
Афғонистон аз сӯи Покистон ишғол шудааст ва Покистон ба худ ҳақ медиҳад, то дар Афғонистон амалиёт кунад. Ҳамлаи Толибон ба Панҷшер таҷовузи қавмӣ аст
Нависанда: Ҳабиб Ҳамидзода, рӯзноманигор ва нависанда
Бар асоси ривояти Мир Ғуломмуҳаммад Ғубор (муаллифи китоби "Афғонистон дар масири таърих", беҳтарин ва воқеитарин китоб дар бораи таърихи Афғонистон) Нодирхон барои ҷанг бо мардуми Кописо ва Парвон, 25 ҳазор сарбози ҷангӣ аз мардуми аҳмадзоӣ, карухел, ҷоҷӣ, мангал, тӯтохел, вазирӣ, вардак ва чанд қабилаи дигар (ҳамроҳ бо сарбозони расмии артиши сохтаи худаш) ба ин минтақа савқ дода буд. Бо ҳамин шева мардуми ҷануб дар даҳаи ҳафтод (замони муқовимати аввал (1996-2001)) ба ин минтақа ҳуҷум бурданд. Аз он чӣ бар ин мардум дар ин ду навбат гузашта қалам ба гиря меафтад. Одам вақте фаҷиаҳо ва рӯйдодҳои ин минтақаро дар таърихи кишвар мехонад, аз шарм фурӯ мерезад.
Акнун бори дигар қабоили паштун аз вилояти Хӯст, ки дар чорчӯби расмии артиши Толибон масъулияте надоранд, барои ҷанг ба Панҷшер дар ҳаракат ҳастанд. Тавассул ба қабоил барои саркӯби мухолифони дохилӣ, яке аз шеваҳои ҷанги ҳукуматҳои қавмгарои Афғонистон буда. Даъват аз қабоили Хӯст барои ҷангидан бо мардуми Панҷшер ва эҳтимолан дар оянда дар манотиқи дигари Афғонистон, ҳамон шева аст, ки Нодирхон дар баробари Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва Толибон дар навбати гузашта алайҳи мардуми Шимолӣ (минтақаи шимоли Кобул – Кописо, Парвон ва Панҷшер) истифода карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки чанд ҳафта қабл Покистон вилояти Хӯстро бомбаборон кард. Натанҳо касе дар Хӯст вокуниш нишон надод, ки ҳукумати қавмии Толибон, ки муддаии шикасти Амрикову НАТО аст, иқдом накард. Қабоили ҷануб ва ҳукуматҳои пуштибон ва ҳомии ваҳшати онон, аз таҷовузи Покистон нигарон нестанд, аммо қиёми Панҷшер ва дифоъи ин мардум аз иззаташон барои онон қобил қабул ва таҳаммул нест. Шояд бузургтарин муаммои рӯзҳои мо ба назар расад, аммо чунин нест.
Толибон ва паштунҳои ҷануб таҷовузи Покистон ба Хӯсту Кунар ва Нимрӯзро ҷиддӣ нагирифтанд ва яке ҳам бо он мухолифат накард, аммо ҳамагӣ ба сари муқовиматгарони Панҷшер рехтанд. Ин ба он маъност, ки Афғонистон аз сӯи Покистон ишғол шудааст ва Покистон ба худ ҳақ медиҳад, то дар Афғонистон амалиёт кунад.
Иттифоқоти ин рӯзҳо дар Панҷшер ва наҳваи ҷангу лашкаркашии Толибон ба ин дараи сарсахт нишон медиҳад, ки ҳукумати қавмии Толибон ва миллатгароҳои ҳомии ин ҳукумат, ормони волотар аз ормони саркӯби Панҷшер надоранд. То ин ҷои кор ҳар он чӣ дар тавон доштаанд, бо бадавитарин равиш алайҳи Панҷшер ва мардуми он ба кор бастаанд. Ҳамлаи Толибон ба Панҷшер таҷовузи қавмӣ аст ва муқовимат роҳи барҳақ аст.
Аммо бо саргузашти талхе, ки Шимолӣ ва Панҷшер аз сар гузарондаанд, ҳеҷ вақт навмед ва таслимшуда зоҳир нашудаанд. Устуворӣ, ғурур ва бегонаситезӣ хосияти аслии ин минтақа аст. Ин минтақа ба хонаи оташгирифта ва сӯхтае мемонад, ки хиштҳои боқимондааш аз он оташ пухта шуда бошанд. Иродаи оҳанини мардуми ин минтақаи Афғонистон вирди забони мардумони дохилу хориҷи кишвар аст. Ин минтақа ҳамеша хор дар гулӯ ва теғ дар гардани мутаҷовизин ва тамомиятхоҳон будааст. Хунҳое, ки ин рӯзҳо дар Панҷшер, Шимолӣ, Андароб ва дигар манотиқи зиддитолибон рехта мешавад, решаҳои озодӣ ва озодихоҳӣ дар миёни як миллатро обёрӣ мекунад.
Мавзӯъ бисёр равшан аст. Масъала дохилӣ ва таърихӣ аст. Ҷанги Нодирхон ва Толибон бо мардуми Шимолӣ ва Панҷшер аз як ҷинс аст. Ташреҳи ин рӯйдодҳо бар асоси моделҳо ва назарияҳои берунӣ, бунёди илмӣ ва мантиқӣ надорад. Ин мавзӯъ масъалаи бахусуси Афғонистон аст ва бар асоси воқеиятҳои таърихии Афғонистон бояд баррасӣ ва арзёбӣ шавад.
Демократияхоҳӣ ва ормонгароиҳо бидуни қабул кардан ва таваҷҷуҳ ба мушкили таърихии Афғонистон, ҳеҷ кадом моро ба ҷое намерсонад. Аз соли 1330 ба ин сӯ баҳои тамоми ранҷҳо, зиндон рафтанҳо, шиканҷа шуданҳо ва қабули ҳазорон мусибат барои расидан ба озодӣ ва демократия, ҳадар ва барбод рафтааст.
Омили умдаи ба натиҷа нарсидани ҳамаи ин ҷонфишониҳо, ҳал нашудани масъалаи миллӣ аст. Ситами миллии мавҷуд, ки ҳамзоди Афғонистон аст, аз омӯзиш, тавзеъи адолат, таҳаққуқи демократия ва дар ниҳоят аз доштани ваҳдати миллӣ ҷилавгирӣ кардааст.
Бартариталабӣ ва тамомиятхоҳие, ки ҳадафи ниҳоишон “афғонизасозӣ” ва якдаст сохтани тамоми кишвар будааст, омили беадолатӣ, густариши фақру бесаводӣ ва билохира омили ҷангу вайронии кунунӣ аст. Ба думболи доруе барои дармони ин дарду захми кӯҳна бошем. Пеш аз ҳал кардани ин масъала, ки маргу зиндагии кишвар ба он вобаста аст, демократияи воқеӣ ва адолати иҷтимоиро таҷриба нахоҳем кард. Чун қабл аз мо мардони оҳанин ва мутааҳҳидтарин барои расидан ба онҳо бидуни таваҷҷуҳ ба мушкили аслии кишвар, ҳазина ва ҷонфишонӣ карданд, вале ба дасташ наёварданд.