Толибон дар садади нуфуз ба зиндагии маҷозии мардум ҳастанд.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Кӯрсозии диҷиталӣ, акнун ба бахше аз дастури кори режими Толибон табдил шудааст. Пас аз тафтиши ақоид, саркӯб ва иръоби хиёбонӣ, ки аз вижагиҳои боризи як низоми тамомиятхоҳ ба шумор меравад, ин бор навбат ба маҳдудсозӣ ва қатъи файбери нурӣ расидааст. Реҷиме, ки дар хусуситарин арсаҳои зиндагии мардум мудохила мекунад ва назми матлуби худро бар ҷомеа таҳмил месозад, акнун дар пайи хомӯшсозии саросарӣ аст то ҳалқаи контрол ва назорат бар шаҳрвандонро беш аз ҳар замони дигаре тангтар кунад.
Толибон бо эҷоди як девори бузурги диҷиталӣ, мекӯшанд тамоми заминаҳои бурузи мухолифат, шӯриш, нуфузи иттилоотӣ ва иттилоърасонӣ дар бораи моҳият ва амалкарди низоми худро маҳдуд созанд. Ин девори диҷиталӣ дар воқеъ талоше аст то ин гурӯҳ бо осудагии бештаре ба бақои худ идома диҳад ва ҳаргуна ҷараёни озоди иттилоотро маҳор кунад.
Гузоришҳои мунташиршуда нишон медиҳад, ки вазири мухобироти Толибон ба ширкатҳои ироададиҳандаи интернети файбери нурӣ дастур дода то дастрасии мардуми Кобул ба интернетро қатъ кунанд; тасмиме ногаҳонӣ, шигифтовар ва дорои абъоди амиқи амниятӣ, ки паёмадҳои иқтисодӣ ва маъишатии густардае барои мардуми одӣ хоҳад дошт.
Толибон бо баргузории нишасти фаврӣ бо масъулони ширкатҳои интернетӣ, гоме дигар дар масири бастани фазои диҷиталии кишвар бардоштанд; фазое, ки ҳадаф аз маҳдудсозии он, эҷоди назорати мудовим, контролпазирии бештар ва таҳкими султаи Толибон бар ҷомеа аст.
Дар ин миён, Кобул ба нуқтаи оғози пружаи хомӯшии диҷиталӣ барои мудирияти авзоъ бар асоси машваратҳои истихборотӣ табдил шудааст. Толибон бо судури дастури кӯрсозии диҷиталии шаҳрӣ, дар пайи дафъ ва хунсосозии таҳдидҳое ҳастанд, ки метавонад пояҳои ларзон ва номашруъи ҳокимияти ононро мутазалзил созад. Қатъи иртиботи Кобул аз тариқи қарантинаи файбери нурӣ, на танҳо иқдоме пешгирона дар ҳавзаи амниятӣ аст, балки ҳалқаи муҳосира ва контролро бар зиндагии рӯзмарраи мардум низ тангтар мекунад.
Дар чунин шароит, беш аз сӣ миллион инсон сирфан бо як маҳдудияти фаннӣ мувоҷеҳ нестанд; балки бо сохтори таҳмилӣ рӯбарӯ ҳастанд, ки аз тарс ва нигаронии режими ҳоким сарчашма мегирад ва ҳар рӯз фазои зиндагиро бар онон маҳдудтар месозад. Ҳатто фаротар аз он, оғози як пружаи густардаи амниятӣ, истихборотӣ ва контролӣ ба чашм мехӯрад; пружае, ки шояд дар зоҳир бо иқдомоти нарм оғоз шавад, аммо дар ниҳоят ба шаклгирии як зиндони модерни диҷиталӣ хоҳад анҷомид.
Ончи беш аз ҳама нигаронкунанда ба назар мерасад, ин аст, ки барномаи Толибон мувақатӣ нест, балки сароғози силсилаи иқдомоте барои маҳдудсозии бештари фазои изҳори назар ва ақидаи мардум хоҳад буд. Бидуни тардид ин сиёсатҳо барои Толибон ҳазинабар аст, аммо зоҳиран илзомоти амниятӣ барои бақои ин гурӯҳ, ононро ба пазируфтани чунин ҳазинаҳое водоштааст. Аз контроли нерӯҳои худӣ гирифта то назорати пулисӣ бар гуфтугӯҳои мардум, аз маҳрумсозии ҷомеа аз худкифоии иқтисодӣ то эҷоди чархаи вобастагӣ ва эҳтиёҷ ба режим, ҳамагӣ бахше аз аҳдофи калони ин пружаи буландмуддати амниятӣ ба шумор мераванд.
Толибон ин бор мустақиман бар муҳимтарин абзори иртиботӣ ва иттилоотии ҷомеа даст гузоштаанд. Маҳдудсозии системи интернетӣ, сареътарин, пойдортарин ва сахттарин абзор барои контроли ҷараёни иттилоот аст; иқдоме ки дар айни ҳол аз нотавонӣ ва ҳароси ин гурӯҳ низ парда бармедорад.
Ин тасмим дар бистари як муҳосибаи пешгирона ва омехта бо нигаронӣ иттихоз шудааст. Толибон дар талошанд фазои диҷиталиро ба гунае бозсозӣ кунанд, ки ҳалқаи назорат ва контрол бар шаҳрвандон беш аз пеш фишурда шавад, маҳдудиятҳо густариш ёбад ва масири дарзи иттилоот, тасвирҳо ва ахбори нокомиҳои мудириятии онон масдуд гардад. Зеро интишори тасвирҳо ва гузоришҳои марбут ба рафтори хашин ва нодурусти афроди Толибон бо мардуми одӣ, фишор бар ҳалқаи тасмимгирии ин гурӯҳро рӯз ба рӯз афзоиш додааст.
Ҳамлаи Толибон ба файбери нурӣ сирфан иқдоме бархоста аз сонсури сода нест, балки нишонае аз тарс ва нигаронии амиқи онон дар баробари муқовимати диҷиталии мардум ва ҷомеа аст; муқовимате, ки ин гурӯҳро ба самти ташдиди сонсур ва аъмоли маҳдудиятҳои бештар савқ додааст.
Таҳлилҳои мавҷуд дар ҳавзаи амнияти сайберӣ низ нишон медиҳад, ки Толибон эҳтимолан худро дар баробари таҳдидҳои мутааддиде мебинанд; аз шаклгирии эътирозот ва инқилоби диҷиталӣ гирифта то истифодаи мухолифон аз фазои маҷозӣ ва эҷоди ҷабҳаи мунсаҷими муқовимати диҷиталии форсизабон алайҳи ин гурӯҳ. Ҳамин нигарониҳо Толибонро ба самти контроли афкори умумӣ савқ додааст.
Илова бар таҳдидҳои сиёсӣ ва амниятӣ, худкифоии иқтисодии мардум дар бистари интернет низ барои Толибон хатарофарин талаққӣ мешавад. Аз ҳамин рӯ, эҳтимол меравад эҷоди интернети бумӣ ва таҳти контрол, яке аз авлавиятҳои ин гурӯҳ барои ҳифзи қудрат бошад то назорат ва контроли комилтаре бар фазои маҷозӣ дошта бошанд.
Дар чунин шароит, ривояти толибонӣ дар халои як системи мустақил ва бастаи интернетӣ метавонад ба ривояти ғолиб табдил шавад ва ба унвони талоше барои касби машруият дар зеҳнияти умумӣ амал кунад. Дар канори он, тасмимгирии ҳалқаҳои истихборотӣ барои маҳори таҳдидҳо дар дохили Афғонистон, пеш аз он ки аз контрол хориҷ шаванд, аз дигар авомили аслии қатъи интернет ба шумор меравад.
Ҳамон гуна ки пештар ишора шуд, ин иқдом сирфан як тадбири тактикии амниятӣ барои маҳори буҳрон нест; балки пружаи сиёсӣ барои фурӯпошии тадриҷии фазои диҷитал дар бистари як ҷанги равонии густарда аст. Иқдоме, ки метавонад равандии интиқоли тасвири воқеии Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибонро мухтал кунад ва ҷомеаро ба инзивои иттилоотӣ бикашонад.
Дар чунин фазо, сонсур ба амре ниҳодина ва ғайриқобили эътироз табдил мешавад, ривояти Толибон густариши бештаре меёбад, ҳақиқатҳо дар лобалои ривоятҳои дасткоришуда пинҳон мемонанд ва ҷомеа дар вазъияти доимии тарс ва изтироби ношӣ аз бехабарӣ, ногузир дар масири сиёсатҳои Толибон ҳаракат дода мешавад.
Аз сӯи дигар, аъмоли маҳдудият бар интернети файбери нурӣ, заминасози густариши иқтисоди зерзаминии ношӣ аз фурӯши ғайриқонунии интернет хоҳад шуд; бозоре, ки суди он бори дигар ба ҷайби мафияи вобаста ба Толибон сарозер мешавад. Филтершиканҳо ва дастрасиҳои вижа ба интернет низ ба сурати инҳисорӣ дар ихтиёри мақомоти баландпояи Толибон қарор хоҳад гирифт.
Бо ин ҳол, ончи равшан аст ин аст, ки ҳеҷ ҳукумате то кунун натавониста ҷараёни озоди иттилоотро барои ҳамеша мутаваққиф созад. Шояд барои муддате фазои диҷитал дучори маҳдудият шавад, аммо оташи мардум барои дастрасӣ ба иттилоот ва иродаи онон барои истодагӣ дар баробари ривояти таҳмилии Толибон, бисёр нерӯмандтар аз ҳар иқдоми тактикӣ, агар баландмуддат бошад; барои кӯрсозии диҷиталии ҷомеа хоҳад буд.