Талошҳо барои пайдо кардани генерал Абдулвадуд, маъруф ба Вадудхони Командо, ба нокомӣ анҷом ёфтааст. Толибон ӯро пинҳон мекунанд
ҲИНДУКУШ, 03 апрел – Сангар, Ҳасиби Сангарӣ. Вай ҳанӯз аз замони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд қарор гирифт ва узви барҷастаи нерӯҳои вижа, маъруф ба командои ӯ ба ҳисоб мерафт.
Яке аз наздикони Вадудхони Командо ба сомонаи Сангар гуфт, рӯзи 5 сентябр, ҳамон рӯзе, ки марзум Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зара, ба асорати Толибон афтоданд, вай низ ғайб зад ва дигар касе ӯро надид.
“Дар оғоз гуфтанд, ки ӯро Толибон ба асорат гирифтаанд. Ҳашт моҳ зиндон ба зиндон ӯро ҷустуҷӯ кардем, аммо дар ҳеҷ куҷо пайдояш накардем. Як нафар бо мо тамос гирифт ва гуфт, ки ба ивази пули ҳангуфт метавонад ӯро пайдо ва озод кунад. Аммо вақте шавоҳид хостем, гум шуд. Ҳоло як зиндони хоси дигари Толибон ҳаст, ки умедворем, он ҷо ӯро пайдо кунем”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбати дигари Сангар мегӯяд, дар рӯзи вуруди Толибон ба Панҷшер генерал Вадудхони Командо захмӣ ва ҷое пинҳон мешавад, аммо касе макони ӯро фош месозад ва ӯро Толибон дастгир мекунанд.
“Маълум нест, бо ӯ, ки як марди маъруфу тануманду боғуруре буд ва ҳеҷ ба касе сар намефаровард, чӣ кор карданд? Дар гармогармии ҷанг шояд мисли Даштиву Вадудхон ба шаҳодат расонданд, ё бо худ ба Кобул бурданд. Ҳеҷ иттилое бо гузашти ҳашт моҳ дар даст нест”, - гуфт ӯ.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва генерал Вадудхони Зара, масъули молии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон рӯзи 5 сентябри соли гузашта аз сӯи Толибон дар Панҷшер боздошт ва пас аз се рӯз ба шаҳодат расида буданд. Ҳарду аз пайвандони Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат ба ҳисоб меомаданд.
Дар ҳамин ҳол, дар расонаҳои иҷтимоӣ ин гузоришҳо дарз кардаанд, ки генерал Вадудхони Командоро Толибон дар ҷараёни ишғоли Панҷшер бо либоси мулкӣ ва бидуни кадом аслиҳае аз рустои Бозораки дара боздошт карда, ба ҷои номаълуме интиқол додаанд.
Бино ба ин гузоришҳо, вай ҳашт моҳ ба ин сӯ дар банди Толибон аст ва ҳатто аз ибтидоитарин ҳуқуқи як асир, он ҳам мулоқот бо хонаводаашро фароҳам намекунанд.
Генерал Вадудхони Командо ҳудуди 55 сол дошта, сокини деҳаи Раҳмонхели вулусволии Бозорак аст. Вай аз замони наврасӣ ба сафи муҷоҳидини Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, пайваст ва муовини фармондеҳи китъаи хос, маъруф ба командои ӯ буд. Азбаски дар сафи муҷоҳидон чандин нафар номи Вадудро доштанд, ӯро ба хотири тааллуқаш ба нерӯҳои вижа, Командо лақаб дода буданд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст