Хабари рӯз

Амрико дар ихтилофоти сиёсӣ дар Покистону Ҷануби Осиё чӣ нақш дорад?

Нависанда: Раҳматуллоҳ Раванд

“Дар як санади дипломатии маҳрамона, ки ба тозагӣ фош шуда, мушаххас шуд Амрико дар соли 2022 ба дипломатҳои покистонӣ барои ёфтани роҳе ба манзури барканорӣ ва ҳазфи Имронхон, нахуствазири вақт фишор ворид карда буд. Имронхон, ки авохири ҳамон сол аз симматаш барканор шуд, ҳомии Иёлоти Муттаҳида ё дастури кори геополитикии ин кишвар набуд ва мехост ба Чину Русия наздиктар шавад”.

Ба гузориши ИСНО, шабакаи хабарии “Раша Тудей” дар гузорише менависад: Имронхон пас аз барканорӣ ба суръате дастгир ва аз ҳузур дар арсаи сиёсӣ манъ шуд. Дар ҳамон ҳафтае, ки ин иттифоқот афтод, Покистон як тавофуқи дифоии ҷадид бо Амрико баст, ки таъйиди равобити қадимии байни Вашингтону артиши Покистон буд, ки муддатҳост сутуни аслии давлатро ташкил додаанд.

Ин як теорияи тавтеъа маҳсуб намешавад. Бисёр осон аст, ки бубинем дар ин кишвар чӣ иттифоқе афтодааст. Иёлоти Муттаҳида дар як амалиёти номаҳсуси тағйири режим дар Покистон ширкат кардааст; як интихоби ғайриодӣ бо тавваҷуҳ ба пайгирии ҳамзамони Исломобод барои равобити қавитар бо Ҳинд. Ин раванд нишондиҳандаи ҷоҳталабиҳои Иёлоти Муттаҳида аст то ду кишварро дар баробари якдигар қарор дода, султаи низомии худ бар минтақаи Ҷануби Осиёро исбот кунад ва аз Ҳинд ба унвони муҳра дар муборизаи худ бо Чин истифода ва ҳамзамон бо баҳра бурдан аз Покистон ба унвони вазнаи таъодул аз зуҳури стратегии Ҳинд ҷилавгирӣ кунад.

Аввал аз ҳама, мо бояд бифаҳмем, ки “Стратегияи Ҳинд - Пасифик”-и Амрико ба самти ин гегемония меравад. Ин яъне тазмини тасаллути ошкори стратегияи Иёлоти Муттаҳида ҳам бар уқёнуси Ором ва Уқёнуси Ҳинд аз тариқи маҳори зуҳури Чин ва ҳам итминон аз адами зуҳури қудрати рақиби дигар дар минтақа.

Дар ҳоле ки Вашингтон ба Ҳинд ба унвони як шарики муҳим дар маҳори Пекин менигарад, бояд ин масъаларо ҳам дарак кард, ки ин ба маънои ризояти Иёлоти Муттаҳида аз табдил шудани Ҳинд, кишваре бо 1. 4 миллиард нафар ҷамъияту потенсиали иқтисодии азим ба як абарқудрат ва таҳти кантрол гирифтани минтақа нест. “Сулҳи ҳиндӣ” , “Сулҳи Амрикоӣ” нест, чун сиёсати хориҷии Ҳинд ҳавли меҳвари ҳифзи истиқлоли стратегиву доктринаи “аввал ҳамсоягӣ” бино шудааст.

Дар ҳоле ки таниши байни Ҳинду Чин болост, бузургтарину мустақимтарину таърихитарин таҳдид барои Ҳинд ҳамсояи ин кишвар, яъне Покистон аст. Дар манзари суннатӣ Вашингтон равобити бисёр қавии низомӣ бо Исломободро ҳифз карда, чун дар ҷанг алайҳи терроризм дар Афғонистон як муттаҳид буду харидори ҷиддии таҷҳизоти низомии Амрико маҳсуб мешавад. Ҳинд дар иваз ҳамвора аз ҳимояти Амрико аз Покистон норозӣ буд ва ин яке аз далоиле буд, ки ин ду кишвар авоили даҳаи 2000 ҳаргиз ба якдигар наздик нашуданд.

Агарчи ҳамзамон бо тағйири стратегӣ, Покистон ба самти Чин мутамойил шуду Ҳинд ба самти Амрико. Пекин ба бузургтарин ҳомии иқтисодии Исломобод он ҳам аз тариқи ибтикори амали “Камарбанду Ҷода” табдил шуд ва ба дунболи эҷоди корридори иқтисодии Чин – Покистон аст то роҳи ҷадид ба самти уқёнуси Ҳинд боз кунад ва ба ин тартиб обҳоеро, ки Амрико низомӣ карда ва ҳамчунин шибҳи қораи Ҳиндро, давр бизанад.

Дар даврони нахуствазирии Имронхон сиёсати хориҷии Покистон ба тарзи ҷиддӣ як мавзеъи зиддиғарбӣ иттихоз карда буд. Ӯ чинро бо тамоми вуҷуд дар бар дошт ва аз Амрико дур мешуд ва дар айни ҳол, равобити дифоъиро бо Чин афзоиш медод.

Дар зимн, Имронхон ҳамчунин ба дунболи равобити иқтисодии наздиктар бо Русия буд ва дар рӯзи оғози ҳамла ба Украин ба Маскав рафт. Бо ин ҳол, бо тавваҷуҳ ба ин нукта, ки Покистон аз назари геостратегии кишварӣ бисёр муҳим аст, Иёлоти Муттаҳида мавзеъгирии сиёсати хориҷии Покистонро барои манофеъи худаш башиддат мухарриб медонад. Ба ҳамин далел, барои барканории Имронхон даст ба лобӣ зад.

Агарчи равобити Иёлоти Муттаҳида бо Ҳинд ба таври ҳамзамон дар ҳоли рушд буда, аммо Вашингтон алоқае ба эҷоди вазъияти интихобӣ дар шибҳи қораи Ҳинд надорад; ҷое, ки Иёлоти Муттаҳида аз Ҳинду Чин аз Покистон ҳимоят мекунанд, дарвоқеъ Амрико ба фикри сиёсати “тафриқа биндоз ва ҳукумат кун”-и худ аст.

Мавҷудияти Покистон, кишваре бо беш аз 200 миллион ҷамъияту зарфияти силоҳи ҳастаӣ як нозири стратегиву низомии муассир барои қудрати Ҳинд маҳсуб мешавад.

Ҳинд шояд бузургтар аз Покистон бошад ва албатта, дар баландмуддат муваффақтар амал кунад, аммо Покистон ҳамвора як таҳдиди қавӣ аст, ки ҳаргиз наметавон онро ба таври комил аз байн барад.

Аз назари стратегистҳои амрикоӣ, чаро Покистон бояд сирфан манфиати стратегии Чин бошад? Чун он чӣ Амрико мехоҳад лаззат бурдан аз равобити матлуб бо Покистон ва Ҳинд аст то шояд битавонад аз онҳо дар муқобили якдигар истифода кунад ва дар ниҳоят аз ин равиш баҳра бибарад.

Амрико шояд акнун аз Деҳлӣ ҳимоят кунад, аммо бояд инро донист, ки ин ҳимоят ба ин маъно нест, ки Вашингтон розӣ ба табдил шудани Деҳлӣ ба як қудрати рақиб аст, он ҳам замоне, ки танҳо дидгоҳи мавриди қабули Амрико барои ҷаҳон, дидгоҳи такқутбӣ аст.

 


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!