Хабари рӯз

Дар шаҳри Мазори Шариф боз ду инфиҷор рух дод, ки ҳадафи ҳарду ҳам мардуми ҳазора буданд

МАЗОРИ ШАРИФ, 29 апрел – Сангар, Қорӣ Аҳмад. Дуруст як ҳафтаи қабл низ дар як масҷиди шиаёни ҳазораи ин шаҳр як ҳамлаи интиҳорӣ рух дода буд.

Дирӯз, 28 апрел, ҳаволии соати панҷи аср ду инфиҷори пайиҳам дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх рух дод, ки дар пайи он ҳудуди 30 тан куштаву захмӣ шудаанд.

Бино ба гузориши хабарнигори сомонаи Сангар, инфиҷори аввал дар кӯчаи мактаби Султон Ғиёсуддин, наздик ба “Девори фарҳехтагон”-и Балх, истгоҳи мошинҳои мусофирбари самти Алиобод ва Саҷҷодия, ду маҳалли ҳазоранишин, иттифоқ афтодааст.

“Инфиҷори дуюм дар ҳавзаи даҳум, чорроҳаи мавсум ба Контейнерҳо, кортаи Саҷҷодия, қарибии масҷиди Зоҳир Ваҳдат иттифоқ афтод. Ҳарду инфиҷорро тариқи минаҳои магнитӣ анҷом додаанд. Ҳарду мутар ҳам мусофирбар ва аз навъи “Тунис” буданд, ки мусофир мекашиданд. Ҳарду мошин нокоршоям шудаанд – яке, пурра сӯхта, дигаре, комилан тахриб шуда”, - гуфт ӯ.

Тибқи иттилое, ки хабарнигори Сангар аз фармондеҳии амнияи вилояти Балх ба даст овард, ҳарду инфиҷор 9 кушта ва 13 захмӣ ба ҷой гузоштаанд. Аммо бино ба додаҳое, ки аз ду шифохонаи шаҳри Мазори Шариф ба даст омад, теъдоди кушташудагон 11 ва захмиён 19 нафар будааст ва се захмии дигар ҳам дар ҳолати вахим қарор доранд.

Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони Ҳизби ваҳдат, ки аксари аъзояш ҳазораҳо ҳастанд, бо зикри “дастони ҷинояткори терроризми такфирӣ” куштори “мардуми мулкиву бедифоъ ва рӯзадор ҳазораро” маҳкум кард ва аз Толибон хост, ки посухгӯи ин ҳодиса бошанд.

“Толибон, ки иддаоъ дорад амнияти кишвар сад фисад таъмин аст, масъулияти ин ҷиноёт ва наслкушии ошкор ба далели қавмият ва мазҳаб ба дӯши чӣ касе мебошад ва бояд ҳукумати Толибон посухгӯи ин ҳодисаи фоҷиабор бошанд ва ё агар ҳамдасти террористҳои такфирӣ нестанд, худ мардумро мусаллаҳ кунанд ва амният минтақаро ба худи мардум вогузар кунанд”, - гуфтааст Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ.

21 апрел, ҳангоми намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар Масҷиди Седӯкон, бузургтарин ва қадимитарин масҷиди шиъён ва ҳазораҳо дар маркази шаҳри Мазори Шариф як ҳамлаи интиҳорӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки дар пайи он 31 намозгузор кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуда буданд. 19 апрел дар ду муассисаи таълимии ҳазораҳо дар минтақаи Дашти Барчии ғарби Кобул низ ду ҳамлаи интиҳорӣ иттифоқ афтод, ки ҳудуди 60 мактабхонро куштаву захмӣ кард.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро ДОИШ ба дӯш гирифта буд. Эҳтимолан ҳамлаи дирӯзро низ ин гуруҳ ба дӯш хоҳад гирифт.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!