Чӣ тавр ва чаро қишри, ба истилоҳ, муллоҳову рӯҳониҳо, ба хидмати истихборот гирифта мешаванд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амният ва геополитика
Дар ҷавомеъи шарқӣ, ки бештар таҳти эҳсосоти мазҳабӣ, отифӣ ва инсондӯстонаанд, наҳваи интихоби муҳраҳо аз ҷониби созмонҳои истихборотӣ, аз тайфҳову қишрҳои таъсиргузори ҷомеа сурат мегирад. Дар кишварҳои мазҳабӣ ва умдатан ҷавомеъи суннатӣ, ки мазҳабу дин ҳарфи аввалро мезанад, интихоби муҳраҳои истихборотӣ барои проектҳои инчунинӣ аз миёни қишри рӯҳониюн зиёд ба назар мерасад. Зеро ин қишр бо таваҷҷуҳ ба нуфузи густурдае, ки дар миёни мардум доранд, зудтар метавонанд аҳдофро бароварда созанд.
Дар ҳоле ки дар ҷомеаҳое, ки нақши мазҳабу дин бар иловаи суннат кам аст, ин нақшро ҳунармандон, устодони донишгоҳҳо ва ҳатто нависандаагони саршинос бар уҳда мегиранд. Ба ҳар ҳол, нақши рӯҳониён дар муваффақияти як проекти истихборотӣ дар кишварҳои фақиру ақибмонда, ба чанд иллат, муҳим ва қобили таваҷҷуҳ аст:
Аввал, сухани табақаи рӯҳонӣ, ки минбари як масҷидро дар ихтиёр дорад, бештар таъсиргузор бар зеҳнияти мардум аст ва чун мардум аз нияту қасди як рӯҳонӣ огоҳ нестанд ва бештар ба ҷанбаи эътиқодӣ ва мазҳабӣ, бо эҳсосот нигоҳ мекунанд, асари он бар зеҳнияти мардум, бамаротиб муассиртар ва қобили таваҷҷуҳ аст. Наҳваи тасвирсозӣ аз дурӯғҳои шохдор ва дур аз воқеият, ки бо дунёи сиёсат ҳамхонии наздик дорад, боис мешаванд мардум тасаввур кунанд, ки он чизеро, ки як рӯҳонӣ мегӯяд, иртиботи мустақим бо арзишҳои эътиқодии онҳо дорад ва баргирифта аз тавсияҳои динӣ аст. Намунаҳои бештар ва зиёдтари он дар гузаштаҳо вуҷуд доштааст;
Дувум, табақаи рӯҳонӣ, қишри умдатан бехабар аз воқеиятҳои сиёсат, бурида аз дарки аҳдофи созмонҳои истихборотӣ ва бехабар аз воқеиятҳои айнии ҷомеа ҳастанд. Инҳо, ҳатто бо эҳсосот бо арзишҳои динӣ бархӯрд мекунанд ва ҳар масъаларо бо хушунат мехоҳанд файсала кунанд. Дар ҳоле, ки дар Қуръони карим ба таҳқиқ ва арзёбии ҳамаҷонибаи хабарҳо ва рухдодҳо ба такрор таъкид шуда ва тавсия шуда, то тасмим бидуни машварат гирифта нашавад:
“Эй касоне, ки имон овардаед; Агар фосиқе барои шумо хабаре овард, таҳқиқ кунед то мабодо надониста ба гурӯҳе бегуноҳ ҳамла кунед ва баъд, ки иттилоъ пайдо кардед, аз кори худ пушаймон шавед”. (Сураи "Ал-Хуҷарот", ояти 6).
Калимаи фосиқ ба фарде тааллуқ мегирад, ки итоати Худованди мутаолро намекунад ва ба самти маъсияти илоҳӣ меравад. Худои субҳон дар ин оят асли амал кардан ба хабарро ишора мекунад; Аммо дар мавриди шахси фосиқ ва касе, ки итоати Худованди муттаолро намепазирад, дастур медиҳад на рад кунед ва на қабул, балки таҳқиқ кунед. Дарвоқеъ бо амр ба таҳқиқ, парда аз беэътибории хабари фосиқ бар медорад.
Аммо мушкили аслӣ ин аст, ки ин қишр, натанҳо инки шинохти дуруст аз тарфандҳои истихборотӣ надоранд ва илми кофӣ барои иттико ба он, балки бо таърихи кишвар ва таърихи ислом умдатан бегонаанд ва ҳеҷ мутолиа ва бардошти дурусте аз воқеиятҳои айнии таърихи ислом надоранд, то дар партави он аз иштибоҳ парҳез карда, тасмими оҷилона нагиранд. Ин қишр дар такфир ва муртад сохтани чеҳраҳо, афрод ва сохторҳо, нақши калидиро бозӣ мекунанд ва чун абзор ҳимояти мардумро дар ихтиёр доранд, биноан ба як қувваи ғайри қобили инкор мубаддал мешаванд ва қудрати хориқулода меёбанд;
Севум, ин қишри ба истилоҳ рӯҳонӣ, ба зудӣ ҳамонанди дигар инсонҳо, таслими зару зӯр мешаванд ва маҷзуби моддиёт мегарданд ва барои ба даст овардани он аз ҳар роҳе, истифода менамоянд. Ин заъф дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад, аммо дар қишри рӯҳонӣ бештар барҷаста аст. Шояд қобили тааҷҷуб набошад ва як амри одӣ талаққӣ шавад, ки чаро аксари рӯҳониҳо, бору боргоҳи зиёд ва имконоти хубӣ модӣ дар ихтиёр доранд. Ин тоифа бештар ба моддиёт фикр мекунанд ва талош доранд то хазинаи дунёро, ки бақое надорад, ҳамвора пур нигаҳ доранд;
Чаҳорум, рӯҳониён ҳеҷ гоҳ бо воқеиятҳо оштӣ намекунанд. Ин кор боис мешавад то аз расондани паёми аслии дин, ки расондани паёми ҳақиқат аст, инҳироф карда ва шона холӣ намоянд. Ҳақиқатҷӯӣ ва ба думболи шинохти Ҳақ ва ҳақиқат будан чизе аст, ки ҷузви сиришту фитрати инсон аст. Аммо муроди аслӣ аз он амри табиӣ ба ин асос аст, ки ин мавзӯъ дар Қуръон чунин матраҳ шудааст:
“Пас рӯйи худро мутаваҷҷеҳи оини холиси Парвардигор кун! Ин фитрате аст, ки Худованд, инсонҳоро бар он офарида, дигаргунӣ дар офариниши илоҳӣ нест, ин аст оини устувор, вале аксар мардум намедонанд” (Сураи “Рум”, ояи 30).
Ин оя мефармояд, яъне дине, ки аз тамоми каҷиҳо, инҳирофот, хурофот ва гумроҳиҳо ба сӯи ҳақиқат, ростӣ ва дурустӣ мутамоил шудааст, ҳамон оини ислом ва ҳамон оини пок ва холиси Худо аст. Маҷмӯъи ин ҷумла чунин маъно медиҳад, ки таваҷҷуҳи худро доиман ба сӯи оине дошта бош, ки аз ҳар гуна инҳирофу каҷӣ холӣ аст, яъне дини ҳаққ аст ва ҳақҷӯиро Худованд дар сиришти ҳама инсонҳо қарор додааст. Дар ҳоле, ки аксарият қишри рӯҳонӣ ба думболи истифодаҷӯӣ аз мақому эътибори худ дар ҷомеа барои касби аҳдофи шахсӣ ва гурӯҳе мебошанд.
Созмонҳои истихборотӣ бошанд бо дарки чунин заъф, талош мекунанд бо розӣ сохтани ин қишр, онҳоро зудтар ба истихдом дароваранд ва бозичаи бозиҳои худ созанд.
Панҷум, қишри рӯҳониюн бо заъфи бузурги уқдаву кина, ҳасодату бадбинӣ, зудтар тӯъмаи созмонҳои истихборотӣ мешаванд. Асабиятҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва забонӣ бештар ба ин заъф доман мезанад ва боис мешавад, рӯҳониён дар ҳар сатҳе, зудтар дар дом биафтанд ва ҷузви як проекти истихборот шаванд.
Дар оёти Қуръон ҳам аз радди кина, ҳасодат ва бадбинӣ сухан ба миён омада, онро сифати зишт ва нописанд дар одамӣ дониста, ва паёмбарон (алайҳимуссалом) муъминон ва аҳли биҳиштро аз он мубарро донистаанд.
“Ҳаргиз некиву бадӣ яксон нест. Бадиро бо некӣ дафъ кун, ногоҳ (хоҳӣ дид) ҳамон кас, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, гӯӣ дӯсти гарму самимӣ аст!” (Сураи "Фуссилат", ояти 34).
Бо чунин паёми қавӣ аз Қуръони карим, рӯҳониён, таслими моддиёти дунёӣ шуда ва омолу орзуҳои инсониро аз паси минбар думбол мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳасодату кина дар ислом мардуд аст ва ба асоси фармудаҳои Қуръони карим, тавсияҳои зиёде дар ин хусус барои муъминон шудааст.
Ба ҳар ҳол бо назардошти ин воқеиятҳо, саволи хеле муҳимме дар зеҳни ҳар кас пайдо мешавад, ки чаро созмонҳои бузурги истихборотӣ бо имконоти зиёди моливу иқтисодӣ ва тавоноии фавқулъодаи амниятӣ, абзорҳоеро аз миёни қишри рӯҳониюн интихоб мекунанд? Ин савол посухҳои зеринро лозим дорад:
Аввал: истихдоми қишри рӯҳониҳо бо назардошти далоили боло хелеҳо содда аст ва имкони болои истихдоми онҳо барои аҳдофи созмонҳои истихборотӣ вуҷуд дорад. Пай бурдан ба заъфи инсонҳои мавриди назари созмонҳои истихборотӣ, аз аввалин қадамҳо барои ҷазби онҳо дар проектҳои истихборотӣ, маҳсуб мешаванд;
Дувум: зарқу барқи зиндагӣ, ташрифот ва моддиёти дунёӣ, аз ҳама бештар ба қишри мулло қобили ҷазб аст. Ва ин қишр зудтар ба дом меафтанд. Ҳирсу тамаъи ин қишр на танҳо шароитро барои ҷазби онҳо дар проектҳои истихборотӣ мусоид месозад, балки заминаро муҳайё мекунад то барои абад, дар ҷанги созмонҳои истихборотӣ бошанд;
Севум: қишри муллоҳо зудтар аз эҳсосот кор мегиранд ва ин эҳсосот аст, ки асоси ҳар амали аҷулонаро мегузорад. Муллоҳо бо қувваи қаҳрияи боло, эҳсосоти зоидулвасф ва ҳаяҷони бемонанд, ҳар тасмимро бар асоси эҳсосот, иттихоз мекунанд на дар асоси рӯшноии ақлу мантиқи ношӣ аз дастуроти динӣ.
Пас хулосаи ин баҳс, ин хоҳад буд, қишре, ки бештар қурбонӣ ва тӯъмаи созмонҳои истихборотӣ шудаанд, қишри рӯҳонӣ ва муллоҳо мебошад. Созмонҳои истихборотӣ ва шабакаҳои ҷосусӣ муттасилан, аз ин заъфи фитрии ин қишр ба хубӣ огоҳанд ва ҳамвора аз ин қишр ба унвони абзор ҷиҳати иҷро кардани барномаҳои истихборотиашон баҳра мебаранд. Заъфе, ки на танҳо миллатеро барбод медиҳад, балки динро ҳам бадном месозад, ки паёмаш инсоният аст ва эътимод.