Хабари рӯз

Таҳаррукоти машкуки Толибон мабнӣ бар интиқоли таҷҳизоти низомии амрикоӣ ба фурудгоҳи Багром чӣ маъно дорад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Интиқоли таҷҳизоти амрикоӣ ба фурудгоҳи Багром ва эҳтимоли тағйири қоидаи бозии амниятӣ дар ҷуғрофияи Афғонистони таҳти тасаллути Толибон вазъияти фавқулоддаеро пеш овардааст. Толибон ин бор бояд ё дар имтиҳони муфид буданашон муваффақ шаванд ва ё ин ки тарҳи дувуми мабнӣ бар ҷойгузинии ин гурӯҳ бо ДОИШи Хуросон иҷроӣ хоҳад шуд.

Маълум мешавад, ки қудратҳои бузург дар сатҳи минтақа ва фароминтақа тамоюле барои иҷтиноб аз бозӣ дар майдони Афғонистон надоранд. Толибон, гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, ҳастаҳои хуфияи ҷангӣ ва террористие, ки то ҳанӯз рӯи саҳна оварда нашудаанд, ҳама дар чиниши муҳраҳои мавриди назари ин қудратҳо мадди назар ҳастанд.

Баъд аз ба қудрат расидани Доналд Трамп таваҷҷуҳи Амрико ба гунаи аланӣ ба Афғонистон бештар шудааст. Аз сафари ҳайати амрикоӣ гирифта, то раҳоии ба зоҳир гаравгонҳои амрикоӣ, аз лаффозиҳои тунду таҳдидомези Трамп мабнӣ бар баргардондани таслиҳоти баҷомонда аз Амрико дар Афғонистон то бадтарин гурӯҳи террористӣ хондани Толибон тавассути муовини раисҷумҳур Трамп, ҳама ҳаводиси иттифоқия дар як моҳи гузашта буданд.

Мақрун бар сафари ҳайати амрикоӣ ба Кобул Толибон чеҳраи шаҳри Кобулро, ки баъд аз суқути ҷумҳурияти таҳти ҳимояти Амрико бо шиорҳои ба зоҳир зиддиамрикоӣ музайян карда буданд, пок карданд ва шароитро барои як тавофуқи аланӣ миёни иморати Толибон ва Амрико фароҳам сохтанд. Ин иқдоми Толибон ба вузӯҳ нишон дод, ки ин гурӯҳ барои таъмини манофеъи гурӯҳии худ ҳозир аст ба ҳар қимате аз ваҷҳи идологӣ ва тундравонааш низ бигузарад ва шиорҳои фиребандаи исломӣ ва дифоъ аз исломро канор бигузорад.

Ҳоло гузоришҳо ҳокӣ аст ки "аз чанд рӯз ба ин тараф, ба дастури раҳбарии иморати толибонӣ дар қадами нахуст тамоми тайёроти низомии сохти Амрико ба ҷуз чаҳор фарванд ҳеликуптари русӣ, ки ҳини суқути ҷумҳурият дар Кобул ба дастраси Толибон қарор гирифта буд, ба майдони ҳавоии Багром интиқол ва ҷобаҷо гардида ва соири тонкҳои амрикоӣ ва НАТО, ки ҳини ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Кобул ва вилоёт дар ихтиёри нерӯҳои хориҷӣ қарор дошт, ҳамроҳ бо тонкҳои зарбатӣ, ҳомвейҳо ба қароргоҳи ливои ҳавоии муқими фурудгоҳи низомии Кобул бурда шуда ва баъдан ба фурудгоҳи низомии Багром интиқол мегарданд".

Манбаъ меафзояд, ки ҳамарӯза ба даҳҳову садҳо арода васоити низомӣ ба фурудгоҳи низомии Кобул интиқол ва аз тарафи шаб, тавре ки касе мутаваҷҷеҳи мавзӯъ нашавад, ба майдони Багром интиқол ва дар он ҷо ҷобаҷо мегарданд. Гуфтанист, ки ин раванд баъд аз сафари ҳайати амрикоӣ, ки дар миёнашон Халилзод ҳам ҳузур дошт, тасриъ шуда ва навъе дастпочагӣ миёни ҳайати ҳокимаи Толибон ҳукмфармо шуда ва вазъият ғайриодӣ маълум мешавад.

Ба асоси ин иттилоъ, метавонем эҳтимоли иқдомоти баъдии Амрико дар Афғонистони таҳти тасаллути Толибонро таҳлил кунем то ба ин натиҷа бирасем, ки ҳадаф аз интиқоли ин ҳавопаймоҳо, таслиҳот ва васоити амрикоӣ ба фурудгоҳи Кобул чӣ аст?

Аввалин эҳтимол ин аст, ки дар пайи ҷамъоварии ин таҷҳизот метавон сенарияи хунсосозии таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои норозии Толибонро далели ин кор донист. Дар чанд моҳи ахир, махсусан баъд аз норизоиятии иддае аз сарони Толибон, замзамаҳое мабнӣ бар вокуниши низомии эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳи Ҳаққонӣ бар зидди ҳалқаи Қандаҳор бештар шудааст. Ҳамчунон дар ҳамин росто таҳлил мешавад, ки ин иншиоб миёни Толибон дар натиҷаи рақобати минтақа бо фароминтақа сурат гирифтааст. Дар ҳоле ки хатари шӯриши дохилӣ дар миёни Толибон метавонад тамоми барномаҳои фароминтақаро мухтал созад, биноан ҷамъоварии васоити низомӣ ва таҷҳизоти баҷомонда аз амрикоиҳо дар Афғонистон, метавонист занги хатаре барои ин барномаҳо бошад. Пас эҳтимолан, тасмим барои ҷамъоварии ин таҷҳизот дар натиҷаи санҷишҳои ношӣ аз иқдомоти боздоранда дар хусуси чунин барномаҳо дар миёни Толибон сурат гирифтааст.

Дувумин эҳтимол ин аст, ки мумкин аст ҷамъоварии ин таҷҳизот ба ҳадафи тасҳили бистарҳо барои анҷоми музокирот ва расидан ба як силсила тавофуқот миёни Толибону Амрико мунҷар шавад. Доналд Трамп аз замони корзорҳои интихоботиаш ба мавзӯъи дастрасӣ ва контроли Толибон бар таҷҳизоти низомии амрикоӣ ҳассосият нишон дода ва борҳо гуфтааст, ки ин таҷҳизот бояд дубора ба амрикоиҳо мустарад гардад. Дар муқобил вокуниши Толибон мабнӣ бар ин изҳороти мутадовими Трамп ин будааст. Ҳоло баъд аз сафари ҳайати амрикоӣ дар ҳамроҳии Халилзод (меъмори иморати толибонӣ) мумкин машвараҳо барои раҳбарии Толибон ин буда то ин таҷҳизот минҳайси гоми нахуст барои бистарсозӣ ҷиҳати анҷоми музокирот ва расидан ба тавофуқот миёни Амрикову Толибон бардошта шавад ва аз ҷонибе ризояти хотири раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳам фароҳам гардад. Ба ин тартиб, ба умри режими толибонӣ афзуда хоҳад шуд ва ин гурӯҳ мутобиқи майли Амрико қадамҳои баъдиро ба асоси тавофуқоти анҷомшуда бо Амрико хоҳанд бардошт.

Севумин эҳтимол аз анҷоми ин интиқолоти васоиту таҷҳизоти низомӣ ба фурудгоҳи Багром тасҳили раванди таҷҳизу мусаллаҳсозии гурӯҳҳо ва дастаҷоти террористиест, ки дар шимол қарор аст ба асоси роҳбурди бесуботсозӣ вориди амал шаванд. Иттилоот нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо, ки шомили ДОИШи Хуросон, Ансоруллоҳи Тоҷикистон, ӯйғурҳои чинӣ ва гурӯҳҳои тундрав аз соири кишварҳо ҳастанд, маъмурият доранд то таҳаррукоти низомӣ ва амалиётиро дар имтидоди марз бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин дар оянда оғоз кунанд. Барои таҷҳизи беҳтари ин гурӯҳҳо ниёз аст то таҷҳизоти парогандаи амрикоӣ дар қадами нахуст дар як маҳалли мушриф бар ҷуғрофияи шимол ва шимолшарқи Афғонистон, ҷамъ гардад, баъдан бо анҷоми як саре аз амалиётҳои планшуда, тавассути ин гурӯҳҳои террористӣ ба ғанимат гирифта шавад. Ба ин тартиб, барномаи ноамнсозии шимоли Афғонистон ва ташдиди таҳдидҳои амниятӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ва Чин, як қадам бештар иҷроӣ мешавад; Дар ҳоле ки ҳазинаҳо ва ниёзҳои онро метавон аз таслиҳоти баҷомонда аз амрикоиҳо фароҳам сохт. Ногуфта намонад, ки Толибон маъмурият доранд то ин имконро фароҳам бисозанд.

Чаҳорумин эҳтимол ин аст, ки Амрико мехоҳад аз ин таҷҳизот на дар ояндаи бозии Афғонистон бар зидди манофеъи амрикоӣ истифода шавад ва на ҳам ба дасти муттафиқини осиёӣ биафтад. Аз ин рӯ, ҷамъоварии он дар як маҳал ба манзури нигаҳдорӣ аз онҳо дар як ҷойи мушаххас ва дар сурати ниёз аз байн бурданашон кори соддае бошад. Агар фардо ниёз бошад то Амрико Толибонро ба далели эҳтимолии адами тамкин ба хости Вашингтон бубинад, бояд ин таҷҳизот ба зудӣ ва сареъ вайрон шавад ва аз байн бурда шавад.

Панҷумин эҳтимол ин аст, ки шояд амрикоиҳо дар назар дошта бошанд то дар натиҷаи як тавофуқи куллӣ ва сареъ контроли фурудгоҳи низомии Багромро аз Толибон бигиранд ва аз ҳар гуна хатари мабнӣ бар ҳамла бар таъсисоти амрикоӣ ба воситаи ин таҷҳизот аз қабл ҷилавгирӣ карда бошанд. Дар ин сурат бояд тамоми бистарҳо ва заминаҳоеро, ки мунҷар ба эҷоди музоҳимати амниятӣ барои ҳузури эҳтимолии низомии Амрико шавад, аз қабл аз байн бурд.

Ба асоси қароини мавҷуд Толибон баъд аз нокомӣ дар тарҳи ташдиди таҳдидҳо бар марзҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ҳоло бояд як марҳалаи дигареро барои фароҳамоварии қаноати Амрико сипарӣ кунанд. Ин марҳала шомили пойгоҳсозӣ барои террористон, бистарсозӣ барои анҷоми амалиётҳои мармузу печида ва имкони сарбозгирӣ барои ин гурӯҳро фароҳам хоҳад сохт. Дида шавад, ки қадами баъдии Толибон дар машварат бо Амрико чӣ аст ва ин раванди интиқоли таҷҳизот то куҷои кор идома хоҳад дошт?


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!