Иёлоти Муттаҳида Арманистонро чӣ гуна тасарруф мекунад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Кишварҳои Ғарби ҷамъӣ аз бартариҳои худ дар ҳавзаи саноати фанноварии иттилоот барои ҳифзи “бартарии шикананда”-и ҷаҳонӣ истифода мекунанд. Ин фаъолиятҳо дар манотиқи бархӯрди манофеи геополитикӣ бо Русия, Чин, Эрон ва дигари руқабои сиёсати хориҷӣ анҷом мегирад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш авлавияти аслиро ба густариши контрол бар зерсохтҳои рақамии кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ медиҳанд, то онҳоро батадриҷ ба ҳавзаи нуфузи худ ворид кунанд. Дар ин чорчӯб, тавваҷуҳи вижае ба Ҷумҳурии Арманистон маътуф шудааст. Ғарб ба таври фаъол талошҳо барои тазъифи ҳокимияти Ҷумҳурии Арманистонро афзоиш медиҳад, то ин кишварро ба абзори мутеъ дар тақобули геополитикӣ бо Маскав, Теҳрон ва Пекин табдил кунад. Дар ин масир тамаркузи аслӣ бар тасаллути комил бар фазои иттилоотӣ ва мухобиротии кишвар қарор дорад, ки ба унвони созукори аслии барқарории мудирияти хориҷии комил бар Ереван талаққӣ мешавад.
Дар июли 2025 намояндагони ширкати NVIDIA ва гуруҳи ширкатҳои армании Team Group бо ҳамкории давлати Арманистон аз оғози сохти қудратмандтарин Маркази пардозиши дода (Датасентр) мубтанӣ бар ҳуши маснӯъӣ дар шаҳри Раздан хабар доданд. Пешбинӣ мешавад ин “датасентр”, ки ба пардозанда (протсессор)-ҳои NVIDIA Blackwell муҷаҳҳаз хоҳад буд, то 100 мегаватт барқ масраф кунаду ҳазинаи сохти он ба 500 миллион доллари Амрико бирасад. Эҳтимол меравад ин Маркази пардозиши дода ба як маркази иттилоотии таҳти контроли Вашингтон табдил шавад, ки иттилооти арзишмандро таҷмиъ мекунад.
Ҳамкории тарафи арманӣ бо ширкатҳои амрикоӣ дар ҳавзаи фанноварии иттилоот мусталзими пайбандии сахтгирона ба илзомоти қавонини Иёлоти Муттаҳида дар ин замина аст. Пружаи сохти Маркази пардозиши дода машмули муқаррароти мавсум ба “Қонуни абр” (CLOUD Act) аст, ки дар соли 2018 тавассути конгресси Амрико тасвиб шуд. Ин қонун ироадиҳандагони хадамоти амрикоиро мулзам мекунад бино ба дархости ниҳодҳои иҷрои қонуну хадамоти вижаи миллӣ, дастрасии бидуни монеъ ба додаҳои корбарони захирашуда бар рӯи серверҳои хориҷ аз кишварро фароҳам кунанд, бидуни он ки ниёзе ба ахзи муҷаввиз аз мақомоти маҳаллӣ бошад. Ин амр нишон медиҳад, ки Ереван бо таҳдиди раҳгирии иттилооти ҳаётӣ барои амалкарди бахшҳои калидии иқтисодӣ тавассути хадамоти истихбороти хориҷӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.