Амрико ҳамеша ҷангофарин ва буҳронсоз аст
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ
Буҳронсозӣ ва эҷоди нуқоти доғ дар ҷаҳон ҷузъи аслии сиёсати ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост. Тайи сад соли ахир тақрибан ҳеҷ ҷангу таҷовузеро сӯроғ надорем, ки дасти Амрико дар он дахил набуда бошад. Амрико ба хотири манофеъи серинопазири милиарддорон - бахусус миллиарддорони арсаи санъати низомӣ ва логистикиаш, ҳамвора бо халқ кардани ҷангҳо ва буҳронҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, аҳдофи судҷӯёна ва тавсеаталбонаеро думбол кардааст.
Дӯстон ва шарикони роҳбурдии Амрико (Аврупо, Канада, Австралия ва Ҷопон) бо он ки ба хубӣ медонанд, ки Амрико кишваре буҳронсоз буда ва ҳамвора ба баҳонае кишвареро ба майдони оташу хун мубаддал мекунад, ҳеҷ гоҳ дар баробари он қарор нагирифта ё ҳадди ақал монеъи таҳаққуқи нақшаҳои судҷуёнаи он нашудаанд. Онон ҳамвора ин буҳронсозиро пардапӯшӣ карда, ба наҳве аз он итоат карда ва дар ниҳоят шарики ҷурм шудаанд.
Фақат чанд ҷангу буҳрони бузургро ба ёд меёварем, ки Амрико ҳадафмандона онро ба роҳ андохта ва аврупоиён кӯркӯрона аз он итоат кардаанд: ҷанги Куриёро, ҷанги Ветнамро, ҷангҳои хонумонбарандоз дар Фаластин ва дар Шарқи Миёнаро, ҷанг дар Югославия, Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва Афғонистонро, ки ҳамаи ин ҷангҳоро Амрико ба баҳонае дар дода ва Аврупо, Канада ва Австралияро аз пушти худ кашондааст.
Магар ин Амрико набуд, ки ба баҳонаи мавҳуми силоҳи атомӣ Ироқи сарватманд ва ободро фақат дар муддати як ҳафта ба вайрона мубаддал карда, раисҷумҳураш Саддом Ҳусайнро бо беиззатӣ кушт ва пас аз муддате бе узру маъзарат ва бидуни камтарин хиҷолат ба ҷаҳон иттилоъ дод, ки мо дар Ироқ силоҳи атомӣ наёфтем?
Ва магар ин Амрико набуд, ки ба баҳонаи саркӯби Ал-қоида ва Толибон ба Афғонистон лашкар кашид ва дар поёни кор, бе он ки аврупоиёнро мутталеъ сохта ва аз касе маъзарат бихоҳад, кишвару миллатеро ба терроризми Толибон таслим доду рафт?
Ҳоло ҳам дар ҷанги Русия ва Украина, ки боз ҳам ба таҳрики Амрико шакл гирифта ва бе шабоҳат ба таҳрики таҳоҷуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Афғонистон нест, қабл аз ҳама ба баҳонаи дифоъ аз демократия ва ба ҳадафи тазъиф ва аз по даровардани Русияву Аврупо ба роҳ андохта шудааст.
Амрикоиён, ки ҳоло ба поёни даврони яккатозӣ ва оқоияшон бар ҷаҳон наздик шудаанд, бо таҳрики Украина ва таҳрики Русия ба ҷанг ва дахил кардани ҷиддии аврупоиён дар буҳрон мехоҳанд ҳам зерсохтҳои Украинаро вайрон карда, баъдан аслиҳа, таҷҳизот ва саноеъи худро ба онон бифурӯшанд ва ҳам мехоҳанд рақибони русӣ ва аврупоияшонро тазъиф намоянд.
Амрикоиён ба хубӣ медонанд, ки бо таҳримҳои сахти Русия, на танҳо Русия садама мебинад, балки аврупоиён ҳам, ки муровидот ва ҳамкориҳои танготанги иқтисодӣ ва тавлидӣ бо Русия доранд, ба садамаҳои шадиди иқтисодӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Ба бовари ман, ҷанги Украина, ки бетардид ба асоси ҳамон стратегияи буҳронсозии Амрико ва боз ҳам ба дахолат ва таҳрики мустақими он кишвар ба роҳ афтодааст, ба Русия ва Аврупоро ҳамсон зарар хоҳад расонд. Аммо ин ҷанг ороиши ҷадиде аз қудратҳоро дар сатҳи ҷаҳон ба вуҷуд хоҳад овард. Шакке вуҷуд надорад, ки Русия ҳамонанди Эрон дар баробари таҳримҳо муқовамат карда ва бо наздик шудани бештар бо Ҷумҳурии халқии Чин, қутби нави қудрат дар ҷаҳонро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Возеҳ аст, ки дар поёни ин ҷанги хунин ва вайронгар, Украина ва мардуми наҷибу шарофатманди он садамаҳои шадид ва ҷуброннопазиреро мутаҳаммил хоҳанд шуд, аммо аврупоиён танҳо бозандагони аслии ин ҷанг хоҳанд буд - ҳамонҳое, ки ҳар бор, ҳар буҳронсозии Амрикоро кӯркӯрона ҳимоят мекунанд ва аз ҳич ҷангу буҳроне дарс намегиранд. Онон на аз баҳонаи дурӯғини Амрико барои сарнагунии Саддом Ҳусайн чизе омӯхтанд ва на аз ҷанги бистсолаашон бар зидди Толибон дар Афғонистон, ки билохира мунҷар ба ба пирӯзӣ расондани гурӯҳи террористӣ ва зидди маданият ба номи Толибон шуд.
Дар поёни ин тафсир, ба рӯйхати буҳронсозиҳо ва таҷовузоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нуқоти мухталифи ҷаҳон таваҷҷуҳи шуморо ҷалб менамоем, ки тайи 120 соли ахир сурат гирифтааст:
1901 - вуруди мустақими неруҳои амрикоӣ ба Колумбия;
1902 - ҳамла ба Панама;
1905 - вуруд ба Гондурас алайҳи инқилоби ин кишвар;
1905 - ҳамла ба Мексика ва саркӯби қиёми мардумии он кишвар;
1911 - саркӯби қиёми зиддиамрикоӣ дар Филиппин;
1912 - 1933 - ишғоли Никарагуа;
1914 - 1934 - ишғоли Гаити;
1916 - 1924 - ишғоли ҷумҳурии Доминикан ба муддати 8 сол;
1917 - 1933 - ишғоли Куба;
1918 - 1920 — вуруди низомӣ ба Панама;
1919 - вуруди низомӣ ба Коста-Рика;
1919 - ҳамла ба Гондурас;
1920 - ҳамла ба Гватемала;
1924 - 1925 — ҳамлаи дубора ба Гондурас;
1925 - ҳамлаи дубора ба Панама;
1926 - ҳамла ба Никарагуа;
1927 - 1934 —ишғоли Чин;
1932 - ҳамла ба Салвадор;
1937 - ҳамлаи дубора ба Никарагуа;
1945 – дар ҳоле ки ҷанги ҷаҳонӣ тамом шуда буд, ба Ҳиросима ва Нагасакии Ҷопон бомба андохт, ки ҳудуди 220 000 нафар дар асари ин ду бомбаборони атомӣ ҷон бохтанд;
1947 - 1949 - ҳамла ба Юнон;
1948 - 1953 - ҳамла ба Филиппин;
1950 - ҳамла ба Пуэрто Рико;
1950 - 1953 - ҳамла ба Корея;
1959 - ҳамла ба Гаити;
1960 - амалиёти низомии Амрико дар Эквадор;
1965 - 1973 - ҳамла ба Панама;
1955-1975 - таҷовузи хунин ба Ветнам;
1966 - ҳамла ба Гватемала;
1971-1973 - бомбаборони Лаос;
1972 - ҳамла ба Никарагуа;
1983 - дахолати низомӣ дар Гренада;
1988 - ҳамлаи Амрико ба Гондурас;
1992 - 1994 - ишғоли Сомали;
1998 - ҳамла ба Судон;
1999 - ҳамлаи 78-рӯза бар Югословия;
2001 - ҳамла ва ишғоли Афғонистон ба баҳонаи таъқиби гурӯҳҳои Ал-қоида ва Толибон;
2003 - ҳамла ва ишғоли Ироқ бидуни муҷаввизи Созмони Милал;
2011 - ҳамла ба Либия ва сарнагунии Қаззофӣ;
2011 - 2015 - ҳимояти расмӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар Сурия бо ҳадафи барандозии Башшор Асад.