Хабари рӯз

Он яке ватанро раҳо карду рафт, ин яке барои ватан сина сипар кард.

Нависанда: Шодоб Амин Бегзод, рӯзноманигор (Афғонистон)

Аҷиб аст, ки имрӯз баъзеҳо аз ватан, иззат, панҷ ҳазор сол таърих ва байрақу суруди миллӣ суханҳои бузург мезананд. Аммо мардум ҳанӯз он рӯзҳоро фаромӯш накардаанд. Нахустин касоне, ки аз Афғонистон фирор карданд, ҳамонҳое буданд, ки бист сол худро соҳиби байрақи серанга ва мудофеи бузурги ватан муаррифӣ мекарданд. Аммо бо андаке фишор ҳазорҳо мил он тараф фирор карданд. На дирафше бо худ бурданд, на таърих, на иззат ва на шараф. Онҳо танҳо тавонистанд пулро бо худ бибаранд, вале ҳама чизи дигарро раҳо карданд.

Бист сол бо номи ҷумҳурият ва демократия бар сарнавишти кишвар ҳоким буданд ва мардумро фиреб доданд. Миллиардҳо доллар кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон омад, аммо қисми бузурги он дар фасод ва ҷайбҳои шахсӣ гум шуд. Фурсати бузурге, ки метавонист Афғонистонро бисозад, ба дасти ҳамон сиёсатгарони бебунёд аз байн рафт.

Вақте рӯзҳои сахт фаро расид, на аз ватан дифоъ карданд ва на дар канори мардум истоданд. Яке пас аз дигаре бағоҷҳои худро бастанд ва кишварро тарк карданд. Мардум бедифоъ монданд, сарбозон танҳо гузошта шуданд ва кишваре, ки солҳо барои он шиор дода буданд, дар чанд рӯз суқут кард.

Таърих миллатҳоро дар ҳамин лаҳзаҳо қазоват мекунад — на дар шиорҳои пурғавғо, на дар суханони баланд ва на дар эҳсосоти холӣ.

Аммо агар имрӯз ба Эрон нигоҳ кунем, тасвири дигаре дида мешавад. Бо вуҷуди фишорҳои шадиди ҷаҳонӣ, таҳдидҳои низомӣ ва душмании бисёре аз давлатҳо, мардум ҳанӯз дар кишвари худ мондаанд. Низомашон зери фишор аст, аммо ҳеҷ сиёсатгаре сафҳои фирор ташкил накардааст.

Дар миёни сиёсатгарон ва нерӯҳои онҳо ҳам, бо ҳамаи ихтилофоте, ки доранд, дида мешавад, ки дар баробари буҳрон истодаанд. Камтар касе бору банд баставу аз кишвар фирор кардааст. Сиёсатгарони Эрон худро барои мамлакат пора-пора мекунанд, дар баробари бомбаҳои бузурги ҷаҳон сина сипар мекунанд, худро фидои мардум мекунанд — аммо фирор не.

Ҳамин ҷост, ки тафовутҳо ошкор мешаванд. Баъзе миллатҳо дар рӯзҳои сахт меистанд, аммо баъзе сиёсатгарон дар нахустин лаҳзаи хатар майдонро холӣ мекунанд.

Афғонистон аз ҷанг зарбаи зиёд хӯрд, аммо захме, ки аз фасод ва фирори раҳбарон ба он расид, шояд аз ҳама дардноктар буд.

Таърих ин рӯзҳоро фаромӯш нахоҳад кард.

Аз сиёсатгарони Эрон бояд омӯхт. Онҳо нишон медиҳанд, ки таърих доранд, шараф ва иззат доранд ва ҷонашонро барои мамлакати худ фидо мекунанд. Орзу дорам, ки сиёсатгарони Афғонистон ҳам андаке шараф дошта бошанд ва истодагиро биомӯзанд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!