Хабари рӯз

Сироҷуддин Ҳаққонӣ ниқоб аз чеҳра барандохта то барои маъмурияти ҷадидаш омода шавад, аммо маъмурияти ҷадиди ӯ чист?

Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ

Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва мулло Яъқуб ду тан аз чеҳраҳои истихборотии иморати истибдодӣ ҳастанд, ки яке пайи дигаре рӯнамоӣ шуданд.

Пеш аз ин ки ангеза ва маъмурияти ҷадиди онҳоро баён кунам, иҷоза диҳед, барои фаҳми беҳтари ин мавзӯъ як бори дигар сохтори гурӯҳи Толибонро* тавзеҳ бидиҳам. Чунончи қаблан ҳам дар навиштаи ҷудогона баён кардам, Толибон аз назари сохтор ба се бахш қобили дастабандианд:

1 -  ҷангҷуёне, ки ҳаштод дарсади ин гурӯҳро ташкил медиҳанд, аксаран мардуми бесавод ё камсаводе ҳастанд, ки аз пушти саҳнаи бозиҳои аслӣ огоҳӣ надоранд,

2 - фармондеҳони онҳо, ки дар ҳудуди бист дарсади онҳоро ташкил медиҳанд ва онҳо аксар муташаккил аз муллоҳои тундрав ва нимчамуллоҳои фориғи мадориси Покистон ҳастанд, ки нақши фармондеҳии он ҳаштод дарсади гурӯҳ ва ҳамоҳангӣ бо ҳалқаи раҳбариро бар дӯш доранд, аммо ин даста низ аз аҳдофи пушти парда огоҳӣ надоранд. Ин соддадилон ба заъми худашон барои ҷорӣ кардани шариати ғаррои Муҳаммадӣ кор мекунанд.

3 - ҳастаи раҳбарӣ ва истихборотии гурӯҳ, шумори андаке аз аъзои ин гурӯҳ, ки дар раҳбарии гурӯҳ қарор доранд, ба ҷуз иддаи символик, монанди Мулло Ҳасан Охунд ва Мулло Ҳанафӣ, бақия ҳама истихборотӣ ва вобаста ба истихборотҳо ҳастанд. Аз ҷумла Мулло Бародар, Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб, ки баданаи аслии қудрати Толибонро ташкил медиҳанд, ҷузъи он ҳалқаи истихборотӣ ҳастанд, ки ба номи Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд дарвоқеъ аз истихборотҳо дастур мегиранд, тааҷҷуб накунед, ҳатто аз истихборотҳое, ки иддао доранд бист сол барои берун кардани онҳо ҷиҳод карданд.

Аммо чаро аз чеҳраи Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар ин мақтаъи замонӣ рӯнамоӣ шуд ва ангезаи ин рӯнамоӣ чист?

Аввал, Покистон бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи даврони муҷоҳидин ва даҳаи навад, ки давлати муҷоҳидин таҳти раёсати Устод Раббонии шаҳид аз амрҳои Покистон сар боз зад, дар мудирияти Толибон ба шиддат бо эҳтиёт ва контролшуда ҳаракат мекунад. Бо ин ангеза бо таъйини Мулло Яъқуб ба ҳайси вазири дифоъ ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба ҳайси вазири дохила хост як навъ таодули қудратро дар миёни иморат эҷод карда ва аз ин тариқ тасаллуташро бар Кобул ҳифз кунад. Ҳамчунон ихтилофоти ин ду боис шуд, ки аз гузиниши Мулло Бародар ба ҳайси раисалвузаро ҷилавгирӣ сурат гирад.

Ин сиёсати Покистон миёни ин ду чеҳра рақобати шадид эҷод кардааст. Ба вежа ин ки Мулло Яъқуб ба далели рӯнамоии зудтар аз чеҳрааш дар ин мусобиқа аз Сироҷуддин Ҳаққонӣ пеш афтода ва ба шӯҳрати сиёсии бештар даст ёфтааст. Ҳол ӯ маҷбур аст барои рақобат бо ҳарифаш ҳар чи зудтар вориди майдони сиёсат шавад, аммо ошкор шудани онҳо дар канори бартариҳои зиёде барои инҳо ба як дардисар табдил шудааст. Зеро инҳо то ҳангоме, ки дар пушти пардаи торики истихборотҳо пинҳон буданд, барои ҳаводоронашон мармуз, ҷаззоб ва ҳаюлоӣ ба назар мерасиданд, аммо ҳангоме, ки парда аз чеҳраи истихборотиашон бар афтад, воҳимаи худро аз даст медиҳанд. Ҳамон гуна, ки аз кӯҳ ба шаҳр омадан аз воҳимаи онҳо костааст, ошкор шудани онҳо ва қарор гирифтанашон дар маъраз диду қазовати мардум қатъан аз воҳима ва муассирияти онҳо хоҳад кост.

Бо бардоштани ниқоб, шахсияти воқеӣ ва сатҳи дониши онҳо барои мардум ошкор шуд ва ошкор шуд, ки касе ки ҳазорон мусулмонро ба номи ислом куштааст, ҳатто қодир ба хондани дурусти ояҳои Қуръон нест. Барои мардум собит шуд, ки онҳо на дониши динӣ доранд ва на дониши дунявӣ, балки таъсири онҳо ба далели нақши истихборотӣ ва аъмоли террористии онҳо будааст. Дар умум, ин ҳама худнамоие беш набуд.

Дувум, эҳтимолан таърихи масрафи истихборотии онҳо ба поён расида бошад ё ҳам нақши истихборотии онҳо ба нақши сиёсӣ табдил шуда бошад. Таърих нишон додааст, ки истихборотчиҳо замоне, ки ба майдони сиёсат, ҳукуматдорӣ ва мардумдорӣ ворид шаванд, аз равнақ меафтанд ва дар кулл низомиҳо дар арсаи сиёсат муваффақияти чашмгире надоштаанд.

Севум, пас аз ҷанги Украина аз сӯи истихборотҳо ӯ ин ишораро дарёфтааст, ки барои ифои беҳтари нақши ҷадидаш ошкор шавад. Ба ҳамин далел дунё аз онҳо пазироӣ мекунад, расонаҳои ҷаҳон дар мавриди онҳо сукут ихтиёр кардааст, шармовартар ин ки ҷаҳони демократик дар баробари куштору саркӯб ва зиндонӣ кардани занон, устодон, уламо ва саркӯби озодии баён дар Афғонистон сукути тавъам бо ризоият ихтиёр кардааст.

Аммо чаро ҷаҳон дар баробари амалкарди як гурӯҳ террористӣ сукут карда? Инҳо чӣ муомилае карданд, ки якшаба барои ҷаҳон ҷаззобият пайдо кардаанд?

Дар акс: Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон

Беҳтарин абзор барои фаҳми маъмурияти истихборотии онҳо мурури амалкарди шашмоҳаи онҳо ва назорат бар амалкарду рӯйкарди рӯзонаи онҳост. Вақте шумо тасвири калони корномаи шашмоҳаи ин гурӯҳро мутолиа кунед, мебинед онҳо се маъмуриятро думбол мекунанд:

Маъмурияти аввал, ҳангоме як режими қавмӣ эҷод мешавад, ки дар сохтор ақвоми дигар роҳ надоранд, бештар аз он дар баъзе манотиқи Афғонистон наслкушӣ роҳ андохта мешавад, ба номи талошӣ вориди хонаҳои ақвоми мушаххас мешавад, магар ин рӯйкард ғайри доман задан ба низоъи қавмӣ ва омода кардани Афғонистон барои таҷзия дигар чӣ маъно медиҳад?

Маъмурияти дувум, вақте ба баҳонаҳои мухталиф дар марзҳои ҳамсоягон ташаннуҷ халқ мешавад ва ба ҳамсоягон паиҳам ихтор ва таҳдид фиристода мешавад, магар паёми ин таҳдидҳо ва танишҳо ғайри омода шудан барои ноамн кардани ҳамсоягон ва барҳам задани назму субот дар минтақа чӣ метавонад бошад?

 Маъмурияти севум, вақте касе ба номи ислом меояд бар мардум зулм мекунад, ваҳшат халқ мекунад, зиндонӣ ва шиканҷа мекунад, занонро аз кор, духтаронро аз мактаб ва мардону занони маданиро зиндонӣ ва уламои равшанро аз масоҷид барканор, зиндонӣ, саркӯб ва шиканҷа ва ҳатто террор мекунад, магар ин ғайри зишт нишон додани чеҳраи ислом дигар чӣ паёме барои дунё метавонад дошта бошад?

Бино бар ин, гузашти замон инро бештар собит хоҳад кард, ки инҳо се маъмурияти мушаххасро думбол мекунанд - таҷзияи Афғонистон, барҳам задани назми минтақа ва зишт нишон додани чеҳраи ислом.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!