Украина бар асоси дасоиси судҷуёна ва таҷовузкоронаи Амрико ба табоҳӣ кашонда шуд, аммо чӣ касе ва кадом нерӯе хоҳад тавонист Амрикоро посухгӯ қаламдод намуда, ба додгоҳи ҷаҳонӣ бикашонад?
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, Олмон
Ҷанги Украина як бозандаи аслӣ дорад ва як барандаи аслӣ. Бозандаи аслӣ мардуми Украина аст, ки кишварашон осебҳои ҷуброннопазири инсонӣ ва иқтисодиро мутаҳаммил шуда, зерсохтҳояш аксаран нобуд хоҳад шуд. Ва барандаи аслӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, ки бо пешбурди сиёсати путинҳаросӣ дар Аврупо, бо бастани қарордодҳои ҷадиди фурӯши таслиҳоти низомӣ – ба шумули фурӯши 203 фарванд ҷети ҷангӣ (F-35) бар аврупоиён ва бастани қарордодҳои фурӯши энергии нафту газ бо онон, судҳои калоне ба чанг хоҳад овард.
Оқои Зеленский, раисҷумҳури Украина, ки василаи муассире барои гарм кардан ин бозор барои миллиарддорони яҳудии Амрико ва Исроил аст, пас аз анҷоми ин муомилоти чандсадмиллиардӣ ба нафъи Амрико ва Исроил ҳамин парерӯз буд, ки тавофуқи кишварашро ба хотири бетарафии Украина ва напайвастан ба НАТО эълом кард (албатта, бар хилофи изҳороти пуртумтароқаш дар конфронси амниятии Мюнхен, ки хоҳони пайвастани сареъи Украина дар паймони низомии НАТО шуда буд).
Тавофуқи Зеленский ба бетарафии Украина, умдатарин хости Русия буд, ки эй кош, оқои раисҷумҳур аз аввал ба он фикр мекард, ба сози Амрико ва шуракои ҷурм аврупоиаш намерақсид, дар иҷлоси амниятии Мюнхен бо завқзадагӣ аз наздик шудани кишвараш ба НАТО хабар намедод ва бо таҳрики қасди Русия ба ҷанг, сабаби ин ҳама вайронӣ ва марг намешуд! Эй кош!!!
Имрӯз бар ҳама одамҳо ва давлатҳои бовиҷдони ҷаҳон равшан аст, ки Украина бар асоси дасоиси судҷуёна ва таҷовузкоронаи Амрико ба табоҳӣ кашонда шуд, аммо чӣ касе ва кадом нерӯе хоҳад тавонист Амрикоро посухгӯ қаламдод намуда, ба додгоҳи ҷаҳонӣ бикашонад? Ҳеҷ неруе. Ҳамон гуна, ки пас аз вайрониҳои Фаластин, Ироқ, Либия, Афғонистон, Сурия, Яман ва Югославия касе натавонист аз сиёсатмадорони ҷангафрӯзи Амрико, толиби ҳадди ақал як тавзеҳ шавад, ҳоло ҳам ҳамон гуна хоҳад буд.
Ба тозагӣ кишвари қудратманди Чин - дуруст пас аз он ки кӯшишҳои Амрико ва Ғарб барои кашондани Чин дар ҷанги Украина ба тарафдорӣ аз Ғарб бенатиҷа монд, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин бо изҳороти возеҳе ба ин кӯшишҳои фитнагаронаи Амрико, посух гуфтааст.
Хонум Хуа Чунин, сухангӯи вазорати хориҷаи Чин бо тамасхур аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, ки пеш аз сӯҳбат дар бораи ахлоқиёт, бояд худ аз ҷиноёти ҷангии худ дар кишварҳои мухталиф узрхоҳӣ кунад. Ӯ ба сароҳат мегӯяд: "То замоне, ки Амрико ва НАТО аз мардумони Югославия, Ироқ, Сурия ва Афғонистон узрхоҳӣ накарда ва хисороту ранҷеро, ки ба онон ворид овардаанд, ҷуброн накунанд, ҳаққ надоранд дар бораи усули ахлоқии ҳеҷ кишваре дар мақоми қазоват бароянд".