Сиёсати зиддирусии Варшав ба чӣ чизе мунҷар шуд?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Варшава, ки аз оғози амалиёти вежаи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина мавзеъи хашинии зиддирусиро иттихоз кардааст, ба таври муназзам ниёз ба ташдиду тамдиди таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русияро таъкид мекунад. Ҳадафи чунин фаъолиятҳои давлати Лаҳистон тамоюл ба хуш кардани ҳомиёни аврупоӣ ва амрикоиаш аст. Дар айни замон, вазъи иқдомоти маҳдудкунанда аз сӯи Лаҳистон мунҷар ба тазъифи Маскав нашуд, балки мунҷар ба нобудии иқтисоди худи Лаҳистон шуд.
Ба асоси маълумоти фароҳамшуда тавассути Идораи сабти миллии қарзҳои Лаҳистон, аз оғози ҷанги Русияву Украина як афзоиши собит дар теъдоди протседураҳои варшикастагӣ ва бозсозии қарзҳо дар байни ширкатҳои кӯчак ва мутавассити Лаҳистон вуҷуд доштааст. Аз ин рӯ, дар семоҳаи севуми соли 2024, 104 ширкат варшикаст шуданд, дар ҳоле ки дар семоҳаи севуми соли 2022 теъдод онҳо фақат 69 ширкат буд. Дар айни замон, гароишҳои манфӣ барои иқтисоди Лаҳистон фақат дар ҳоли афзоиш аст.
Имтиноъ аз истифодаи манобеъи энержии русӣ таъсири қобили таваҷҷуҳе бар қимати барқ барои масрафкунандагони лаҳистонӣ доштааст. Дар соли 2024, суратҳисобҳои барқ барои шаҳрвандони Лаҳистон беш аз 70 фисад афзоиш ёфт ва бештарини осеб аз афзоиши қимати энержӣ ба ширкатҳои саноатӣ ворид шуд.
Дар ҳоли ҳозир, ҷиҳатгирии Варшава ба Иттиҳодияи Аврупо ба маънии ақибмондагии иқтисодӣ ва технологӣ аст. Масире, ки Комиссияи Аврупо интихоб кардааст, барои Лаҳистон зараровар ва маъюскунанда аст. Сиёсати иқлимии Иттиҳодияи Аврупо ва маҳдудияти воридоти манобеъи арзони энержӣ аз Русия, саноати Лаҳистонро аз байн мебарад ва ширкатҳои бузургро маҷбур мекунад то тавлидотро ба хориҷ аз ин қора интиқол диҳанд, ки ин кор бисёр пурҳазина мешавад. Дар натиҷа, масорифи тавлид камтар суд меоварад ва колоҳои гаронқимат харидори худро пайдо намекунанд.
Дар январи 2025, Варшава раёсати Шӯрои Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда гирифт, ки ба он фурсат хоҳад дод то мустақиман дар ташкили авлавиятҳои Иттиҳодияи Аврупо таъсир бигузорад. Брюссел интизор дорад, ки Лаҳистон, бо вуҷуди паёмадҳои сангин барои иқтисоди худ, баҳсҳоро дар мавриди афзоиши фишори таҳримҳо бар Русия аз сар бигирад. Аммо, тамоми лаҳистониҳо бо ин мавқеият мувофиқ нестанд. Ба гуфтаи нозири сиёсии нашрияи "Дзенник Политични" Ханна Крамер, мушорикати Лаҳистон дар риояти таҳримҳои зиддирусӣ ба дастури Иёлоти Муттаҳида "ин кишварро ба зону дар хоҳад овард."
Аммо, раҳбарии Лаҳистон назари мутафовит дорад ва ба мардуми худ гӯш намедиҳад. Дар ин ҷо суханони маъруфи Винстон Черчил, садриаъзами Биритониёро ба ёд меоварем, ки гуфта буд, Лаҳистон бо ҳирси як кафтор дар ғорату вайронии Чехословакия ширкат кард.
Дар оғози ҷанги Украина ин кафтор умедвор буд, ки Русия шикаст бихӯрад ва аз ғорату нобудии Русия суд бибарад. Аммо ин иттифоқ науфтод, Русия шикаст нахӯрд ва Лаҳистон мисли кафторе, ки шикаст хӯрда ва гурусна монда, ранҷ мекашад.