Фикр мекунанд, оёти Қуръон ДОИШ-у Толибонро ба ҷиноёт таҳрик медиҳад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Як ҳафта қабл вақте Қуръони Карим китоби муқаддаси мо - мусулмононро як суиданӣ пора-пора кард, ман ҷиҳати накӯҳиши он навиштае муфассали доштам. Аммо баъд аз он чандин нафар бароям гуфтанд, кори хубе кардед, ки пора кардани Қуръони Шарифро дар Суидан (Шветсия) накӯҳиш кардед, аммо нагуфтед, ки иллати асосӣ дар куҷост, ки Қуръони Каримро оташ мезананд ва пора-пора мекунанд? Илали аслиро барои мо бигӯед.
Рӯйи ин асл вазифаи худ медонам, ки иллати аслие, ки чаро ба Қуръони Шариф беҳурматӣ мекунанд, хидмати шумо ин тур арз намоям...
Чаро суиданиҳо ба такрор бар оташ задани Қуръон исрор доранд?
Аввал бояд бинависам, ки ин амал ҷавоби ҷаҳл ба ҷаҳл аст. Сониян, суиданӣ фақат коғау хатту ҷилдро оташ зада, ки ҳар мусулмон метавонад фардо як миллион аз ин нусха чоп кунад. Бо қатъи хатту саҳафот беҳтар аз ин чоп кунад, аммо рӯҳониёни мусулмон оёти Қуръонро ба пули ночиз мефурӯшанд ва аҳкомашро барои ҳамеш таҳрифу насху масх мекунанд.
Сарони мусулмон бо ҳайси худкомагие, ки доранд, оёту аҳкоми Қуръонро зери по мекунанд.
Авоми мусулмон бо тӯҳмат задану афроъу дуздӣ ва ғайбату хӯрдани моли ятим ва гуфтани дурӯғи беҳисоб бо аҳкому иршоди Қуръон ҳамеш дар душманӣ аст.
Дар пай ин муқаддима ба далоили ҳаракати зишту ҷоҳилонаи ин фарди суиданӣ низ ишора мекунам.
1 - Мӯътаризи суиданӣ оёти Қуръонро дар чеҳраи аъмоли бархе гурӯҳҳои ҳомии ҷаҳлу хушунат, чун ДОИШ-у Алқоида ва толибу муфтии ҷоҳил хонда.
Вақте мебинад доишӣ бо наъраи такбир сар мезанад ва бар духтарони язидӣ ба таври дастаҷамъӣ таҷовуз мекунад ва баъд эшонро ба бардагӣ мегирад, маъобид ва масоҷиди мусулмононро ба оташ мекашад ва бар кӯдаку зану марди ғайримусулмон раҳм надорад, фикр мекунад, манбаъи ин ҳама хушунат ва ҷаҳолат Қуръон аст. Ҳамин ҷост, ки уқдааш инфиҷор мекунад ва Қуръонро минҳайси манбаъи илҳоми аъмоли хашин оташ мезанад.
2 - Вақте мебинад гурӯҳе ба номи мудофеъи ислом духтаронро аз таҳсилу занонро аз кору ҳузур дар ҷомеа манъ мекунад, фикр мекунад, Қуръон занситез ва илмгурез аст, пас бояд набошад. Дар ҳоле ки медонад бо оташ задани як нусха Қуръон нобуд намешавад, аммо чун Мулло Ҳайбатуллоҳ Охндзода, Абубакр ал-Бағдодӣ, Сайф ул-Адл ва муфтӣ Валиурраҳмон, раҳбари гурӯҳи толибони Покистониро муҷозот карда наметавонад, заҳри хашмашро бар Қуръон мерезад.
3 - Вақте мебинад мусулмонон бо ҳам дар ҷанганд, хонаву кошона ва мулки худро вайрон мекунанд ва баъд аз фирору ҳиҷрат ба кишварҳои ғайриисломӣ боз ҳам даст ба дуздиву хушунат ва қонуншиканӣ мезананд, боз ҳам фикр мекунад, ин Қуръон аст, ки пайравоншро ба куштани худиву бегона ташвиқ мекунад.
Дар ҳақиқат ин суиданиҳо бо забони ҳол, забони оташ ба доишиҳову Алқоида ва толиб мегӯяд, накушед, таҷовуз накунед, мардумро аз озодӣ маҳрум накунед, дарвозаи макотибро набандед, ба ҳабси хонагии занон хотима диҳед, табъизи ҷинсиятиро канор бигузоред. Агар Қуръон шуморо ба ин аъмоли шанеъ ва хашин амр мекунад, ман шуморо аз шарри он наҷот додам...
Лизо зӯри суиданиҳо ба Қуръонфурӯш, ки оёту аҳкоми Қуръонро зер по карда ва бо тиловати оёти Қуръон ҷинояту хушунатро густариш додааст, намерасад. Аз ин хотир, осонтарин аксуламал оташ задани нусхаи хаттии Қуръон аст, ки фикр карда, шояд оёти ҳамин китоб мағзу қалби ин доишӣ ва толибро ба чунин аъмол водошта, лизо ба ҷои ин ки ангуштро ба тарафи суиданиҳо ишора меравем, муштро бояд ба тарафи худ кунем.
Мо ки медонем, чунин нест. Оташ задани Қуръон ҳамоқат аст ва қалбҳои мусулмонони асилро озор медиҳад, аз ин хотир, онҳо эътироз мекунанд ва ба сафоратҳои Суидан юриш мебаранд, суиданиҳоро накӯҳиш мекунанд, ҳарчанд аксари кулли он ҷомиа аз асли матлаб хабар надорад ва чунин аъмолро намепазирад.