Бозии сохтагии танишҳо миёни Толибону Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ шомили ҳоли Ҳаққониҳо намешавад.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Ин таҳлилро мухтаси ин масъала месозам, ки чаро Ҳаққонӣ он фарде нест, ки мо тасаввур мекунем? Ва ин ки тасаввуроти хушбинонаи шаклгирифта нисбат ба вай, чӣ гуна таҳлилҳоро дар варои ҳаводиси иттифоқияи оянда дар Афғонистон, мунҳариф сохта ва дар масири иштибоҳ қарор медиҳад
Халифа Ҳаққонӣ дар баровардҳои Покистон ва барномаҳои фароминтақа, гузинаи бебадилест. Ҳаққониҳо аз муддати зиёде дар хидмати манофеъи Покистон будаанд ва бо барномаҳои Амрико, ҳамнаво ҳаракат кардаанд. Ин ба ин маънӣ нест, ки соири шохаҳои Толибон, мустасно аз ин қоида ҳастанд. На; Ҳамаи Толибон ва соири гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҷиҳодие, ки дар ҷараёни беш аз чаҳор даҳа дар Афғонистон ба мансаи ҳузури сиёсӣ расиданд, дар хидмати аҳдофу манофеъи истеъморӣ будаанд. Пас ба ин ҳисоб, ҳеҷ истисное вуҷуд надорад.
Ҳаққонӣ як омили барандоз ва тахрибкунанда дар низоми толибонӣ нест то ҳокимияти Ҳайбатуллоҳро ба самти суқуту фурӯпошӣ савқ диҳад, бал бар хилофи тасаввури ом, Ҳаққонӣ як бадили раҳбарии омода барои марҳалаи баъд аз Ҳайбатуллоҳ аст. Чун билохира, бозӣ бо парвандаи куди Ҳайбатуллоҳ, махтума мешавад. Биноан, доштани як бадили билфеъл барои проекти Толибон зарурат аст.
Ин мавзӯъ, бар хилофи бардоштҳои хушбинонаи мо аст, ки тасаввур мекунем, Ҳаққонӣ низоми Ҳайбатуллоҳро суқут медиҳад ва худ минҳайси бадиле ҳамонанди Ҷавлонӣ ба саҳна меояд. На хайр. Ҳаққонӣ бозмондаи як тафаккури башиддат қавмгароёнае мамлув аз таассуб аст ва ҳеҷ нияте барои барандозии режими такқавмии Толибон надорад. Албатта, ки ихтилофот миёни шохаҳои ақвоми паштун, ҳаммонанди дурониҳову ғилзайиҳо ва тазоддҳои зотулбайнӣ миёни Толибон як масъалаи ҷудо аст, ки ҷойи баҳси ҷудогона дорад ва бештар ношӣ аз тазоди манофеъ дар арсаи тақсими қудрату сарват мебошад.
Возеҳтарин таъриф аз Ҳаққонӣ ин аст, ки вай як омили муҳими истихборотӣ аст. Вай эътибори вежае дар назди гардонандагони проекти хунин дар Афғонистон дорад ва дар банди бозиҳои истихборотӣ бузург шудааст. Хонаводаи вай барои солиёни мутамодӣ дар дорбасти бозии хунину хатарноки истихборотӣ хуб дурахшидаанд. Ҳатто аз замони ҷиҳод, ҳукумати муҷоҳидин, муқовимати аввал, ҳузури бистсолаи Амрико ва ҳокимияти дувуми Толибон, Ҳаққониҳо дар як муҳрачинии мушаххас дар доираи манофеъи Амрико аз тариқи Покистон ва кишварҳои арабӣ фаъолият доранд.
Бар илова, Ҳаққонӣ маҷроест барои ҳифзи нуфузи Покистон ва фазои мубтанӣ бар дастандозии руқабои Покистон, ба шумули Ҳинд, Эрон ва Осиёи Марказӣ дар Афғонистон. Ин омил боис мешавад то бозӣ бо корти Ҳаққониҳо хелеҳо пухта ва санҷидашуда сурат гирад.
Бояд изъон шавад, ки Ҳаққонӣ деворест миёни иттиҳоди хатарноки паштунӣ дар ду тарафи хатти Дюранд то Покистонро аз таҷзияи ҳатмӣ ва мубтанӣ бар шароит наҷот диҳад. Ҳамчунон хатти ҳоилест миёни иттиҳоди балучҳо, ки дар Эрону Афғонистон қарор доранд ва метавонанд ба унвони хатаре дар оянда барои ҳокимияти Покистон маҳсуб шаванд.
Ҳаққонӣ сармояи стратегии Покистон барои нуфуз дар Афғонистон, ҳифзи тавозун дар бозиҳои бузург дар меҳвари Афғонистон, бозӣ бо корти ДОИШ дар ин кишвар, муқобила бо мутолиботи баландпарвозона ва дур аз воқеияти паштунҳои дуронӣ дар имтидоди тафаккури эҷоди Паштунистон бузург аст.
Ҳамчунон, Ҳаққониҳо гови ширӣ барои барномаҳои тахрибкуни аъроб дар Афғонистон мабнӣ бар сармоягузорӣ рӯи проектҳои ифротгароёна ва маҷрое барои тиҷорати ғайрқонунии аслиҳа аз Афғонистон, маводи мухаддир ва паноҳ додан ба гурӯҳҳои зидди амнияти минтақа ҳисоб мешаванд. Ин таъсиргузории Ҳаққониҳо башиддат ба таҳкими ҷойгоҳ ин шабака ва раҳбарони он кӯмак кардааст. Ба таъбире, Ҳаққониҳо монеае аст дар баробари Ҳинд, Эрон ва Осиёи Марказӣ, ки ҷуз Покистон аз дигаре намояндагӣ намекунад.
Ҳатто марги Халил Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирини Толибон, дар натиҷаи иртибототи васеъи вай бо чиниҳо, иттифоқ афтод. Иттифоқе, ки наздик буд, проекти мухталсозии амният дар имтидод марзҳои Чину Осиёи Марказиро бо мавонеъи ҷиддие мувоҷеҳ созад. Шоеъ аст, ки вай иттилооти муҳим ва қобили арзиши мабнӣ бар мавқеият, урдугоҳҳо ва теъдоди фармондеҳону нафароти ӯйғурҳоро ба чиниҳо дар бадали пул мефурӯхт. Ин кор дарвоқеъ тасодуми бисёр ваҳшатноке буд миёни манофеъ ва аҳдофи Покистон ва фароминтақаву минтақа. Чунин инҳирофе аз тааҳҳудоти Ҳаққониҳо бо Покистон ва фароминтақа дар ҳукми худкушӣ буд, ки Халил Ҳаққонӣ ҳазинаи онро пардохт.
Ба ҳар сурат, Сироҷуддин Ҳаққонӣ бамаротиб ҳушмандонатар ва дар таҳти мудирияти комили Покистон амал мекунад. Ҳаққонӣ дар ҳукми як сармояи стратегӣ дар хидмати манобеъи фароминтақа ва Покистон аст. Пас ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад, ки ҳаракати аҳмақонаеро анҷом диҳад, ки қоидаи бозиро тағйир диҳад. Яъне проекти Ҳаққониҳо, ки ҷуъе барои бистарсозӣ ба ДОИШи Хуросон дар Афғонистон хоҳад буд, ба таври комил ва бо диққати бештар таҳти мудирияти Покистон аст ва Покистон аз муваффақияти он ба ҳомиёни ин барномаи хатарноки амниятӣ итминон додааст.
Биноан сармояҳои стратегӣ, ҳаммонанди Ҳаққониҳо ҳеҷ гоҳ хилофи қоидаи бозии соҳибони худ амал намекунанд. Бозии сохтагии бархӯрд ва эҷоди танишҳо миёни Толибону Покистон ба ҳеҷ ваҷҳ шомили ҳоли Ҳаққониҳо намешавад. Ин масъала ба шакли бунёдӣ ҷудо аст, ки дар таҳлилҳои баъдӣ ба он хоҳам пардохт.