Хабари рӯз

Чолишҳо ва таҳдидҳои навзуҳур алайҳи давлати Покистон дар партави мавозеъи ахири Толибон: аз хатти Дюранд то идеяи “Паштунстони бузург”

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Равобити Афғонистону Покистон ҳамвора яке аз печидатарину пуртаништарин равобити дуҷониба дар Ҷануби Осиё будааст. Аз замони тарсими хати Дюранд дар соли 1893 то имрӯз, масаълаи марзи муштараки миёни ду кишвар ба унвони яке аз чолишҳои таърихӣ ва геополитикӣ боқӣ мондааст. Дар солҳои ахир бо бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон танишҳои марзӣ миёни Кобулу Исломобод ба шакли бесобиқае афзоиш ёфтааст. Тозатарин мавозеъи расмии мақомоти Толибон дар радди машрӯъияти хати Дюранду тарҳи идеяи “Паштунстони бузург”, ки шомили бахшҳои васеъе аз хоки Покистон мешавад, таҳдиде мустақим алайҳи тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти миллии Покистон талаққӣ мегардад.

Ин мақола бо таҳлили абъоди геополитикӣ, амниятӣ ва роҳбурдии ин таҳаввулот, ба баррасии чолишҳо ва таҳдидҳое мепардозад, ки давлати Покистон дар мувоҷиҳа бо рӯйкарди ҷадиди Толибон бо он рӯ ба рӯ аст.

Баданаи таҳлилӣ:

1 - Адами ба расмият шинохтани хати Дюранд ва пайомадҳои геополитикии он

Эъломи расмии мақомоти Толибони мабнӣ бар ин ки “Афғонистон бо ҳамаи кишварҳои ҳамсоя марз дорад, аммо бо Покистон надорад”, дарвоқеъ нафйи сареҳи марзи байналмилалии шинохташуда миёни ду кишвар аст. Ин мавзеъ на танҳо бар асли тамомияти арзии Покистон хатти бутлон мекашад, балки муноқишаи таърихиро, ки аз замони истиқлоли Покистон дар соли 1947 то кунун идома дошта, ба сатҳи бесобиқа аз тақобули сиёсӣ ва идеологӣ иртиқо медиҳад.

Чунин мавозеъе метавонад заминасози бесуботии геополитикӣ дар Ҷануби Осиё гардад ва сабаб шавад то гуруҳҳои қавмии паштун дар ду сӯи марз, таҳти таъсири идеологияи қавмӣ ва динии Толибон, хостори пайвастан ба “Паштунистон” шаванд.

2 - Тарҳи идеяи “Паштунстони бузург” ва таҳдиди тамомияти арзии Покистон

Намоиши расмии нақшаи “Паштунстони бузург” аз сӯи Толибон дар вилояти Хуст, иқдоми намодин, аммо дорои бори геополитикии сангин аст. Ин нақшаи бахшҳои паштуннишини Иёлати Хайбар Пахтунхвоҳ, манотиқи қабилаии собиқ ва бахшҳое аз Балучистонро шомил мешавад.

Ҳадаф аз ин тарҳ эҳёи ормони таърихии “Луи Афғонистон” ё “Паштунистон” аст, ки дар даҳаҳои нахусти пас аз истиқлоли Покистон низ аз сӯи ҳукуматҳои вақти Афғонистон матраҳ мешуд. Чунин рӯйкарде дар шароити феълӣ метавонад заминасози афзоиши тамоюлоти ҷудоиталабона дар миёни ақвоми паштуну балуч дар дохили Покистон шавад ва бо таҳрики гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, монанди “Таҳрики Толибони Покистон” (TTP) амнияти дохилиро ба хатар андозад.

3 - Чашмандози даргирии низомӣ ва фарсойишии амниятӣ дар марзҳо

Изҳороти фармондеҳони Толибон мабнӣ бар ин ки “чӣ бо музокира, чӣ бидуни музокира” манотиқи мавриди муноқишаро аз Покистон хоҳанд гирифт, баёнгари як сиёсати таҳоҷумӣ ва тавсеаталабона аст. Ин дидгоҳ метавонад мунҷар ба афзоиши даргириҳои марзӣ, ташдиди танишҳои низомӣ ва фарсойишӣ тавони амниятии Покистон дар манотиқи марзӣ шавад.

Покистон дар солҳои ахир бо таҳдидоти чандҷонибае чун фаъолияти Таҳрики Толибони Покистон (TTP), бесуботии сиёсии дохилӣ, буҳрони иқтисодӣ ва фишорҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ будааст; дар чунин шароите, гушоиши як ҷабҳаи ҷадиди таниш бо Толибон Афғонистон метавонад амнияти миллии ин кишварро дар маърази буҳрони сохторӣ қарор диҳад.

4 - Вокуниши мавриди интизори Покистон ва улгуҳои мумкини муқобила бо Толибон

Дар шароити кунунӣ таҳлилгарони минтақаӣ тавсия мекунанд, ки Покистон ба ҷои иттико ба гуфтугуҳое бе натиҷаи сулҳ, рӯйкарди қотеъонатар дар баробари Толибон дар пеш гирад.

Намунаҳои қобили таъаммул иборатанд аз:

  • Улгуи Русия дар Чечен: саркӯби қотеъи гуруҳҳои ифротӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таҷзияи сарзаминӣ.
  • Улгуи Туркия дар қиболи ПКК: таркиби иқдомоти низомӣ ва амниятӣ бо ислоҳоти иҷтимоӣ барои коҳиши нуфузи идеологии гуруҳҳои мусаллаҳ.
  • Улгуи Миср дар баробари Ихвон-ул-муслимин: маҳори бунёдгароии мазҳабӣ аз тариқи бозтаърифи нақши дин дар сиёсат.

Дарвоқеъ, танҳо аз тариқи аъмоли сиёсати боздорандагии чандваҷҳӣ (низомӣ, иттилоотӣ, идеологӣ ва дипломатӣ) аст, ки Покистон метавонад таҳдиди Толибонро маҳор кунад.

 

Натиҷагирӣ:

Мавозеъи ахири Толибон дар қиболи хати Дюранду тарҳи идеяи “Луи Афғонистон” нишонгари чархише хатарнок дар сиёсати хориҷӣ ва идеологии аморати исломӣ аст, ки таҳдиде мустақим барои ваҳдати миллӣ ва тамомияти арзии Покистон маҳсуб мешавад. Ин таҳаввулот на танҳо хатари афзоиши даргириҳои марзиро дар пай дорад, балки метавонад ба тақвияти ҷараёнҳои ҷудоиталабу ифротгаро дар дохили Покистон мунҷар шавад.

Исломобод агар натавонад миёни сиёсатҳои мулоҳизакоронаи худ дар қиболи Толибону зарурати ҳифзи амнияти миллӣ тавозун барқарор кунад, мумкин аст бо буҳрони мушобеҳе он чи дар соли 1971 мунҷар ба ҷудоии Бангладеш шуд, мувоҷеҳ гардад.

Бино бар ин, иттихози сиёсати қотеъ ва ҳушмандона дар баробари таҳдидоти Толибон, бознигарӣ дар истротежии афғонистонмеҳвари Покистон ва ҳамкории наздик бо қудратҳои минтақаӣ барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии геополитикии кишвар, аз аҳамияти ҳаётӣ бархӯрдор аст.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!