Байден гуфт, Афғонистонро касе наметавонад ваҳдат бахшад ва ба сурати воҳид ва якпорча идора кунад. Ин сухани Байден дақиқ аст. Аммо чаро чунин аст?
Муаллиф: ЯЪҚУБ ЯСНО
Ҳақиқат ин аст кишварҳои ҷаҳон ҳама дар марҳалаҳое аз таърих ишғол ва тасарруф шудаанд. Ҳеҷ гурӯҳ ва қавме аз оғози таърих, сокини як сарзамин набудааст. Гурӯҳҳо маъмулан бино ба ҷангу шикаст дар сарзаминҳо ҷо ба ҷо ва аз сарзаминҳо фирорӣ шудаанд.
Амрико тавассути англисҳо тасарруф ва ишғол шуд, аксар ақвоми қаблии сокин дар Амрико кушта шуданд ва теъдоде, ки зинда монданд, барда шуданд. Чанд сол қабл бардаҳо озод шуданд ва имтиёзи шаҳрвандӣ пайдо карданд.
Гурӯҳе, ки дар ҷанг як сарзаминро тасарруф мекунад, ду роҳ дорад: ё бо зӯр сокинони қаблиро масх кунад ва монанди худ бисозад ё қавми фотиҳ масх шавад ва монанди ақвом мағлуб шавад. Дар ғайри он ҷанг ва низоъ байни қавми фотиҳ ва ақвоми қаблӣ идома хоҳад ёфт.
Дар Афғонистон (Хуросон) чӣ иттифоқ афтод?
Ақвоми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек боқидматтар аз қавми паштун дар Афғонистон (Хуросон) ҳастанд. Тоҷику ҳазора пеш аз ислом дар Хуросон буданд. Аз ҷумлаи ақвоми минтақа, ки баъд аз ислом ва ҳузур араб, Хуросон ва минтақаро то Ҳинд фатҳ карданд, ақвоми турк, муғул ва ӯзбек буданд. Маъмулан ақвоми турк, муғул ва ӯзбек дар Хуросон ва минтақа дар фарҳанги мағлубон масх шуданд ва порсизабон, эронӣ, тоҷик ва... шуданд.
Қавми паштун пас аз ӯзбекҳо қавми фотиҳ аст, ки Хуросонро тасарруф кард. Қабилаҳои қавми паштун сесад сол пеш аз ҷумлаи қабилаҳо ва ақвоми қудратманди сокини Хуросон (Афғонистон) набуданд. Қавми паштуни Афғонистон аз ҷумлаи қабоили сокин дар кӯҳҳои Сулаймон, воқеъ дар фалоти марзи Ҳинду Эрони қадим (Покистони кунунӣ) аст. Ҳанӯз аксарияти қавми паштун, сокини Покистон аст. Бинобарин, қавми паштун аз ҷумлаи ақвоми эронӣ-ҳиндӣ аст. Ҳатто забони пашту аз забонҳои байнобайни эронӣ ва ҳиндӣ аст. Қабоили паштун дар Покистон бо панҷобиҳо ва дар Афғонистон бо ақвоми сокини қаблии минтақа (тоҷик, ҳазора ва ӯзбек) даргирӣ ва низоъ дорад.
Пас аз ин ки бахше аз қабилаҳои паштун Хуросонро тасарруф карданд, тибқи рӯйкарди мутасаррифони қаблӣ дар фарҳанги сокинони минтақа масх шуданд. Агар ин масхшудагӣ идома пайдо мекард, паштунҳо форсизабон ва тоҷик мешуданд. Аммо аз сад сол ба ин тараф (пас аз рӯи кор омадани нозисм), бо фирефта шудани Маҳмуд Тарзӣ, Амонуллоҳхон ва... ба нозисм ва Ҳитлер, талош барои ин сурат гирифт, то ақвоми сокини қаблии Хуросон масхи қавми фотеҳ (паштун) шавад ва афғонсозӣ (паштунизм) ривоҷ пайдо кунад.
Номи Хуросон ба Афғонистон тағйир кард. Номи пул афғонӣ шуд. Пута хазона сохта шуд. Забони пашту забони миллӣ ва расмӣ эълом шуд. Нисоб дар як давра, дар кул ба забони пашту шуд. Забони форсӣ забони хориҷӣ ва бегона талаққӣ шуд.
Аммо чаро афғонсозӣ ва паштунизм натиҷа надод? Чаро ҳама афғон ва паштун нашуданд?
Мушкил дар ин буд, ки фарҳангу забони қабилаҳои паштун, бадавӣ, нонавишта ва гуфторӣ буд. Бинобарин имкон надошт забон, китобат ва фарҳанги чандҳазорсолаи порсӣ дар Хуросон ба забон ва фарҳанге масх шавад, ки ҳанӯз алифбо, хатт ва сурати навишторӣ надошт. Аз идеяи афғонсозӣ ба баъд буд, ки низоъҳои қавмӣ, фарҳангӣ ва забонии ақвоми сокини Хуросон бо қавми фотеҳ (қавми паштун) оғоз шуд ва то акнун идома дорад.
Бинобарин ҳукуматдории федерал дарвоқеъ поён додан ба ин низоъҳои қавмӣ, фарҳангӣ ва забонӣ аст. Зеро аз назари забонӣ ва фарҳангӣ, мумкин нест ақвоми ғайрипаштун дар фарҳанги ибтидоии паштун масх шаванд.