Хабари рӯз

Ҷаласаи сарони муқовимати зиддитолибонӣ, ки қарор аст дар кишвари Утриш баргузор шавад, зоҳиран ҷозибаи худро аз даст додааст

МАШҲАД, 28 апрел – Сангар, Заҳири Фақир. Толибон мехоҳанд сарони муқовиматро барои баргузории як Луйи Ҷирга ба Кобул даъват кунанд.

Дасти кам намояндагони се ҷабҳаи муқовимати зиддитолибонӣ ба сомонаи Сангар таъйид карданд, ки барои ширкат дар як ҷаласаи бузург дар Австрия ва ҳамзамон як Луйи Ҷирга дар Афғонистон даъват шудаанд:

“Дастандаркорони ҷаласаи Утриш, ки қарор аст, миёнаҳои моҳи май дар шаҳри Венаи кишвари Австрия баргузор шавад, бо мо тамос гирифтанд. Толибон ҳам тариқи афроди хос чунин як ишораҳо медиҳанд. Аммо ҳеҷ яке қатъӣ ба назар намерасад”, - гуфт яке аз онҳо.

Қаблан Ҳасан Козимии Қумӣ, намояндаи вежаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр” – и ин кишвар изҳор доштааст, ки Толибон ба думболи баргузории Луя Ҷирга (Маҷлис бузургон) мебошанд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, Толибон аз раҳбарони сиёсии Афғонистон даъват кардаанд ба Кобул баргарданд ва амнияти онҳо замонат дода мешавад.

“Ӯ афзуда, ки интизор дорад, Афғонистон дар ҳавзаи амният, иқтисод ва илм ба субот бирасад ва ин боис шавад, ки муҳоҷирин ба кишвар ва сарзамини худашон баргарданд ва Эрон ҳам дар ин замина кӯмак кунад. Оқои Козимии Қумӣ ибрози умедовори карда, ки бо анҷом шудани ин маворид буҳрони Афғонистон ҳал шавад”, - навиштааст манбаъ.

Намояндаи вежаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон дар ҳоле ин сӯҳбатро кардааст, ки Толибон то кунун худ дар ин бора изҳори назари расмӣ накардаанд ва мавсуф ин мавзӯро расонаӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз намояндагони ҷабаҳоти муқовимат мегӯянд, бар нишасти Утриш авлавият медиҳанд, зеро ба қавлу қарори Толибон аслан бовар надоранд.

“Ин барои касонест, ки мунтазири даъвати Толибон ҳастанд, на муборизон. Шояд бархе афроде, ки ҳарфшунави Эрон ҳастанд, бираванд. Барнома ин аст, ки онҳо машруъият ба даст оранд ва ҳам раҳбарони бозарфиятро таҳқиру тавҳин кунанд ва ҳатто аз миён баранд. Ин ҳам барномаи худи Толибон нест, аз пуштибононашон аст. Эрон бидуни мувофиқа бо Русияву Чин коре намекунад”, - гуфт яке.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони Сангар, ҷаласаи Вена низ ҷозибаи худро гум мекунад, қабл аз ҳама барои он, ки эҳтимол меравад, пушти парда кишварҳои мухолифи ин “сегона”-и дар ҳоли ҳозир ҳамкори Толибон, аз ҷумла Амрикову Аврупо бошанд. Ҷабаҳоти аслии муқовимати зиддитолибонӣ талош мекунанд худро аз шарри ихтилофҳои қудратҳои бузург эмин доранд ва ба бозии қудратҳои бузург ҳамроҳ нашаванд.

Қаблан Сангар хабар дода буд, ки қарор аст ҷаласаи сарони муқовимати Афғонистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шавад ва як Шӯрои дутабақа дар он таъсис ёбад. Аммо ба далоили номаълум ин ҷаласа дар сатҳи поён ва фақат бо ширкати намояндагони ҷабаҳот, ки дар Эрон қарор доранд, баргузор шуд, аммо тасмими хосе гирифта нашуд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!