Аҳмад Масъуд аз Покистону Чин хостааст, ки аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон* худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 30 март - Сангар, Фирдавси Низом. Қарор аст 31 март кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Пекин ҷамъ оянд.
Нусхаи электронии номаи расмие, ки ба дасти сомонаи Сангар расид, унвонии Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон аз сӯи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон навишта шудааст.
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аслияти ин номаро таъйид карда, гуфт, ин нома аз сӯи Аҳмади Масъуд ба имзо расида, дар он аз ҷониби Покистон хоста мешавад, ки сари ҳамкориҳояш бо Толибон таҷдиди назар кунад.
“Ҳамчунин як нома ба вазорати хориҷаи Ҷумҳури халқии Чин низ тариқи роҳҳои дипломатӣ ирсол шудааст”, - гуфт Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ.
Аҳмад Масъуд дар номааш навиштааст, ки Исломобод бо шинохти расмии Толибон таҳдидҳои амниятӣ ба худро бештар месозад.
“Толибон дорои ривояти хос ба гурӯҳу созмонҳои террористии минтақавӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои террористии фаъол дар Покистон мебошанд. Ҳамон гунае, ки шоҳид ҳастем, мутаассифона, баъд аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳамалоти террористӣ дар Покистон афзоиш ёфт ва рӯҳияи гурӯҳҳои террористӣ баланд шуда, таҳдиди бузурги амниятиро мутаваҷеҳи минтақа сохтааст. Аз ҷониби дигар рафтори гурӯҳи Толибон бо гуфторашон дар нишастҳо ва маҷомеъи байналмилалӣ комилан дар муғойират буда, ин гурӯҳ тааҳҳуд барои арзишҳои инсонӣ ва равобити ҳасана бо ҳамсоягони минтақавӣ надорад” - омадааст дар мактуб.
Дар мактуби Аҳмад Масъуд аз амалкардҳои Толибон пас аз расидани дубора ба қудрат, монанди куштори мардуми бегуноҳ, низомиён ва кормандони низоми собиқ, шиканҷаи фаъолони маданӣ, боздошту саркӯби рӯзноманигорон ва маҳдудияти кори расонаҳо шадидан интиқод шуда, аз тақвияти гурӯҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон бо ҳимояти бевоситаи Толибон ҳӯшдор дода мешавад.
Аҳмад Масъуд махсусан аз ДОИШ* ва Таҳрики Толибони* Покистон ёд мекунад, ки аз Толибон илҳом гирифтаанд ва қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва инсон ба авҷи худ расидааст, ки таҳдиди муштарак ба минтақа, аз ҷумла Покистон мебошад.
Дар ин мактуб бо зикри муштаракоти зиёди мардуми Афғонистону Покистон гуфта мешавад, ки ҳамсоягии нек ва ҳусни ҳамҷаворӣ метавонад, ояндаи муносиботи ду кишварро манфиатбор созад.
Дар охир Аҳмади Масъуд бо ишора ба нишасти ҳамсоягони Афғонистон дар Чин аз Покистон даъват намудааст, ки бо эътироф накардани ҳукумати Толибон дар паҳлуи мардуми Афғонистон қарор бигирад.
Сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон - Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия қарор аст 31 март дар Пекин, пойтахти Чин, баргузор шавад.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст