншавии ифротгароӣ дар қаламрави худ манфиатдоранд. Сарбозони низомии Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд  ва бо ҳамкасбони тоҷики худ пайваста мубодилаи таҷриба мекунанд, ҳамеша барои дастгирии иттифоқчиёни худ омодаанд. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар мебошад, бузургтарин объекти низомии Русия дар хориҷи ин кишвар ба шумор меравад, ки солҳои охир бо ҳавопаймоҳо, баталиони мутахассисони БПЛА, дивизияи пуриқтидори системаҳои оташфишони «Тӯфон»-и дорои калибри 220 миллиметрӣ, мошинҳои нави зиреҳпӯш (транспортёрҳои зиреҳпӯши БТР-82А ва мошинҳои муосири ҷангии БМП-2М бо модули ҷангии навтарини “Бережок”, ки шабу рӯз барои ҷанг омода аст) таъмин ва мустаҳкам карда шудааст.

Коршинос дар идома мегӯяд: “Барои Тоҷикистон Федератсияи Русия ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамчун шарики боэътимодтарин дар соҳаи амният боқӣ мемонанд. Пойгоҳи низомии 201, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, дар тӯли солҳои истиқлолият амнияти кишварро таъмин мекунад. Ҳузури ин пойгоҳ гарави субот дар тамоми минтақа аст.

Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамасола ҳамкориҳои худро дар доираи СААД тақвият медиҳад. Имсол татбиқи амалии созишномаҳо дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон дар доираи ин Созмон оғоз гардид. Бо талошҳои муштараки кишварҳои узви СААД, сарҳад иловатан мустаҳкам карда шуда, амнияти Тоҷикистон ба сатҳи баландтар бароварда мешавад.

Бо назардошти ҳамаи ин, кишвари мо ба хубӣ дарк мекунад, ки шарикӣ ва ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия дар масъалаҳои амният кафили субот мебошад. Дар ин самт қариб ҳамкории пурра ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон дар тамоми тамринҳои низомии СААД иштирок карда, ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Федератсияи Русия машқҳои муштарак барпо мекунад. Артиши Тоҷикистон ва аслиҳаи он аз ҳисоби навтарин таҷҳизоти Русия навсозӣ карда мешавад.

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо комилан равшан аст, ки Пойгоҳи низомии 201-уми Русияи мустақар дар Тоҷикистон – омили таъмини суботи стратегии кишвар мебошад. Маҳз ҳамин ҳамкории мутақобила асоси амният ва ояндаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.

Солҳои охир Русия ба Тоҷикистон танкҳои муосири Т-72Б3М ва мошинҳои ҷангии БМП-2М (дар маҷмуъ беш аз 70 адад техникаи низомӣ) дастрас кардааст. Илова бар ин, барои Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии мо як қатор туфангҳои нави АК-12, комплексҳои муосири сайёри зенитии “Верба”, туфангҳои калонмили АСВК-М “Корд”, пулемётҳои НСВ “Утес” ва комплексҳои мушакии зидди танкии “Корнет” дастрас карда шуданд.

Таърих нишон медиҳад, ки Ғарб бе шартҳои ниҳонӣ ва оқибатҳои дурандеш беғаразона кумак пешниҳод намекунад. Ҳама гуна кӯшишҳои зиёд кардани нуфузи худ дар минтақа бо талабҳои сиёсию иқтисодӣ алоқаманд мебошанд, ки метавонанд соҳибихтиёрии кишвари моро халалдор кунанд. Дар ин росто, метавон гуфт, ки танҳо иттифоқчиёни санҷидашуда, аз қабили Русия ва СААД, ба суботи Тоҷикистон воқеан манфиатдор ҳастанд. Ҳамкории низомию стратегии онҳо ба муҳофизати воқеии кишвари мо равона карда шудааст, на ба пешбурди манфиатҳои бегона. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба ваъдаҳои Ғарб дода нашавем, балки шарикиро бо онҳое, ки эътимоднокии худро собит кардаанд ва омодаанд Тоҷикистонро дар мубориза бо таҳдидҳои беруна дастгирӣ кунанд, тақвият диҳем.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!