Хабари рӯз

Ҳатто олами ислом ба ин натиҷа расидааст, ки «Толибон» на танҳо боиси фақр ва варшикастагии Афғонистон шуд, балки кишварро монанди Ашраф Ғанӣ беиззат ва беобрӯ сохтанд

Муаллиф: ФАРИД ЮНУС

Раёсатҷумҳурии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба таърихи чаҳордаҳуми моҳи август дар асари як муомилаи хоинона суқут кард ва «Толибон» то ин рӯз дар ҳолати ғайримашрӯъ қудратро ба даст доранд. Аз нигоҳи ислом, касе ба эшон байъат накардааст ва аз нигоҳи низомҳои мардумии ҷаҳонӣ, на ҷомеаи байналамилалӣ «Толибон»-ро ба расмият шинохтааст ва на касе барояшон раъй додааст. Баъд аз чаҳор моҳи қудрати номашрӯъ, ба пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва меҳмондории Покистон, созмони вазирони хориҷаи ҳамкории исломӣ OIC (Organization Of Islamic Cooperation) ба таърихи якшанбе нуздаҳуми моҳи декабри 2021 дар мавриди авзоъи ноҳинҷори иқтисодии Афғонистон, ки барои аввалин бор 60 дарсад мардум ба фақр зиндагӣ мекунанд ва низоми банкиву иқтисодӣ мутлақ суқут кардааст, ҷаласа карданд.

Як рӯз қабл аз нишасти сарони вузарои хориҷаи Созмон ҳамкории исломӣ ҷаноби шайх Мавлоно Ҳабибуллоҳ Ҳисом, собиқ раиси Шӯрои уламои исломии Афғонистон дар гуруҳи "Утоқи фикру пешниҳодҳо", ки ба ҳиммати ҷаноби Сайид Ҳасиби Муслеҳ аз Мелбурни Австралия аз тариқ WhatsАpp пахш мешавад навиштанд, ки: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Андешамандони гиромӣ муваффақ ва растагор бошед. Дар мавриди иҷлоси ҳамкории 57 кишвари исломӣ ва ниҳодҳои мӯътабари байналамилалӣ чӣ табсира ва назару бардошт доред, лутф фармоед!".

Ман фавран ин ҷавобро навиштам:

"Салом азизон! Бино ба хоҳиши ҷаноби Мавлоно соҳиб Шайх Ҳисом дар мавриди Созмони ҳамкории байналамилалӣ бовари ман ин аст, ки аз рӯзи таъсис ин созмон натавонистааст хидмати басазоъ ба ҷаҳони ислом ва инсоният кунад.

Аввал, манофеъи кишварҳои пулдори мусулмон матраҳ аст.

Дувум, хусуматҳое, ки байни Саудӣ ва Эрон вуҷуд дорад.

Севум, як идда кишварҳои исломӣ, ба шумули Покистон ва Арабистон дар қамари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Чаҳорум, дар масъалаи Афғонистон инҳо маҷбур ҳастанд то аз мароҷеъи байналамилалӣ пуштибонӣ кунанд, варна муносиботи худашон хароб мешавад. Махсусан, ки «Толибон» аз гурӯҳи террористӣ ба шумор меравад ва ҷонибдорӣ аз «Толибон» ҷонибдорӣ аз терроризм ва мухолифат ба мавозини ҳуқуқи башар аст. Ҳамчунон «Толибон» эъломияи ҳуқуқи башари исломиро, ки дар соли 1981 дар Париж байни дували исломӣ ба имзо расидааст, нақз кардаанд.

Як сол қабл ҳамин созмон «Толибон» ва хун рехтанро тақбеҳ карданд.

Милал Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ, ки баъд аз Милали Муттаҳид бузургтарин маҷмаъи ҷаҳонӣ аст, ҳар ду муассисот Con Game ё таррорӣ ҳастанд, ки тавассути чанд кишвари муқтадир идора мешавад. Дар маҷлиси имсол ду муттаҳиди умда, яъне Саудӣ ва Покистон нақши умда бозӣ хоҳад кард ва аммо ҳар ду бидуни истизони Амрико наметавонад ба як файсалаи қатъӣ бирасад.

Фарид Юнус, Калифорния”

Дар ин маҷлис вазири хориҷаи номниҳоди Афғонистон ба ҳайси вазири хориҷаи давлати Афғонистон натавонист ширкат кунад, магар нақши шунавандаро дошт. Ҳеҷ як аз 57 кишвар пешниҳод накарданд, ки Афғонистон ба расмият шинохта шавад ва ба ҷои ин ки ба Афғонистон кӯмак кунанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд то ба Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона кунанд. Покистон хост ва ё кӯшиш кард, то маҷмаъро қонеъ созад то кумакҳо аз тариқи Покистон тамвил шавад, ки ин бисёр ҷолиб буд. Имронхони Покистон орзу дошт то дар қазияи Афғонистон монанди даврони ҷиҳод дар муқобили Шӯравии он замон рафтор кунад. Ба ҳисоби танзҳои афғонӣ, "гови пир кунҷора хоб медид ". Ин тақозои Покистон возеҳ сохт, ки:

а) Афғонистон қудрати инсиҷоми пулиро надорад ва Покистон бояд болобинӣ кунад

б) бояд зери дасти Покистон амал кунад. Нишон дод, ки низоми «Толибон» зери дастури Покистон аст. Ҷойи тааҷҷуб нест. Рӯзе Афғонистон аз хайроти сари коммунистон зери юғи Русияи Шӯравӣ буд ва рӯзе аз хайри сари технократҳои нодон зери дасти Амрико буд ва ҳоло аз хайроти сари «Толибон» зери дасти Покистон. Садриаъзами Покистон бо ибрози ин нукта, ки афғонҳо ба таҳсилу омӯзиш ва парвариши занон алоқа надоранд, чизе ки дар ислом матраҳ аст, шадид ба мардуми Афғонистон тавҳин кард. Ин маҷлис як иҳонат ба мардуми Афғонистон ва намоиши ҷаҳонии аҳмақона буд, ки ҳатто мусулмононро шарманда сохт.

Агар «Толибон» баъд аз муомилае, ки ба қудрат расиданд, ҳуқуқи зану марди мусулмонро аз нигоҳи маданӣ мусовӣ мешинохт, динро таҳмил намекард, ҳама ақвомро ба расмият мешинохт, дасти зану марди мусулмонро аз кор намегирифт ва мардум бекор намешуданду фирор намекарданд, Афғонистон бо ин ки бо таҳрими иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд, ба ин фалокат намерасид. «Толибон» на танҳо боиси фақр ва варшикастагии кишвар шуданд, балки кишварро монанди Ашраф Ғанӣ беиззат ва беобрӯ сохтанд.

Ин буд як воқеияти таърихии Афғонистон, ки бояд сабт мешуд. Узвият дар Созмони ҳамкории исломӣ аз рӯзи таъсис як ифтихор нест, балки як шарм аст, чунончи дар Бонки ҷаҳонӣ кор кардан як ифтихор нест.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!