Хабари рӯз

Чигуна сенарияи Амрико барои шикасти Эрон ноком шуд?

Нависанда: Али Ализода, таҳлилгари сиёсӣ (Тоҷикистон), eurasiatoday.ru

Талошҳо барои беcубот кардани авзоъ дар дохили Эрон, фишори низомӣ ва як ҳамлаи ногаҳонӣ қарор буд, тибқи ҳисобҳои Вашингтон ва муттаҳидонаш, ба тағйири сареъи қудрат дар Теҳрон мунҷар шавад. Аммо рӯйдодҳо баръакси онро нишон доданд: ба ҷойи шикоф ва таслим, ҷомеаи Эрон муттаҳид шуд ва тарҳи “пирӯзии сареъ” ноком монд.

Ин ки амрикоиҳо чигуна бо кӯмаки атрофиёни фосиди Мадуро тавонистанд раисиҷумҳури Венесуэларо ба осонӣ рабоянд, дар миёни онҳо таваҳҳуми хатарноки ҳаматавонӣ эҷод кард. Ба назарашон расид, ки дигар ҳеч маъмурияти ғайримумкин барои онҳо вуҷуд надорад — ҳатто душвортарини онҳо.

Бо ҳамин таваҳҳум буд, ки онҳо шуруъ карданд ба фикр кардан дар бораи ин ки чигуна метавон чунин сенарияро ин бор алайҳи Эрон такрор кард.

Албатта, онҳо ба хубӣ медонистанд, ки Эрон ба ҳеч ваҷҳ Венесуэла нест. Ин кишварест бо ҳазорон сол таърих, бо давлатдории қавӣ ва мардуме, ки қарнҳо ба дифоъ аз истиқлолияти худ одат кардаанд. Аммо ғурур ва эътимод ба нафси зиёдатӣ бар онҳо ғолиб шуд. Дар Вашингтон қарор доданд, ки дар талош барои тағйири қудрат дар Эрон — чизе ки қариб ним қарн орзуяшро доштаанд — бо душвории ҷиддӣ рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд.

Дар гоми нахуст, хадамоти иттилоотии Амрико ва Исроил бо сарфи манобеи азим ва даҳҳо миллион доллар, дар охири декабр ва авоили январ талош карданд авзоъи дохилии кишварро беcубот кунанд. Дар теъдоде аз шаҳрҳои Эрон нооромиҳои густарда созмон дода шуд.

Аммо аз ҳамон ибтидо равшан буд, ки пушти ин “эътирозҳо” на иродаи худҷӯши мардум, балки амалиёте дақиқан барномарезишуда қарор дошт. Афроде, ки зоҳиран барои мубориза барои “озодӣ” ба кӯчаҳо омада буданд, ба тарзи аҷиб шуруъ карданд ба тахриби фурӯшгоҳҳо, бонкҳо ва масоҷид, сӯзондани нусхаҳои муқаддаси Қуръон ва тирандозии мустақим ба неруҳои интизомӣ.

Ин эътироз набуд. Ин як ҷанги гибридии воқеӣ буд. Аммо ҳисобу китоби онҳо дуруст аз об дарнаёмад.

Бо вуҷуди тамоми талошҳои хадамоти иттилоотии Амрико ва Исроил, ин ҳарҷу марҷи сунъӣ дар ҷомеаи Эрон ҳимояте густарда пайдо накард ва нисбатан зуд фурӯкаш кард. Сипас сенарияи дигаре ба кор гирифта шуд — сенарияи тарсондан.

Халиҷи Форс муддатҳост, ки амалан ба як пойгоҳи азими низомии Амрико табдил шудааст. Аммо ин ҳам кофӣ набуд. Неруҳои иловагӣ ба минтақа фиристода шуданд: киштиҳо, ҳавопаймоҳо, сомонаҳои дифои ҳавоӣ ва ҳазорон низомӣ. Дар воқеъ бахши қобили таваҷҷуҳе аз қудрати низомии Амрико ба он ҷо интиқол дода шуд.

Ҳамзамон, дар ҳар мусоҳиба ва ҳар суханронӣ таҳдидҳо шунида мешуд. Аммо ба назар мерасад “коршиносон”-и амрикоӣ дар бораи Эрон як нуктаи содаеро фаромӯш карда буданд: мардуми Эронро наметавон бо таҳдид тарсонд.

Дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ, ин миллат борҳо бо таҳдидҳое бисёр хатарноктар рӯ ба рӯ шудааст. Ва ҳар бор собит кардааст, ки истиқлол барои он як вожаи холӣ нест.

Эрониҳо мумкин аст бо якдигар ихтилоф дошта бошанд. Мумкин аст аз ҳукумати худ интиқод кунанд. Аммо дар баробари таҳдиди хориҷӣ, ҳамеша ба як миллати воҳид табдил мешаванд. Ва зоҳиран дар Вашингтон ҳеч гоҳ ба дарки ин воқеият нарасиданд.

Пас аз намоиши қудрат, амрикоиҳо пешниҳоди музокира доданд. Эрон ба хубӣ медонист, ки ин музокирот то ҳадди зиёд ҷанбаи намоишӣ дорад — барои ҳифзи зоҳир ва эҷоди саҳнаи дипломатӣ. Бо ин ҳол, раҳбарии Эрон бо он мувофиқат кард.

Зеро ҳатто сахттарин музокирот низ беҳтар аз ҷанг аст. Уммон нақши миёнҷиро ифо кард. Музокирот дар ҷараён буд. Ҷаҳон ҳанӯз шонси сулҳ дошт. Ва маҳз дар ҳамин лаҳза буд, ки ҳодисае рух дод, ки ҳамаи таваҳҳумҳоро аз миён бурд.

Дар авҷи раванди музокирот, нерӯҳои Амрико ва Исроил ба таври хоинона ба Эрон ҳамла карданд. Бе эъломи ҷанг. Бе ҳеч далели қонунӣ. Бо нақзи ошкори тамоми усули ҳуқуқи байналмилалӣ.

Муҳосибаҳои онҳо сода буд. “Коршиносон”-и онҳо Доналд Трамп ва атрофиёнашро мутақоид карда буданд, ки як зарбаи ногаҳонӣ метавонад муқовимати Эронро танҳо дар чанд рӯз дар ҳам бишканад.

Ва агар муваффақ шаванд раҳбари Эрон ва чанд чеҳраи калидӣ дар раҳбарии кишварро аз миён бардоранд, давлат худ ба худ фурӯ хоҳад пошид. Ҷанг пеш аз он ки воқеан оғоз шавад, поён хоҳад ёфт ва Эрон зери пои онҳо хоҳад афтод.

Ҳамла воқеан ногаҳонӣ буд. Ба шакли хоинонае Али Хоманаӣ ба шаҳодат расид ва чанд тан аз чеҳраҳои барҷастаи наздик ба ӯ низ кушта шуданд. Аммо пас аз он ҳама чиз комилан бар хилофи он чи дар утоқҳои Пентагон барномарезӣ шуда буд, пеш рафт. Ҳеҷ яке аз тарҳҳои маккоронаи онҳо амалӣ нашуд.

Баръакс, террори раҳбар, ҳамлаҳо ба шаҳрҳо ва фоҷиаи марбут ба донишомӯзони духтар танҳо боис шуд, ки ҷомеаи Эрон беш аз пеш муттаҳид шавад. Кишвар фурӯ напошид, балки басиҷ шуд.

Эрон посух дод — қотеъ, дақиқ ва шоиста. Мардуме, ки стратегистҳои амрикоӣ рӯйи шикоф дар миёни онҳо ҳисоб карда буданд, на танҳо дучори тафриқа нашуданд, балки ҳатто муттаҳидтар шуданд. Талошҳо барои кашондани намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла курдҳо, ба сӯи ҳамлагарон низ комилан шикаст хӯрд. Ҳамаи онҳо ба кишвари худ вафодор монданд.

Вақте ошкор шуд, ки сенарияи “пирӯзии сареъ” шикаст хӯрдааст, дар Вашингтон ба суръат ба дунболи муттаҳидон гаштанд. Ҳамон “арбобони ҷаҳон”, ки одат доштанд барои дигарон шарт бигузоранд, ногаҳон шурӯъ ба дархости кӯмак карданд. Аз ҷумла — аз курдҳои Ироқ. Тибқи бархе гузоришҳо, шахсан Доналд Трамп бо раҳбарони курд тамос гирифта ва талош карда буд онҳоро барои вуруд ба ҷанг алайҳи Эрон мутақоид кунад.

Аммо курдҳо, ки таҷрибаи равобити худро бо амрикоиҳо ба хубӣ ба ёд доштанд, боадабона ин дархостро рад карданд. Талош барои кашондани Туркия ва Озарбойҷон ба даргирӣ низ ноком монд. Талошҳо барои таҳрики онҳо низ бенатиҷа поён ёфт.

Дар натиҷа фишор ба сӯи подшоҳиҳои арабии Халиҷи Форс мунтақил шуд. Ҳамон кишварҳое, ки даҳсолаҳо миллиардҳо доллар ба Амрико пардохт кардаанд то “замонати амният” дарёфт кунанд. Ҳамон кишварҳое, ки даҳҳо пойгоҳи низомии Амрико дар хоки онҳо қарор дорад.

Аммо имрӯз ба ҷои он “ҳимоят”-и ваъдашуда танҳо як чиз аз онҳо хоста мешавад — вуруд ба ҷанг алайҳи Эрон. Акнун дувоздаҳ рӯз аз оғози таҷовузи Амрико ва саҳюнизм мегузарад.

Натиҷа комилан мутафовит аз он чизест, ки тарроҳони ин ҳамла интизор доштанд. На таслимии Эрон рух дод, на тағйири қудрат ва на нобудии барномаи ҳастаии сулҳомез.

На тавони мушакии Эрон аз миён рафт. Танҳо чизе ки ҳамлагарон ба он даст ёфтанд, кушта шудани беш аз ҳазор у панҷсад ғайринизомӣ буд; дар миёни онҳо садҳо кӯдак.

Мактабҳо, бемористонҳо, корхонаҳо ва марказҳое, ки ҳеҷ иртиботе бо зерсохти низомӣ надоштанд, вайрон шуданд. Ҳамлаҳо ба таъсисоти нафт ва газ пайомадҳои ҷиддии муҳити зистӣ барои сокинони шаҳрҳои бузург ба ҳамроҳ дошт.

Дарвоқеъ акнун метавон аз терроризми муҳитизистӣ сухан гуфт. Он чӣ имрӯз рух медиҳадро ба сахтӣ метавон чизе ҷуз барбарият номид; барбарияте, ки ҳеҷ иртиботе бо манофеи мардуми Амрико надорад.

Ҳамаи ин ҷангҳо, ҳамаи ин хароҷоти азим, ҳамаи ин қурбониён — танҳо барои ҳирсҳои геополитикӣ ва манофеи кишвари дигар аст. Аммо ҳамлагарон дар як чиз иштибоҳ карданд: Эрон он кишваре набуд, ки битавон онро бо зарбае аз берун дар ҳам шикаст.

Эрон нишон дод, ки на танҳо қодир ба дифоъ аз худ аст, балки метавонад зарбаҳои дардноке ба касоне ворид кунад, ки худро дастнорас мепиндоранд. Эрон собит кард мардумеро, ки ҳазорон сол аз сарзамини худ дифоъ кардаанд, наметавон ба зону даровард.

Эрон буд.

Эрон ҳаст.

Эрон хоҳад буд.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!