Хабари рӯз

Ҳайбатулло дар фикри чӣ аст - ваҳдати миллӣ ё тақвияти қудрати худ?

Манбаъ: Канали телеграми Маркази иттилооти илмӣ ва таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи улуми Русия

🔴Дар даҳаи аввали марти 2025, иттилооте пахш шуд, ки раҳбари ҳаракати Толибон (ҲТ) Ҳайбатуллоҳ Охундзода ибтикори баргузории “Маҷмаъи бузургон” (Луи ҷирга)-ро анҷом медиҳад. Ҳадаф машрӯъият бахшидан ба сохтори давлати Иморати исломии Афғонистон ва ҳамчунон ташкили як ҳукумати ҳамашумули ба сурати муназзам фаъол аст.

🔴Таърихи пешбинишуда баъд аз хатми моҳи Рамазон (30 марти 2025), макони эҳтимолии баргузории он Донишгоҳи политехникии Кобул ва теъдоди тақрибии ширкаткунандагони он то 2 ҳазор нафар мебошад (3 нафар аз ҳар вулусволии Афғонистон: як рӯҳонӣ, як тан аз раҳбарони қавмӣ, як намоянда ҷавонон, ҳамчунон русои шӯроҳои уламои вилоёт). Ба чеҳраҳои пешини сиёсӣ, аъзои опозисион ва занон иҷозаи ҳузур дар ин нишаст дода намешавад.

🔴Абдурасул Сайёф, яке аз мухолифони сарсахти Толибон хотирнишон кард, ки раванди Луи Ҷирга аз назари сиёсӣ ва қавмӣ муғризона хоҳад буд ва аз Толибон барои талоши «машрӯъият бахшидан” ба қудрати худ дар Афғонистон интиқод кард.

🔴Дар айни замон, теъдоде аз аъзои масъули ҳаракати Толибон ҳамчунон бовар доранд, ки дар ҳоли ҳозир тарзуламалҳои муассиртар барои шаклгирии афкори оммаи фарогир ва масири сиёсии кишвар вуҷуд дорад. Аз ҷумла, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоил, Мулло Нуроллоҳ Нурӣ, дар дидор бо бузургони ақвоми ҳазораи вилоёти Бомиён, Вардак, Ғазнӣ, Дойкундӣ ва Урузгон баён кард, ки таҳкими ваҳдати миллӣ дар авлавияти давлатсозии Афғонистон аст.

🔴Дар миёни ихтилофоти физоянда дар дохили ҳукумати Толибон, баргузории Луи Ҷирга худ як иқдом барои тақвияти қудрати шахсии раҳбари Толибон, Ҳайбатулло Охундзода, ва ҳамчунон талош барои ташкили як давлати "муҳофизакор"-тар ва машрӯъият бахшидан ба тасомими ғайримаҳбуб, ки дар соҳоти мухталифи зиндагии дохилии Афғонистон гирифта мешавад, ба назар мерасад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!