Ҳар гоҳ қадами наҳси Халилзод ба Кобул мерасад, умеди хубиро набояд дошт.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Халилзод тарроҳи аслии проекти Толибон аст дар замоне, ки вай мушовири ширкати Юникол дар заминаи хатарсанҷии интиқоли гази Туркманистон ба Ҳинду Покистон буд.
Халилзод пешниҳод дод, ки як гурӯҳ аз мадрасаиҳои Покистон мусаллаҳ шаванд ва дар нақши булдозер, гурӯҳҳои мутахосими ҷиҳодиро дар ҳам бикӯбанд то масири интиқоли газ ҳамвор шавад ва як гурӯҳи муздуру тобеъ дар Кобул ҳоким бошад.
Муқовимати Аҳмадшоҳ Масъуд аз таҳаққуқи сад дар сади проекти Халилзод ҷилавгирӣ кард. Барои ин ки Толибон аз нақши булдозерӣ хориҷ нашаванд, бояд аз қудрат канор зада мешуданд.
Қарор бар ин шуд, ки Толибони галстукдор ҷойи лангута(салла)доронро бигиранд. Карзаю Ғанӣ, Атмару Ҷалолӣ ва Форуқ Вардаку Абдураҳим Вардак ва...вориди саҳна шуданд, ки дар зоҳир демократ, аммо дар ботин ҳамон Толибон буданд.
Маъмурият Халилзод аз соли 2001 то 2021 ин буд, ки ҷараёни муқовиматро тазъиф ва Толибонро таҷдиди қувва кунад ва рангомезӣ карда, баргардонад. Дар ин бахш Халилзод муваффақ шуд. Бесаводии сиёсӣ ва бетааҳҳудии меросхорони Масъуд ба мардум, ба муваффақияти Халилзод кӯмаки шоён кард.
Дар қиболи Толибон дувум маъмурияти Халилзод сафедсозӣ ва аҳлисозӣ буд, ки ба назар мерасад тавфиқе дар он надошт. Толибон ба асли хеш баргаштанд. Тавсияҳои Халилзод ҷиддӣ гирифта нашуд, чун тими ҳоким дар Кохи Сафед ба Халилзод аҳамият намедод.
Ҳоло Халилзод зери фишори Кохи Сафед аст, ки чаро дар бораи Толибон пинҳонкорӣ карда ва мақомҳои Кохи Сафедро иғфол кардааст. Як фурсати дигар ба ӯ дода шуда, ки бо писархондаҳояш дар Кобул аз наздик бубинад ва ҳисобу китоб кунад.
Халилзод акнун ба Кобул рафта, ки ба Толибон бигӯяд, ки Трампро ҷиддӣ бигиранд ва ризояти ӯро касб кунанд. Халилзод ба Толибон равишҳои муомила ва тарфандҳои бозии ҷадидро меомӯзад ва ҳушдори худро медиҳад. Ба онон мегӯяд, ки агар муомила накунанд, чӣ авоқибе дар интизорашон хоҳад буд.
Ба назари ман, Толибон моил ба муомила бо Амрико ҳастанд, аммо нигарони вокуниши кишварҳои минтақа ва нифоқи дохилӣ ҳастанд. Агар хости Амрико гирифтани пойгоҳ бошад, Толибон дар амал кардан бо он бо вокуниши Чину Русия ва Эрон мувоҷиҳ хоҳад шуд. Давлати Байден дар севу ним соли ахир ба Толибон хайрот дод, аммо чизе аз ин гурӯҳ мутолиба накард. Трамп вориди бидеҳу бистон бо ин гурӯҳ шудааст ва ин амр Толибонро дар ҳамон дуроҳае қарор медиҳад, ки давлатҳои панҷоҳ соли ахири Афғонистон вақте дар он қарор гирифтаанд, суқут кардаанд. Ин ки дар се солу ними ахир Толибон дар саҳна монданд ва ба заъми худашон Шарқу Ғарбро дӯшиданд, ба маънои балад будани ин гурӯҳ бо бозии чандҷониба набуд, балки маълулии шароити ҷаҳонӣ ва инзивои байналмилалии Афғонистон буд. Ин вазъият дар ҳоли тағйир аст.
Трамп ба рағми тундгӯиҳо ва тундхӯиҳояш бо Толибон аз дари муомила ворид шудааст ва умедвор аст, ки Толибон аҳли муомила ҳастанд. Аввалин муомила як қочоқчии маводи мухаддири узви Толибон дар баробари се амрикоӣ буд. Халилзод омада, ки муомилаи дувумро сомондиҳӣ кунад.
Дар ин рӯзҳо Толибон зери фишор Покистон ҳам ҳастанд. Халилзод ҳамеша талош карда, ки Толибонро аз вобастагӣ ба Покистон наҷот диҳад ва сипари дифоъи Толибон дар баробари Покистон шавад. Як паёми сафари Халилзод мухотибаш Покистон аст, ки мехоҳад ба ин кишвар бигӯяд, ки Толибон танҳо нестанд ва зиёд арбадакашӣ накунед болояшон.
Бо ин ҳол, агар сафари Халилзод сирфан ҷанбаи ултиматумӣ надошта бошад ва оғози як раванди дигар аз бозсозӣ ва навсозии Толибон бошад, ҳузури ӯ дар Кобул зангҳои хатар дар Пекин, Теҳрон ва Маскавро ба садо дар меоварад.
Дар муносиботи дарунии Толибон, Халилзод тамоюли худро ба кор бо Ҳаққонӣ иброз дошта буд. Ҳоло аммо Ҳаққониҳо дар мавқеияти заифе қарор доранд ва ба назар мерасад, нахустин талоши онон барои кудато алайҳи Ҳайбатуллоҳ ба кӯмаки кишварҳои минтақа хунсо шудааст. Шояд Халилзод ба ин ҳадаф низ ба Кобул рафта, ки бубинад чӣ иттифоқе он ҷо афтида ва чӣ гуна метавонад ороиши ҷадиде аз нерӯҳоро ба вуҷуд овард.
Умуман, вақте қадами наҳси Халилзод ба Кобул мерасад, интизори ягон хубиро набояд дошт.