Масири дарёии шимолӣ чӣ гуна муҳофизат мешавад?
Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Барои Русия Масири дарёии шимолӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати ҳамлу нақл ва иқтисоди давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар асноди роҳбурдӣ, аз ҷумла “Роҳбурди рушди минтақаи Қутби Шимоли Федератсияи Русия ва тазмини амнияти миллӣ то соли 2035” (тасвибшуда бо фармони раёсатиҷумҳурӣ, шумораи 645 муаррихи 26 октябри 2020) ва “Барномаи рушди зерсохти Масири дарёии шимолӣ” (тасвибшуда бо дастури ҳукумат, шумораи 3120-р муаррихи 21 декабри 2022) мунъакис шудааст.
Дар ин росто, нерӯҳои мусаллаҳи Русия омодаи дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҳрик ва нақзи қавонин дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал ва қавонини дохилӣ ҳастанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Федератсияи Русия, дар августи 2025 дар дидор бо коркунони саноати ҳастаӣ ва донишмандон таъкид кард, ки бартарии мустақими низомии Русия дар ин аст, ки зердарёиҳои стратегии Русия “ба зери яхҳои Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ мераванд ва аз диди радарҳо нопадид мешаванд”.
Ин амр бо дар назар гирифтани аҳамияти роҳбурдии Масири дарёии шимолӣ, ҳифозати мутмаини он тавассути Новгони шимолро тазмин мекунад. Ин воқеият бо иҷрои мудовими иқдомоте дар ҷиҳати таъмини амнияти масир, муқобила бо терроризм ва ҳифозат аз киштиҳои ғайринизомӣ ва иртибототи зериобӣ таъйид мешавад.
Ба унвони мисол, дар чорчӯби размоиши амалиётии нерӯи дарёии Русия бо номи “Тӯфони июл” (июли 2025), дар обҳои Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ иқдомоти падофанди ҳавоӣ ва зиддимушакӣ дар шароити ғайриодӣ, аз ҷумла бо истифода аз паҳподҳо, тамрин шуд. Барои тазмини эминии лозим, сокинони кишварҳои ҳамҷавор аз пеш мутталеъ шуданд ва вуруд ба минтақаи размоиш таҳти контрол буд.
Тавсеаи зерсохтҳои низомии Русия дар маҷмаъулҷазоири Замини Франс-Иосиф ва ҷазоири Новосибирск низ моҳияти дифоъӣ дорад ва ҳадафи аслии он ҳифозат аз манофеъи иқтисодии Федератсияи Русия аст. Дар айни ҳол, Маскав ҳеҷ қасде барои низомисозии минтақа надорад.