Хабари рӯз

Аз суханронии Ҷеффри Сакс дар Парлумони Аврупо дар 14 октябри 2026

Нависанда: Ҷеффри Сакс, иқтисоддони барҷастаи амрикоӣ ва коршиноси тавсеаи пойдор ва муборизаи ҷаҳонӣ бо фақр

ҶАНГ БО ЭРОН

Ҳеҷ далеле барои ҳеҷ як аз ин ҷангҳо вуҷуд надорад. Ва ба ҳар ҳол, агар Педро Санчесро истисно кунем, ман ҳатто як садо ҳам аз Аврупо дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Эрон нашунидам. Шояд мавзеъгириҳои бархе аз раҳбарон аз назари ман дур монда бошад, аммо баъид медонам шуморашон зиёд буда бошад. Ин ҳамла, нақзи густохона ва маргбори тамоми мавозини мавҷуди байналмилалӣ буд. Трамп ба худ меболад, ки шаш раисҷумҳури пеш аз ӯ ҷуръати чунин кореро надоштанд. Бисёр хуб, пас маълум мешавад, ки фақат ту ба андозаи кофӣ аҳмақ будӣ, ки даст ба чунин коре бизанӣ. Аммо Аврупо куҷост?

Иҷоза диҳед достони кӯтоҳе дар бораи мавзеъи Аврупо дар қиболи Эрон бароятон таъриф кунам ва бо он суханонамро ба поён бирасонам. Дар рӯзи ҳамла, намояндагони Чин, Русия ва Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ман хостанд дар Шӯрои Амният суханронӣ кунам, зеро ман тарафдори сулҳ ҳастам ва куштани раҳбарони як кишвари дигарро қобили қабул намедонам. Ба назари ман, ин фикри бисёр баде аст, ба вижа замоне, ки музокирот дар ҷараён бошад. Иттифоқан ба ҳамин далел раҳбарони Эрон дар иқоматгоҳи Раҳбари муаззам гирди ҳам омада буданд, то пеш аз дидоре, ки қарор буд авоили ҳафтаи оянда дар Вена баргузор шавад, дар бораи мавзеъи худ дар музокирот гуфтугӯ кунанд.

Аммо “Моссад” – ин ба истилоҳ “нобиғаҳо” – бо худ гуфтанд: Ҳоло, ки ҳамаи онҳо дар як ҷо ҷамъ мешаванд, чаро ҳамаашонро аз байн набарем? Бояд гуфт, ки ин ҳам аз сиёсати бисёр “хирадмандона”-и Исроил! Ва Трамп ҳам, ки аҳмақи тамомаёре аст, аз ин пешниҳод истиқбол кард ва гуфт: “Фикри фавқулодае аст! Ман, ки пеш аз ин раисҷумҳури Венесуэларо рабудаам ва тамоми даромадҳои нафтии онҳоро ба чанг овардаам, пас биёед ҳамин корро бо Эрон ҳам анҷом диҳем ва рӯзи баъд худам раҳбари ҷадиде барояшон таъйин кунам". Ӯ воқеан чунин тасаввуре дошт.

Ба ҳар ҳол, ҳамла анҷом шуд, Шӯрои Амният дар ҳамон рӯз ташкили ҷаласа дод ва аз ман хоста шуд, ки дар он шаҳодат бидиҳам. Ман вориди толори нишасти Шӯрои Амният шудам. Раёсати ҷаласа бар уҳдаи Бритониё буд ва намояндагони ин кишвар эълом карданд, ки суханронии ман номуносиб аст; ҳеҷ шоҳиде набояд ҳузур дошта бошад ва оқои Сакс ҳам ҷое дар ин нишаст надорад.

Ин аст Бритониё! Ман тайи 50 соли гузашта ин кишварро ба хубӣ шинохтаам. Онҳо ҳанӯз ҳам бовар доранд, ки Импературии Бритониё ҳамчунон побарҷост. Инро фақат барои иттилои шумо мегӯям, агар касе ҳанӯз дар ин бора тардиде дошта бошад.

Ман он ҷо нишаста будам ва лаҳза ба лаҳза бештар дар буҳту ҳайрати амиқ ва мутлақ фурӯ мерафтам, зеро ҳар як аз сафирони аврупоӣ суханони худро бо интиқод аз Эрон ба далели ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя оғоз мекарданд. Ҳатто агар мехостед чунин чизеро бисозед, наметавонистед!

Иттифоқан нахустин касе, ки сухан гуфт, намояндаи Баҳрайн буд. Ҳамон тавр, ки медонед, новгони дарёии Амрико, ки дар Халиҷи Форс фаъолият мекунад, дар Баҳрайн мустақар аст. Бинобар ин, ҳангоме ки Эрон дар он рӯз ҳадафи ҳамла қарор гирифт, даст ба ҳамлаи талофиҷӯёна зад ва дақиқан ҳамон новгони амрикоиро ҳадаф қарор дод.

Сафири Баҳрайн – айни суханонашро нақл мекунам, ҳарчанд мумкин аст дар баёни яке аз калимот иштибоҳ карда бошам – нишастро бо ин ҷумла оғоз кард: “Мо имрӯз дар ин ҷо гирди ҳам омадаем, то ҳамлаи ғайримуҷози Эрон ба Баҳрайнро маҳкум кунем”.

Бо худ гуфтам: “Аҷиб аст... ғайримуҷоз?”

Аммо тамоми баҳсҳои баъдӣ низ дар ҳамин фазо идома ёфт. Сафирони Фаронса, Бритониё ва Юнон суханронӣ карданд. Албатта, бархе ҳанӯз нишонаҳое аз инсоният аз худ нишон медоданд, аммо аксарият чунин набуданд. Тамоми таваҷҷуҳҳо фақат бар Эрон мутамаркиз буд; Эрон ба унвони як “давлати ҷинояткор” муаррифӣ мешуд.

Ва ҳеҷ кас дар Аврупо нагуфт, ки Иёлоти Муттаҳида асосан набояд ҷангеро алайҳи Эрон ба роҳ меандохт.

АВРУПО БОЯД СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МУСТАҚИЛИ ХУДРО ДОШТА БОШАД

Содиқона бигӯям, ман Аврупоро дӯст медорам, аммо раҳбарии сиёсии кунунии онро на. Ман воқеан наметавонам онро дарк кунам. Дар гузашта, Аврупо садои мустақили худро дошт, ҳатто бо вуҷуди вобастагӣ ба Иёлоти Муттаҳида. Раҳбароне буданд, ки воқеан бар раванди рӯйдодҳо таъсир мегузоштанд: Вилли Брандт, Ҳелмут Шмидт, Ҳелмут Кол, Герхард Шрёдер ва шояд битавон Ангела Меркелро низ ба ин феҳрист афзуд (албатта, то рӯзи нахусти нишасти сарони НАТО дар Бухарест). Франсуа Миттеранро низ набояд фаромӯш кард. Ин феҳристро метавон ҳамчунон идома дод.

Инҳо шахсиятҳои воқеӣ буданд. Фикр мекарданд, гуфтугӯ мекарданд, ба баҳсу табодули назар мепардохтанд ва аз арзишҳое дифоъ мекарданд, ки пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум дар Аврупо шакл гирифта ва тасбит шуда буданд. Наметавон гуфт, ки инҳо арзишҳои асил ва деринаи аврупоӣ буданд, аммо пас аз соли 1945 шакл гирифтанд ва истеҳком ёфтанд ва, бояд изофа кунам, беҳтарин дастовардҳои тамаддуни Ғарбро дар худ ҷой доданд.

Инҳо арзишҳои ғарбӣ буданд, ҳарчанд на илзоман ҳамон арзишҳое, ки Ғарб ҳамвора аз онҳо сухан мегуфт. Он раҳбарон инсонҳои барҷастае буданд: мавозеъи худро ошкоро баён мекарданд, бо ҷанги Ироқ мухолифат меварзиданд, аз “сиёсати шарқӣ” (Ostpolitik) ҳимоят мекарданд, дар бораи паёмадҳои бархе иқдомот ҳушдор медоданд ва аз мубтакирони Санади ниҳоии Ҳелсинки, эҷоди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) ва мафҳуми амнияти таҷзиянопазир буданд.

Ман мехоҳам чунин Аврупоеро бибинам. Медонам, ки чунин Аврупое вуҷуд дорад. Гумон мекунам аксарияти қотеъи аврупоиҳо низ ҳаминро мехоҳанд. Аз ҳамин рӯ, аслан тааҷҷуб намекунам, ки ба зудӣ барои дидани мизони маҳбубияти Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ба микроскоп ниёз хоҳем дошт. Аз назари фаннӣ, ин мизон эҳтимолан наметавонад манфӣ шавад, аммо ба сифр наздик хоҳад шуд; чизе, ки ҳузури садҳо ҳазор ҷавон дар хиёбонҳои шаҳрҳои Фаронса низ гувоҳи он аст.

Ва Мертс эҳтимолан бадиқболтарин ва номаҳбубтарин садриаъзам дар таърихи муосири Олмон аст, зеро ӯ оташфурӯзи ҷанг аст. Ман наметавонам бифаҳмам чаро чунин мавзеъе иттихоз кардааст. Ӯ бояд ба содагӣ гӯшии телефонро бармедошт, бо ҳамтои худ дар Маскав тамос мегирифт ва мегуфт: “Оқои раисҷумҳур Путин, вақти он расида, ки бо ҳам гуфтугӯ кунем”.

Ин нахустин коре буд, ки ӯ бояд дар ҳамон рӯзи аввали тасаддии мақоми садриаъзамӣ анҷом медод. Шояд натиҷа ноумедкунанда мебуд, аммо дастикам талоши худро карда буд. Дар ҳоле ки ӯ ҳатто талоше ҳам накард.

Мо ба чунин Аврупое ниёз дорем. Ман аз берун ба ҳамаи ин рӯйдодҳо нигоҳ мекунам, аммо Аврупоро дӯст медорам. Ба ҳамин далел аз шумо мехоҳам: аз Аврупо қатъи умед накунед. Фикр намекунам барои ин кор ба солҳои тағйиру таҳаввул ниёз бошад. Танҳо чизе, ки лозим аст, тағйири дарку нигариш ва дигаргунӣ дар қалбҳост. Ман тавсия мекунам ҳамин фардо ин корро анҷом диҳед, пеш аз он ки Украина дар зимистони имсол ях бизанад, то ба ин ранҷу меҳнат поён дода шавад.

Аврупо аз Украина дифоъ намекунад. Аврупо дар ҳоли куштани Украина аст. Мардум бо маргу мири густарда рӯбарӯ хоҳанд шуд; ҳатто оби ошомидании солим низ боқӣ нахоҳад монд. Русия барои пирӯзӣ меҷангад, он ҳам дуруст дар ҳамин лаҳза, зеро Аврупо ҳар рӯз эълом мекунад, ки ӯ низ барои пирӯзӣ меҷангад. Чунин адабиёте дар асри ҳастаӣ, девонагии маҳз аст, ба вижа агар дар назар бигирем, ки чӣ чизҳое дар маърази хатар қарор доранд.

Ва нуктаи охир: масъала сирфан барқарории оташбас нест. Масъала ин аст, ки яке аз сиёсатмадорони аврупоӣ бархезад ва бигӯяд: “Оқои Путин, НАТО бо узвияти Украина ё Гурҷистон густариш нахоҳад ёфт. Ҳоло биёед ба ин ҷанг поён диҳем”.

Асли моҷаро ҳамин аст ва ҷанг дақиқан бо чунин шароите поён хоҳад ёфт. Албатта, ихтилофи назарҳо дар бораи марзҳо ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд, зеро ҳеҷ тавофуқи ҳуқуқии ниҳоӣ дар бораи марзҳо сурат нахоҳад гирифт. Як хатти оташбас, як хатти контроли идорӣ шакл хоҳад гирифт, ҳамон гуна, ки акнун дар бисёре аз нуқоти дигари ҷаҳон вуҷуд дорад ва чунин вазъияте мумкин аст солҳо ё ҳатто даҳаҳо идома ёбад.

Аммо даргириҳои низомӣ мутаваққиф хоҳанд шуд, ин девонагӣ поён хоҳад ёфт ва ҳаракат ба сӯи ҷанги ҳастаӣ мутаваққиф хоҳад шуд. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф, набояд ҳар рӯз зарурати «оташбас»-ро такрор кард, балки бояд аз зарурати сулҳ ва амнияти таҷзиянопазир сухан гуфт.

Дастёбӣ ба ин ҳадаф душвор нест, зеро иллати ҷанги кунунӣ комилан рӯшан аст.

Бисёр сипосгузорам.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!