Хабари рӯз

Панҷ ҳодиса ва ҳамоса алайҳи Толибон дар Шимолӣ ва шимоли Ҳиндукуш (мизони 1375 ило сунбулаи 1378)

Нависанда: Муҳаммад Абдуллоҳ, рӯзноманигор, махсус барои “Сангар”

Матлаби аслӣ: حماسه‌های مقاومت اول

Пас аз нашри матлаби “Шимолӣ, хатти муқаддами ҷанг ва қурбонии озодихоҳӣ”, дӯстоне дар бораи ҳамалот ва шикастҳои Толибон, покистониҳо, Алқоида ва гурӯҳҳои террористии ҳамдасти онҳо дар муқовимати аввал, назариёти мутафовит доштанд ва пурсишҳоеро матраҳ карданд, ки маро водошт то дар ин бора бештар тадқиқ намуда ва фишурдаи онро бо шумо шарик намоям.

Толибон ва ҳамдастони хориҷиашон дар панҷ соли аввали ҳокимияташон даҳҳо ҳамлаи бузург бар мавозеъи муқовимат доштанд, ки дар бештари онҳо ба шикасту талафоти сангин мувоҷеҳ шуданд, аз ҷумла се ҳамлаи густурдаи онҳо дар шимоли пойтахт ва ду таҳоҷуми сартосарӣ бар вилоёти шимол ва шимолшарқи кишвар барҷастатар буд ва дар ҳар зиддиҳамла ва қиёмҳои мардумӣ, ҳазорон кушта ва садҳо асири Толибон, покистонӣ ва террористони хориҷӣ дар маёдини ҷанг ба ҷо монд.

АВВАЛ - Ҳуҷум ва шикасти Толибон бар Шимолӣ дар моҳи мизони 1375:

Толибон пас аз ишғоли Кобул, бар Куҳдоман, Парвон, Кописо ва вурудии Панҷшер ҳамла карданд, ки ба асари зиддиҳамлаи нерӯҳои муқовимат, шикасти сахтеро мутаҳаммил шуданд. Парвон, Кописо ва Куҳдоман озод шуд ва хатти набард барои муддате дар Пули Сӯфиён ва Ҳусайн Кути Кобул мустақар шуд. Садҳо тан аз мутаҷовизин кушта шуд ва садҳо тани дигар ба дасти нерӯҳои муқовимат асир шуд, ки беш аз сесад асирро ба Панҷшер интиқол доданд.

То авосити зимистони ҳамон сол чандин ҷанги шадид дар Куҳдоман ва Парвон воқеъ шуд, ки нерӯҳои муқовимат низ талафоти шадид доштанд.

ДУВУМ - Таслимии генерал Абдулмалик ба Толибон ва суқути шимоли кишвар:

Генерал Абдулмалик пас аз кушта шудани бародараш Расул Паҳлавон дар фикри интиқом аз генерал Дӯстум шуд ва бо Толибон иртибот барқарор кард. Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷабҳаи Бодғис тавассути нерӯҳои генерал Малик в Гулмуҳаммад Паҳлавон дар 29 саври 1376 (20 майи 1997) боздошт ва бо 700 тан аз нерӯҳояш ба Толибон таслим дода шуд, Толибон вориди вилоёти Форёб, Ҷузҷон, Сарипул ва Балх гардиданд; Генерал Дӯстум ба хориҷ аз кишвар фирор кард, шуморе аз фармондеҳони маҳаллии вилояти Кундуз, вулусволиҳои Роғ ва Яфтали вилояти Бадахшон ба Толибон эъломи таслимӣ карданд ва Толибон дар муддати чанд рӯз то наздики Файзобод, маркази вилояти Бадахшон пешравӣ карданд.

*Покистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ Толибонро ба расмият шинохтанд.

Муҳаммадзоҳир, шоҳи собиқ тасаллути Толибон бар шимоли кишварро омили ваҳдати Афғонистон хонд ва барои онҳо паёми табрикӣ ирсол кард.

 *Гавҳар Айюб, вазири хориҷаи Покистон эъломия дод, ки Аҳмадшоҳ Масъуд анқариб дастгир хоҳад шуд.

*Ҳомид Карзай ва шуморе аз технокротони тарафдори Толибон иқдом ба тасарруфи намояндагии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва сафорати Афғонистон дар Амрико карданд, ки сафорат масдуд шуд, аммо бар тасарруфи намояндаи Созмони Милал муваффақ нашуданд.

*Фаъолини муқовимат ва дӯстони фармондеҳ Масъуд паём медоданд, ки қазияи Афғонистон хатм аст, заминаи хурӯҷи ӯро мусоид мекунанд ва бояд аз Афғонистон хориҷ шавад, аммо Аҳмадшоҳ Масъуд мусаммам ва бо рӯҳия истодагӣ кард ва ба паёмдиҳандагон итминон дод, ки Толибон ва покистониҳо шикаст мехӯранд.

* Аҳмадшоҳ Масъуд минҳайси фармондеҳи кулли нерӯҳои муқовимат зареаи муколимаи радиоӣ бо генерал Абдулмалик ниёт ва барномаҳои Покистон ва Толибонро барояш тафҳим кард ва мавсуфро водор ба истодагӣ алайҳи онҳо кард.

 *Ҳамалот ва қиёми умумӣ ба таъризи 6 ҷавзо (28 май) алайҳи Толибон дар вилоёти шимол ва шимолшарқ оғоз шуд, Толибон, Алқоида ва покистониҳо шикаст хӯрданд, ҳазорон танашон кушта ва асир шуд ва тибқи баъзе гузоришоти он замон, даҳ ҳазор асири Толибон тавассути нерӯҳои генерал Малик дар Дашти Лайлӣ кушта шуданд.

 *Аҳмадшоҳ Масъуд миёни генерал Малик ва Абдулрашид Дӯстум мусолиҳа кард ва генерал Малик раҳбарии Ҷунбиши миллиро ӯҳдадор шуд.

СЕВУМ - Таслимии генерал Абдулбасир Солангӣ ба Толибон дар моҳи ҷавзои 1376 (июни 1997):

Генерал Басир Солангӣ, ки дар он замон ба ҳайси фармондеҳи ҷабҳаи Соланг таъйин шуда буд, бо чанд тани маъдуд аз фармондеҳони Парвон ба Толибон таслим шуд, Толибонро дар қароргоҳи марказии Соланг ҷо ба ҷо кард ва тайи муколимаи мухобираӣ аз Аҳмадшоҳ Масъуд хост, ки ба Толибон таслим шавад.

*Он идда аз фармондеҳони Соланг ва Парвон, ки бо таслимии генерал Басир Солангӣ мухолиф буданд, тунели Солангро инфиҷор доданд ва бо нерӯҳояшон дар иртифоъоти Солангҳо мустақар шуданд ва ё ба Панҷшер ақибнишинӣ карданд, аммо Толибон аз масири Соланг ба Хинҷон ва шаҳри Пулихумрӣ ворид шуданд.

*Чанд рӯз баъд аз таслимии генерал Малик ва генерал Басир Солангӣ, Толибон ба даҳанаи Панҷшер расиданд ва ҳамчунон аз масири Ҷалрез ва Сияҳхок, вулусволиҳои Сайғон, Каҳмард ва маркази вилояти Бомиёнро тасарруф карданд.

*Бо оғози қиёми умумӣ дар шимол ва шимолшарқ дар Парвон, Кописо ва шимоли Кобул низ қиёми умумӣ ва ҳамалоти муназзам оғоз гардид, ки талафоти сангин ба Толибон ворид шуд.

*Шумори асирони Толибон ва ҳамдастони онҳо ба дасти нерӯҳои муқовимат дар Шимолӣ ба 700 то 800 тан мерасид ва садҳо тани онҳо кушта шуданд.

*Шуморе аз нерӯҳои шикастхӯрдаи Толибон ва покистониҳо аз вилоёти шимол ба Бағлон рафтанд ва бо ҳамкории фармондеҳони маҳаллии Кундуз тавонистанд, ки бори дувум маркази вилояти Кундузро тасарруф кунанд ва то соли 1380 (2001) дар он вилоят истиқрор доштанд ва аз тариқи ҳаво икмол мешуданд.

*Дар авохири моҳи ҷавзо шаҳри Пулихумрӣ аз тасарруфи Толибон озод шуд ва дар ҳудуди 500 толиб ба дасти нерӯҳои муқовимат асир гардид ва бахше аз қувваҳои Толибон ба Бағлони Марказӣ ва вилояти Кундуз рафтанд, нерӯҳои Толибони мустақар дар Кундуз аз масири Айрганг ва Тошқурғон ба вилояти Балх ҳамла карданд ва то манотиқи Ҳайратон пешравӣ карданд, ки қатлиомҳоеро дар он замон анҷом доданд ва ба шикаст мувоҷиҳ шуданд.

ЧАҲОРУМ - Тасаллути Толибон бар шимоли кишвар ва қатли оми мардуми Мазори Шариф дар моҳи асади 1377 (августи 1998):

Пас аз озодии вилоёти шимол ва шимолшарқ аз ишғоли Толибон, маркази Давлати исломӣ дар вилояти Балх мустақар гардид, ки баъд аз суқути хутути ҷабҳаи Форёб Толибон ба таърихи 17 асади 1377 (9 августи 1998) шаҳри Мазори Шарифро тасарруф карданд ва бо вилояти Кундуз васл шуданд, вилояти Тахор, вулусволиҳои Яфталҳо ва Роғи вилояти Бадахшон ба тасарруфи Толибон даромад.

*Толибон дар нахустин рӯзи вуруд ба вилояти Балх сарконсул, секретар, ҳашт дипломати эронӣ ва як хабарнигори “Садову симо”-ро дар консулгарии Эрони муқими Мазори Шариф куштанд.

 *Қатли оми бошандагони Мазори Шариф ба таърихи 17 асад оғоз гардид. Ҳарчанд Мулло Умар, раҳбари Толибон дастури серӯзаи қатли омро дода буд, аммо Мулло Маннон Ниёзӣ, волии Толибон дар Балх даҳ рӯз ба куштори омм идома дод, ки ҳашт ҳазор ило даҳ ҳазор тан аз мардуми бедифоъи шаҳри Мазори Шариф ва бештарашон ҳазораву шиа ба қатл расид.

*Толибон ҳамзамон чандин ҳамлаи шадидро дар ҷабҳаи Шимолӣ оғоз карданд ва шикаст хӯрданд.

*Толибон бо нерӯи зиёде аз масири Андаробҳо бар кӯтали Ховок ҳамла карданд, ки бо муқовимати шадид мувоҷиҳ шуданд.

*Дар ҷараёни ҳамлаи Толибон бар кӯтали Ховок фармондеҳони Андароб бар корвони кӯмакии нерӯҳои Толибон ҳамла карда ва дар минтақаи Пули Ҳисор шақ эҷод карданд, ки садҳо тан аз нерӯҳои Толибон кушта ва асир шуд, садҳо воситаи нақлияашон ҳариқ ва ё ба тасарруфи нерӯҳои муқовимати Андароб даромад ва то наздики вулусволиҳои Хинҷон, Бирка ва Наҳрини вилояти Бағлон аз ишғоли Толибон озод шуд.

*Бадахшон ва Тахор тавассути қиёмҳои умумӣ ва амалиётҳои нерӯҳои муқовимат озод шуд.

*Қиёмҳои умумӣ дар вилоёти Самангон, Балх, Бомиён, Сарипул, Форёб ва Ғӯр сурат гирифт, ки мунтаҷ ба озодии шумори зиёде аз вулусволиҳо гардид ва ҳастаҳои муқовимат дар Балхоб ва Санчораки Сарипул, Кӯҳистон ва Гурзивони Форёб, дараи Сӯфи Самангон, Тайвара, Чорсада ва Мурғоби вилояти Ғӯр эҷод гардид.

ПАНҶУМ - Шикасти Толибон дар Шимолӣ ва оғози сиёсати замини сӯхта дар моҳи асади 1378:

Дар робита ба ин мавзӯъ чанд рӯз пеш матлаберо нашр кардам ва линки онро шарик менамоем.

Шимолӣ - хатти муқаддами ҷанг ва қурбонии озодихоҳӣ

 

Пайнавишт:

1 - Куштори мардуми вилояти Бомиён тавассути Толибон як бор дар баҳори 1378 ва бори дигар мардуми маркази Бомиён ва беш аз 300 тан аз мардуми Якавланг дар зимистони 1379 (2000) қатли ом шуданд.

2 – Ба хотири диққати бештар бо шуморе аз фармондеҳон ва муқовиматгарони зидахл шуморе аз масъулини иттилооти вақт, фаъолини расонаӣ ва фарҳангӣ ва шуморе аз хонаводаҳои шуҳадои он ҳаводис мусоҳиба гардид ва ба манобеъи чопӣ чун ҳафтаномаи “Паёми муҷоҳид”, сайти “Ориё пресс” ва ёддоштҳои муртабит муроҷиа шудааст.

3 - Видеои нашршуда аз ҳамлаи моҳи асади 1378-и муқовиматгарон бар Толибон дар шимоли Кобул мебошад.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!