Хабари рӯз

Толибон* дар ҷангҳои дирӯзи Андароб шикаст хӯрданд ва хабари кушта шудани як фармондеҳи маъруфи онҳо низ таъйид шуд

ҲИНДУКУШ, 30 март - Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Ин даргириҳо соати 4 – субҳи рӯзи гузашта, 29 март, шуруъ шуда, ҳаволии соати 6 – и бегоҳ ба анҷом расиданд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз шаҳодати як фармондеҳи худ дар Андароб хабар дод.

Дар акс: Ҳасанхон Андаробӣ (аз рост) ва Муҷоҳид Андаробӣ (аз чап)

Ҳасанхон Андаробӣ, яке аз фармондеҳоне, ки дар ин ҷанг ширкат дошт, ба хабарнигори сомонаи Сангар дар Ҳиндукуш хабари кушта шудани Сайид Ёқутшоҳ, маъруф ба Сайидо Қучо, яке аз фармондеҳони матраҳи Толибон дар Бағлонро таъйид кард.

“Он қадар, ки ба мо маълум аст, Сайидо Қучо фармондеҳи ливо (бригада) - и Келегайи вазорати дифоъи Толибон дар Бағлон буд. Ӯ тоҷик ва фармондеҳи Толибони вулусволиҳои Ҷилгаву Бурка буд, ки ин вулусволиҳоро аз аввалинҳо шуда, барои Толибон суқут дода буд ва дар ин миён ҷабру зулми зиёде ба мардум кард, аз ҷумла чандин сарбозу афсари ҳукумати пешинро ба шаҳодат расонд”, - гуфт Ҳасанхон Андаробӣ.

Дар акс: Сайид Ёқутшоҳ (дар байн) 

Даргириҳо дар вулусволии Деҳсалоҳ - дараҳои Қосону Хайдара ва рустои Косатарош - соати 4 – субҳи рӯзи гузашта, 29 март, шуруъ шуда, ҳаволии соати 6 – и бегоҳ ба анҷом расиданд. Дар ин ҷанг аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба ҷуз Ҳасанхон Андаробӣ, сарбозони фармондеҳони дигар – Муҷоҳид Андаробӣ ва Абдулматин Андаробӣ алайҳи Толибон ҷангиданд.

Қаблан хабарнигори Сангар хабар дода буд, ки дар ин даргирии якрӯза ҳудуди 19 толиб ба ҳалокат расида, 8 тани дигарашон захмӣ шудаанд. Аммо бино ба иттилое, ки аз шифохонаи ёрии таъҷилии вулусволии Деҳ Салоҳ ва шаҳри Пули Хумрӣ ба даст омад, теъдоди захмиёни толиб хеле зиёд буда, ҷасадҳояшон ба Кобул интиқол ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушта шудани 13, машмули Сайид Ёқутшоҳ ва захмӣ шудани 17 толиби дигарро таъйид кард.

Қаблан Ҷабҳа аз шаҳодати Абдулматин Андаробӣ, яке аз фармондеҳон ва захмӣ шудани як сарбозаш хабар дода буд. Абдулматин Андаробӣ дар гузашта дар ниҳодҳои пулис ва урдуи миллии Афғонистон адои хидмат намуда, пас аз суқути ҷумҳурият ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваста буд ва субҳи рӯзи гузашта дар шуруъи даргириҳо дар ҷангҳои Андаробҳо ба шаҳодат расид.

Дар ҳамин ҳол, манобеъи Толибон аз кушта шудани чаҳор муқовиматгар, шумули фармондеҳ Абдулматини Андаробӣ хабар додаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Сангар хабарҳо дар бораи чархболҳои ҷангии Толибонро таъйид карда гуфт, онҳо аз фазои Деҳсалоҳ ба самти дараи Қосон парвоз кардаанд.

“Аммо ин чархболҳо ягон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом надода, фақат захмиҳо ва ҷасадҳои афродашонро ба Кобул интиқол доданд”, - гуфт ӯ.

Андаробҳо як минтақаи вилояти Бағлон буда, номи умумии вулусволиҳои Деҳсалоҳ, Бану ва Пули Ҳисор мебошад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!