Муҷтаҳидини араб бо фатвову иҷтиҳод динро масх карданд ва ҳомиёни дуоташаи ислом дар сарзаминҳое чун Эрон ва Афғонистону Покистон, мех бар тобути дин кӯбиданд ва онро дафн мекунанд.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Интизор доштам, то уламои ҷаҳид чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳақиқати исломро ба мардум муаррифӣ кунанд. Вале, мутаассифона, бо ҳама интизор, ки доштам, аз санг садо баромад, аммо аз ин уламо садое барнаомад.
Ҳоло маҷбурам, то қаламе бигираму ҷумалот ва калимотеро, ки ақида дорам зайлан хидмати шумо бинависам.
Ба бовари ман, дини ислом дини поку муқаддас аст, ин дини исломро масх накунед ва бо амалкарди худ онро дафн нанамоед.
Дар усул ва мутуни дини ислом бештар бар озодӣ, огоҳӣ, покӣ, адолат, эҳсон, парҳезгорӣ, садоқат ва худопарастӣ таъкид ва тавсия шуд. Ва тайи беш аз 1400 сол аз саҳрои тафтида ва хушкидаи Ҳиҷоз то дили дарёҳои Аврупову кӯҳҳои Осиё ва қалби сокинонаш роҳ пайдо кард. Аммо бо гузашти замон муҳандисин ва ё илмдорони иҷтиҳод бар сару сурати дин он қадар рангу равған молиданд ва бо иҷтиҳод он қадар каму костиро илова карданд, ки дигар ҳатто Паёмабари ислом (салаллоҳу алайҳи васаллам) ин динро намешиносад, ки оё ҳамин динро таблиғ карда буд?
Дине, ки гуфта буд, бо китоб ва қароини он мардумро аз торикӣ ба сӯи нур раҳнамоӣ мекунад, аммо пайравонаш душмани мактаб ва маорифанд ва ҳомии ҷаҳлу зулмату торикӣ. Дине, ки гуфта дар дунё як холиқ аст, аз каси дигаре натарсед. Аммо ҳаюлои толиб, ДОИШ, Алқоида, Ҷайши Муҳаммад, Сарфурӯшони ислом, Сипоҳи саҳоба ва даҳҳо гурӯҳи террористии дигар, ки мардумро аз пушти сар ҳалол менамоянд, инсонҳоро зинда ба оташ мекашанд, ҳатто бешармона ба даҳани мухолифини худ идрор менамоянд, ин кор хилофи арзишҳои исломӣ аст.
Ҳамчунон панҷаҳои ақраби сокин дар Покистон бо интиҳору инфиҷор дар ҷаҳон аз Осиё шурӯъ то Африқо фақат тарсу ҳавл кишт мекунанд ва рӯъбу тарсро бар дили мардум ҳоким сохтанд.
Дине, ки гуфта, ақаллан дар чаҳор моҳи сол ҷанг накунед, ҳатто ҷиҳод ҳаром аст дар ин чаҳор моҳ, аммо пайравонаш дар ҳар лаҳза ва дар ҳар макон оташ афрӯхтанд ва ҷон гирифтанду табоҳӣ офариданд, китобу қаламро ба хокистар табдил карданд.
Дине, ки гуфт, интиҳор ва худкушӣ ҳаром аст, ҳар касе худкушӣ кунад, ҳисси куштани давомдор баъд аз марг онро раҳо намекунад, бор бор дар ҳиссаш такрор мешавад, аммо пайравонаш дар Афғонистон мактаби истишҳодӣ сохтанд, ки дар ҳеҷ ҷойи таърих ва мутуни исломӣ вуҷуд надорад.
Ҳадиси ҷаълӣ ва ривояти бебунёд сохтанд, то занонро сангсор кунанд ва мардонро фирорӣ диҳанд.
Назари ман ин аст, ки муҷтаҳидини араб бо фатво ва иҷтиҳод динро масх карданд ва ҳомиёни дуоташаи ислом дар сарзаминҳое чун Эрон ва Афғонистону Покистон мех бар тобути дин кӯбиданд ва онро дафн мекунанд. Ҳоло тобути дин бар шонаҳои баъзе ашхос, ки динро намефаҳманд бор аст, то онро бар як сияҳчол баёндозанд ва дунёро ба ҷаҳаннам табдил кунанд.
Дини муқаддаси ислом изофатар аз 1400 сол қабл дар саҳрои сӯзони Ҳиҷози араб, ки дар он замон ҷаҳолат ҳукмфармо буд ва мардуми он бодиянишин буданд, мутаваллид гардид.
Баъдан дар Ховари Миёна ва кишварҳои Осиё тавассути шамшери ҷангҳо, таблиғот ва гуфтумонҳо тавсеа ёфт, аммо дар ҳоли ҳозир ташвиш доранд, ки Худо нохоста бо аъмоли ҳукком, ки дар Эрон, Покистон ва Афғонистон ба номи дин фаъолият доранд, дин дар ин сарзамин дафн нашавад.
Хоҳиш мекунам сиёсати мутағайирро аз хонаи дин мутлақ ихроҷ кунед, то ҳарду пок бимонанд.
Бо дин бозӣ накунед, аъмоли ношоистаи шумо марбут ба дини ислом ва боварҳои паёмбари ислом нест, ин бовари шумо аст. Дини ислом бо ҳамчу аъмол, ки шумо анҷом медиҳед фарсангҳо фосила дорад.
Сурудаи Ҷомӣ:
Эй ба саропардаи Ясриб бихоб,
Хез, ки шуд Машриқу Мағриб хароб.
Дини туро дар пайи ороишанд,
Дар пайи ороишу пироишанд.
Баски бибастанд бар ӯ баргу соз,
Гар ту бубиниш нашносиш боз.