Хабари рӯз

Ҳеҷ китоб, ки дар бораи Ховари Миёна ва ё Осиё дар ин кишвар барандаи ҷоиза намешавад, то аксаран манофеъи Амрико дар он нуҳуфта набошад

Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Аз нигоҳи илми таърих ҳама масоил дар як ҷомеа ба ҳамдигар бастагӣ дорад. Зебоии таърих ҳамин аст. Агар муаррих масоили гуногунро дар ростои таърихӣ мадди назар намегирад, он метавонад як таърихнависии номукаммал бошад.

Имрӯз нависандагии таърихи гузашта танҳо умури сиёсиро дарбар намегирад, балки ҳама масоил бо ҳам як бофт дорад. Таври мисол, ҳиҷоби иҷборӣ дар Афғонистон танҳо як масъалаи динӣ нест, балки иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳам ҳаст, зеро аз тарафи як ҳукумат, ки машрӯъияти қонунӣ надорад, ба зӯр татбиқ мешавад ва хариди чодариро дар бозори коло боло мебарад ва таъсироти иҷтимоиву равонӣ ҳам дорад.

Даҳуми моҳи майи 2022 Донишгоҳи Торонто, шӯъбаи равобити хориҷии Мактаби умури ҷаҳонӣ ва сиёсати умумии ба номи Мунк (Munk School of Global affairs & Public policy) аз тариқи системи “Зум” як гуфтушунуд бо нависандаи як китоби ҷадиди таърихи Афғонистон зер унвони “Ҷанги Амрико дар Афғонистон” (“The American war in Afghanistan”), асари Картер Малкасян (Carter Malkasian) дошт, ки ин китоб ба хотири таҳқиқоти баландпояи он барандаи ҷоизаи “Ҷоизаи китоби Лионел Гелбер” (Lionel Gelber Book Prize) шудааст.

Гуфтушунуд дар мавриди Афғонистон ҷолиб буд. Нависанда чандин бор бо Ашраф Ғанӣ дидор кардааст. Аз Ашраф Ғанӣ ба некӣ ёд кард ва Ашраф Ғаниро масъули барбодии Афғонистон надонист. Ҳамчунон аъмоли Толибонро нақд накард ва ғайримустақим аз эшон тарафдорӣ кард.

Аз ашхосе, ки дар ҳайати қазоваткунанда барои ҷоизаи китоб ёд шуд, маълум мешуд, ки аз лобии қавӣ, ки дар сиёсатҳои хориҷии Амрико дахил аст, ташкил шудааст. Қисме ки шумо иттилоъ доред, Ашраф Ғанӣ ҳам ба кӯмаки лобии яҳудӣ ба қудрат расид. Пас тарафдории ин нависанда ҷадид нест. Ин муҳаққиқ, хоҳ китоби хуб ё хароб бошад, китобро фармоиш додам, зеро ҳатман матолиби хуб дар он барои хондан гунҷонида шудааст.

Нуктае, ки ман ҳушдор медиҳам, ки қишри академики амрикоӣ бо сиёсатҳои амрикоӣ ҳамнавоӣ дорад ва ин мавзӯъ барои азҳони омма бисёр фиребдиҳанда аст. Вақте донишҷуён ва мардуми одӣ мебинанд, ки як шахси академик, ки барандаи ҷоизаи китоб шудааст, истидлол мекунад, ин мавзӯъро кӯркӯрона қабул мекунанд, чунончи мардумони мусулмон ҳам аз суннӣ ва шиа ҳамон тавре ки матолиби фиқҳиашонро кӯркӯрона қабул мекунанд. Бидуни ин ки худ таҳқиқ кунанд, масоили таърихро ҳам кӯркӯрона қабул мекунанд.

Чаро дар бораи ин китоби нав навиштам? Ҳеҷ китоб, ки дар бораи Ховари Миёна ва ё Осиё дар ин кишвар барандаи ҷоиза намешавад, то аксаран манофеъи Амрико дар он нуҳуфта набошад. Мардуми Афғонистон набояд зиёдтар фиреб бихӯранд, зеро як ҳарбаи бисёр қавӣ дар Амрико матбуот ва қуввати академик аст, ки ба пахта ҳалол мекунад ва шахс аз худ хабар намеёбад.

 


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!