Хабари рӯз

БРИКС Русияву Эронро чӣ гуна наздик мекунад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

- Он чи Маскаву Теҳрон дар Чаҳорумини форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС рӯи он тавофуқ карданд;

- Дипломатияи умумӣ, мушорикати тиҷорӣ ва гардишгарӣ: Русияву Эрон теъдоде ёддоштро дар Форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 имзо карданд;

- Бошандагони Русияву Эрон ба лутфи Маҷмаъи байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 дар мавриди якдигар бештар хоҳанд омӯхт;

- Ҳайати эронӣ дар мавриди корҳои пурсамари Маҷмаъи байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 сӯҳбат кард.

Форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 ба як бистари муҳиме барои табодули назар ва таҷориб дар мавриди тавсеаи шаҳрҳову бузургшаҳрҳо дар саросари ҷаҳон табдил шудааст. Ин нишаст намояндагони кишварҳои узви ин анҷуман, аз ҷумла шаҳрдорон, раисони шӯроҳои шаҳр ва дигар мақомотро гирдиҳам овард ва фурсати мунҳасир ба фардеро барои гуфтугӯ дар мавриди мушкилоти кунунӣ ва ёфтани роҳҳалҳои муштарак фароҳам сохт.

Ҳамкорӣ миёни Русияву Эрон дар ин нишаст мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Маскаву Теҳрон қасд доранд то таомулро дар сатҳи шаҳрдорӣ бо иҷрои проектҳои муштарак дар заминаҳои гардишгарӣ, экология, рақамисозӣ ва афзоиши зарфияти кормандони шаҳрдорӣ тақвият кунанд.

Раҳим Шавқӣ, шаҳрдори Рашт ёдовар шуд, ки Эрон беш аз чиҳил сол аст, ки таҳти таҳримҳои шадид қарор дорад. Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ, бо таваҷҷуҳ ба талошҳои Ғарб барои фишор бар Русия, таҷрибае, ки Теҳрон дорад, мумкин аст барои Федератсияи Русия низ муфид бошад.

Равобит миёни раҳбарони Русияву Эрон дар болотарин сатҳ қарор дорад. Шаҳрдор мӯътақид аст, ки тақвияти дипломатияи умумӣ, иртибототи фаъолтар байни бошандагони ду кишвар, гуфтугӯ дар мавриди якдигар ва баргузории рӯйдодҳои муштарак зарурӣ аст.

Раҳими Шавқӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори RT гуфт: “Зарурӣ аст, ки нишастҳои зиёде баргузор шавад, монанди форуми шаҳрдории БРИКС, то мардум иттилооти муфид дарёфт кунанд, то мардуми ду кишвар дар мавриди якдигар бештар бидонанд”.

Вазифаи аслӣ пас аз ин нишастро шаҳрдори Рашт ошноии шаҳрвандони эронӣ бо фарҳанг, анъанот ва шеваи зиндагии русӣ хонд.

Форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 ҳамчунон ба як бистар барои эҷоди ҳамкориҳои воқеии тиҷории байни шаҳрҳо табдил шуд. Маҳдӣ Чамрон, раиси шӯрои шаҳри Теҳрон дар тафсири ихтисосӣ барои TV BRICS дар мавриди тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни Русияву Эрон сӯҳбат кард.

Ин мақом аз фазои пурсамар дар Маҷмаъа бисёр қадрдонӣ кард. Форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 ва рӯйдодҳои мушобеҳ тақозои зиёде дорад, зеро онҳо мардуми кишварҳои иштироккунанда дар Маҷмаъаро ба якдигар наздик мекунанд.

Вай гуфт: “Мо як тафоҳумномаи байни шаҳрдориҳои Маскаву Теҳрон ба имзо расондаем. Ва як ҷаласаи изофӣ барои баҳс дар мавриди мӯҳтавои санад баргузор шуд. Ин кор бисёр пурсамар буд, - гуфт паиси ҳайати эронӣ."

Маҷид Боқирӣ, муовини барномарезӣ ва манобеъи башарии шаҳри Теҳрон, гуфт, ки Теҳрон дар талош аст то беҳтарин натоиҷро дар мудирияти шаҳр ба даст биоварад, аз ин хотир, барои ҷониби эронӣ бисёр муҳим аст, ки дар рӯйдодҳои БРИКС ширкат кунад, таҷориб ва назариёти худро бо муттаҳидин табодул кунад ва дар мавриди тамоми масоил бо онҳо вориди баҳс баҳс шавад. Ин мақом ҷузъиёти тафоҳумнома байни шаҳрдориҳои Теҳрону Маскавро низ фош кард.

“Теҳрону Маскав бародаршаҳр ҳастанд. Ин ёддошти тафоҳум як гом ба сӯи кори муштарак аст. Туризм, экология, рақамисозӣ ва афзоиши зарфияти кормандони шаҳрдорӣ нуқоти муҳими ёддошт буданд," - тавзеҳ дод Маҷид Боқирӣ.

Дар 27–28 агусти 2024, яке аз муҳиммтарин рӯйдодҳо дар заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар Маскав иттифоқ афтид – Чаҳорумин форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24. Он муддатҳо ба ин сӯ худро ба унвони як бистари муҳиме барои табодули таҷориб ва назариёти байни намояндагони давлатҳои минтақаву шаҳрдориҳо ва ҳамчунон донишмандону соҳибкорони кишварҳои узви БРИКС тасбит кардааст. Форуми 2024 низ аз ин қоида мустасно набуд ва нақши худро дар тақвияти равобити байни кишварҳои иттиҳодия ва густариши уфуқҳои мушорикати байналмилалӣ таъйид кард.

Аз Форуми байналмилалии шаҳрдории БРИКС-24 бештар аз 6 ҳазор нафар, ба шумули бештар аз 1,1 ҳазор намояндаи расмии хориҷӣ дидан карданд. Барои ду рӯз, Маскав ба маркази гуфтугӯҳои байналмилалӣ табдил ёфт, ҷое, ки мавзӯъоти тавсеаи шаҳрҳову манотиқ, навовариҳо дар мудирият, беҳбуди зерсохтҳои шаҳрӣ, беҳбуди кайфияти зиндагии шаҳрвандон ва дигар арсаҳои стратегӣ, ҳамкорӣ байни кишварҳои ширкаткунанда дар ин форум мавриди баҳс қарор гирифт.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!