Хабари рӯз

Амрикоиҳо барои эҷоди як давлати фарогир дар Кобул омода мешаванд. Вашингтон рӯйи "гуруҳи Қандаҳор" дар Толибон ҳисоб боз кардааст ва дар фикри ҳазфи “Шабакаи Ҳаққонӣ” аз саҳна аст

Андрей Серенко, хабарнигори “Независимая газета”, мудири Маркази таҳлилии сиёсатшиносони Русия

Акс: Томас Вест, дипломати амрикоӣ фаъолона аз парчами Қатар барои дастёбӣ ба аҳдофи Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон истифода мекунад/Акс аз ҳисоби твитери Томас Вест.

Як давлати фарогир дар Кобул мумкин аст дар авоили баҳори 2023 ба вуҷуд ояд. Инро манобеъе дар муҳоҷирати сиёсии Афғонистон, ки бо талошҳои намояндагони амрикоӣ ошно ҳастанд, ба “Независимая газета” гузориш карданд. Амрикоиҳо дар талош ҳастанд теъдоде аз раҳбарони Толибон (созмон мамнуъа дар Федератсияи Русия)-ро мутақоид кунанд, ки бо эҷоди кобинаи вузаро бо ҳузури номзадҳои гурӯҳҳои аслии қавми-сиёсӣ мувофиқат кунанд. Ин манобеъ мӯътақиданд муваффақияти тарҳҳои Амрико ба маънои тазъифи мавозеъи Русия, Чин, Эрон ва кишварҳои минтақа дар Афғонистон хоҳад буд.

Намояндагони баландпояи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ва СиАйЭй (CIA, созмони истихбороти Амрико) чандин моҳ аст, ки ба таври фаъол барои "бозтарбия"-и чеҳраҳои аслии режими Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунин машваратҳои паёпай бо гурӯҳҳои аслии муҳоҷирати сиёсии Афғонистон кор мекунанд. Барои анҷоми ин кор, ба гуфтаи манобеъи “НГ”, фиристодагони амрикоӣ аз майдонҳои мухталифе дар Қатар, Туркия, Ӯзбекистон, Покистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ истифода мекунанд ва ба хадамоти ғайримунтазиратарин миёнаравон рӯ меоранд. Ба унвони мисол, Томас Вест, намояндаи вежаи вазорати умур хориҷа барои Афғонистон, ки нақши асосӣ дар "дипломатияи шотл" (Shuttle diplomacy, дипломатияи рафту баргашт, “челночная дипломатия”) – и Вашингтон бо ҳадафи ҳалли мушкили эҷоди як давлати фарогир дар Кобул дорад, ҳатто аз равобити хонаводагии худ истифода мекунад. Ҳамсари оқои Вест як паштун аст ва падари ҳамсараш бо гурӯҳҳои бонуфузи нухбагони Афғонистон, аз ҷумла Толибон, тамосҳои комилан ҷиддӣ дорад.

Нуқтаи қуввати фаъолияти амрикоиҳо дар бахши Афғонистон имрӯз на танҳо ҳамкории муассири дипломатҳо ва афсарони иттилоотӣ, балки шеваи иртиботии интихобшуда тавассути Томас Вест аст. Манобеъи “НГ” дар мавриди ин вазъият чунин тавзеҳ медиҳанд: “Бар хилофи мутасаддёни масири Афғонистон дар бархе аз кишварҳои дигар, Вест нишон медиҳад, ки бештар дӯст дорад гӯш кунад, то ҳарф занад. Ӯ ба мусоҳибони афғон намеомӯзад, ки чӣ коре бояд анҷом диҳанд, аммо дар тӯли се моҳи гузашта, ба вежа дар ҷаласоти мутааддид дар Истамбул, соатҳо ба онҳо гӯш додааст. Дар натиҷа, сиёсатмадорони афғон, ки ба шиддат ниёз ба таваҷҷуҳ доранд, фурсате барои сухан гуфтан пайдо мекунанд ва дипломати амрикоӣ тамоми зарофатҳои зиндагии муҳоҷирати сиёсии Афғонистон, идеяҳо ва сужаҳои аслиеро, ки тавассути бозигарони аслии сиёсати Афғонистон баҳс мешавад, меомӯзад ва ҳамзамон иртибототи шахсии мусбатро бо онҳо таҳким мекунад. Сипас ин амр ба тарафи амрикоӣ иҷоза медиҳад то нозуктар, ҳамзамон ва бар ин асос, гуфтугӯи муваффақиятомез бо ҳама тарафҳо, аз ҷумла Толибон, эҷод намояд, гузинаҳои созишро тадвин кунад ва роҳҳалҳои тактикии ҷолибе ироа диҳад.

Нақши муҳимме дар модели амрикоии иртибототи байналафғониро тавонмандиҳои миёнаравии Қатар ва Аморот ифо мекунанд. Дар ин майдонҳо, бо мушорикати сиёсатмадорони аслӣ дар Доха, Абудабӣ ва Дубай намояндагони Вашингтон бо муваффақият иртибототи нуқта ба нуқтаро бо чеҳраҳои бонуфузи режими Толибон тавсеа медиҳанд. Ба ин тартиб, дар авоили моҳи октябр, мақомоти аршади вазорати хориҷа ва СиАйЭй дар пойтахти Қатар бо Мулло Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон дидор карданд. Дар Доха ба дархости амрикоиҳо, намояндагони Қатар бо Мулло Муҳаммад Яъқуб, вазири дифоъи Толибон, гуфтугӯҳои муҳимме анҷом доданд. Мулло Яъқуб чанд рӯз пеш вориди Амороти Муттаҳидаи Арабӣ шуд ва бар асоси шунидаҳо, қарор аст дар он ҷо бо фиристодагони олирутбаи амрикоӣ дидор кунад.

Ба назар мерасад, ки иморатҳои Ховари Миёна аз сӯи амрикоиҳо нақши нуқтаи тамоси аслӣ бо блоки қудратии Толибонро бар ӯҳда доранд. Аввал аз ҳама, мо дар мавриди гурӯҳи Қандаҳор дар нерӯҳои амниятии Толибон сӯҳбат мекунем, ки раҳбари ғайрирасмии он Мулло Яъқуб, вазири дифоъ ва писари Мулло Умар, бунёнгузори ҳаракати Толибон аст.

Ба гуфтаи манобеъи “НГ”, маҳз бо ҷиноҳи Қандаҳор дар раҳбарии Толибон Вашингтон умедвор аст, ки дар ҳалли мушкили эҷоди як давлати фарогир дар Кобул ба муваффақият даст ёбад. Манобеъи “НГ” мегӯянд: “Бар асоси шоеъоте, ки пас аз дидорҳои мутааддид бо Томас Вест дар маҳофили муҳоҷирати сиёсии Афғонистон дар Истамбул мунташир шуд, қарор аст дар хориҷ аз кишвар ройзаниҳои қотеъе бо гурӯҳҳои сиёсии калидии Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳи толибони Қандаҳор дар моҳҳои декабр ва январ баргузор шавад. Пешбинӣ мешавад, ки то феврали 2023 мусолиҳаи лозим ҳосил шавад - ҳам аз назари механизми ташкили кобинаи ҷадиди вазирон ва ҳам таркиби шахсии он. Пас аз он, вузарои оянда аз миёни муҳоҷирони сиёсӣ ба Кобул хоҳанд рафт, ҷое, ки блоки қудратии толибони таҳти контроли қандаҳориҳо бояд иҷрои амалии тавофуқоти ҳосилшударо таъмин кунад”.

Ба гуфтаи манобеъи “НГ”, меъморони амрикоии модели як давлати фарогири Афғонистон натанҳо ба Мулло Яъқуб, балки бар муовини аввали нахуствазири давлати Толибон, Мулло Абдулғанӣ Бародар, раҳбари "ҷиноҳи Қандаҳор" дар раҳбарии сиёсии Толибон, муттакӣ ҳастанд. Ба навбаи худ, Мулло Бародар, нафаре, ки аввалин қарордодро бо Иёлоти Муттаҳида дар 29 феврали 2020 дар Доха имзо ва роҳро барои ба қудрат расидани Толибон дар Кобул ҳамвор кард, равобити дӯстонаи худро бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ҳифз мекунад. Ба гуфтаи манобеъи афғон, ба лутфи Мулло Бародар Карзайе, ки беш аз як сол дар ҳасри хонагӣ ба сар мебурд, чанд рӯз пеш тавонист аз Кобул ба Дубай парвоз кунад. Нозирон хотирнишон карданд, ки Карзай ва Мулло Яъқуб, агарчи дар ҳавопаймоҳои мухталиф буданд, аммо дар ҳамон рӯз ба Амороти Муттаҳида Арабӣ парвоз карданд, ҷое, ки фиристодагони Амрико қаблан ҳузур доштанд. Сухангӯёни Толибон билофосила шурӯъ ба сӯҳбат дар мавриди ҳамзамонии ин сафарҳо карданд, аммо имрӯз фақат афроди бисёр соддалавҳ ба ин назарот гӯш медиҳанд.

Аммо “дипломатияи шотл”-и башиддати Томас Вест, машваратҳои фаъоли амрикоиҳо бо муҳоҷирати сиёсии Афғонистон ва раҳбарони гурӯҳи Толибони Қандаҳор, бидуни ҳалли “мушкили Ҳаққонӣ” наметавонад муваффақ бошад. Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилаи Толибон ва дар айни ҳол раҳбари шабакаи террористие ба ҳамин ном (мамнуъ дар Федератсияи Русия) натанҳо ба унвони рақиби аслии гурӯҳи Қандаҳори Толибон дар мубориза барои қудрат дар дохил шӯҳрат дорад, балки ба унвони як шахси муртабит бо Покистон ва аз тариқи он бо Чин - рақиби ошкори Иёлоти Муттаҳида дар минтақа аст. Манобеъи “НГ” иддао мекунанд, ки гурӯҳи Ҳаққонӣ дар музокирот бо амрикоиҳо, ки ба қандаҳориҳои дурронӣ аз ҷануби Афғонистон ва руқабои аслии ҳаққониҳо - намояндаи манофеъи паштунҳои ғилзоӣ аз шарқи Афғонистон такя мекунанд, ширкат намекунад. Бо ин ҳол, Сироҷуддин Ҳаққонӣ тавоноии истифода аз зӯр барои ҷилавгирӣ аз иҷрои тавофуқоти пушти пардаи амрикоиҳо, қандаҳориҳо ва муҳоҷирони сиёсии афғонро дорад: Ҳаққонӣ чандин даҳ ҳазор ҷангҷӯро, ки аз тариқи сохторҳои вазорати умури дохила қонунӣ шудаанд ва ҳамчунин садҳо бомбгузори интиҳориро таҳти контрол дорад.

Том Вест ва шарикони ӯ бидуни ҳалли “мушкили Ҳаққонӣ” қодир ба иҷрои тарҳи эҷоди як давлати ҷадиди фарогир дар Афғонистон нахоҳанд буд. Бадеҳист, ки дар ин ҷо чандин сенарияи мумкин вуҷуд дорад. Аввал, талош барои музокира бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ аз тариқи даъвати ӯ ба мушорикати судманди мутақобил бо имтиёздиҳандагон (масалан, бо таъмими модели феълии ришвахории систематики раҳбарони гурӯҳи Қандаҳор, ки онҳо ҳар ҳафта аз тарафи амрикоӣ, тибқи манобеъи мухталиф, аз 40 то 80 миллион доллар ба даст меоранд). Сенарияи дувум, кудатои низомӣ-сиёсӣ дар Кобул тавассути гурӯҳи Қандаҳор аст, ки вазорати дифоъ ва артиши Толибонро дар ихтиёр доранд ва дар натиҷа Сироҷуддин Ҳаққонӣ маҷбур ба тарки кишвар ва рафтан ба Покистон мешавад. Сенарияи севум, ҳазфи физикии Сироҷуддин Ҳаққонӣ (чӣ бо кӯмаки паҳподи амрикоӣ ва чӣ дар натиҷаи як ҳамла интиҳорӣ, ки ба таври суннатӣ ба ДОИШи мамнуъа дар Русия нисбат дода мешавад).

Бо татбиқи муваффақиятомези яке аз сенарияҳои “роҳҳали ниҳоӣ” - “мушкили Ҳаққонӣ”, эътилофи Амрико ва Қандаҳор бо мушорикати муҳоҷирони сиёсӣ, метавонанд зуҳури як давлати фарогири ҷадидро дар Кобул эълом кунанд. Ба назар мерасад, ки Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд “амири соя”-ии расмии Толибон наметавонад дар ин маврид мушкили ҷиддӣ эҷод кунад: ҳамон тур, ки манобеъи афғонии “НГ” ишора мекунанд, ба ӯ аҳрумҳои фишори қавие аз тариқи созмонҳои ҷосусии Покистон, ки ба эҳтимоли зиёд раҳбариашон дар фитнаи сиёсии ҷадиди Афғонистон ба барандагон хоҳад пайваст, вуҷуд доранд. Дар ниҳоят, ҷойгузин кардани як "амири соя"-и Толибон бо дигаре ва ҳатто бидуни тағйири ном бисёр осон аст, зеро ҳеҷ кас то ба ҳол Ҳайбатуллоҳ Охунди воқеиро надидааст...

Бозандагони сиёсии ин таркиб бо модели амрикоии як давлати фарогири Афғонистон бадеҳӣ аст, ки руқабои геополотикии Вашингтон дар минтақа - Чин, Русия, Эрон - хоҳанд буд. Зуҳури давлате бо вазирони мунтахаби Томас Вест дар Кобул ба маънои коҳиши бештар ва сареъи нуфузи Пекин, Маскав ва Теҳрон бар авзоъи Афғонистон хоҳад буд. Илова бар ин, ҳатто ҳузури эҳтимолии шахсияти равондармонгар (психотерапевт) Ҳомид Карзай дар ин кобина, ки номаълум аст ба чӣ далоиле дар Маскав ӯро “худӣ” талаққӣ мекунанд, мушкили тақвияти нуфузи кишварҳои минтақа дар Афғонистонро ҳал нахоҳад кард.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!