Чаро мухолифини Толибонро касе пуштибонӣ намекунад?
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар (Афғонистон), махсус барои “Сангар”
Як далели камалоқагии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ба ҳимоят аз мухолифони Толибон, ибҳом дар ривоят ё дарвоқеъ далелҳо ва ангезаҳои ҷанги онон бо Толибон аст.
Режими Толибон ҳам дар сиёсати дохилӣ биноро бар саркӯб, тақобул, тазод ва таниш гузошта ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ аз рӯйкарди боҷгирӣ, гаравгонгирӣ ва истифода аз нуқтаҳои заъфи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон кор гирифтааст. Аммо он чи сиёсати саркӯб ва тазоду тақобули дохилии Толибон хонда мешавад, қурбониёни мушаххас дорад. Ҳамаи ақвом ба сурати яксон қурбонии сиёсати саркӯби Толибон нестанд.
Тоҷикон дар садри феҳристи ақвоме қарор доранд, ки Толибон барномаи ҳазф ва саркӯби систематикии онҳоро дар дастури кор доранд. Ба таъбири дигар, ҷанги Толибон дар дохил ошкоро моҳияти ҳувиятӣ ва қавмӣ дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин амр, ҷанг бо Толибон аз манзари неруҳои зидди Толибон низ бояд моҳияти ҳувиятӣ дошта бошад ва ривояти ҷанг аз муаллифаҳои ҳувиятии ақвоми таҳти ситам пайкарбандӣ шавад. Ин корест, ки ҷабҳаҳои низомии зидди Толибон то кунун онро анҷом надодаанд.
Ба ҳамин далел аст, ки ҷанги неруҳои зидди Толибон аз назари стратегистҳои қудратҳои минтақа ва ҷаҳон фоқиди ривояти роҳбурдӣ пиндошта мешавад ва ҳимоят аз он ҳоизи маъно ва аҳамият дониста намешавад.
Далелҳое, ки ҷабҳаҳои зидди Толибон барои фосилагирӣ аз ривояти рӯшани қавмӣ ва ҳувиятӣ матраҳ мекунанд, бештар ҷанбаи ахлоқӣ дорад ва бар навъе миллигароии романтикӣ ва нопухта устувор аст. Ин далелҳо дар як шароити оддӣ метавонанд қобили пазируфтан бошанд, аммо дар шароити кунунии Афғонистон ва шароите, ки Толибон эҷод кардаанд, мо ниёз ба рӯйкардҳои мубтанӣ бар воқеъгароӣ ва айниятгароӣ дорем.
Дар чунин шароит наметавон бо мавъизаҳои ахлоқӣ ва эҳсосоти носталжикӣ сиёсат кард. Ҳамон гуна ки имрӯз мавъизаҳои динии Толибон фиребкорона талаққӣ мешавад ва бетаъсир аст, мавъизаҳои ахлоқии мухолифон, ки бар пояи миллигароии миёнтиҳӣ устувор аст, низ метавонад фиребкорона ё содаандешона талаққӣ шавад ва фоқиди ҷозиба ва муассирият бошад.
Аксаран мешунавем, ки мухолифони Толибон мегӯянд, ки Толибон бар ҳамаи ақвом, аз ҷумла паштунҳо низ зулму ситам раво медоранд; ва аз ин муқаддимаи носуфта ин натиҷаи гумроҳкунанда бароварда мешавад, ки пас Толибон як гурӯҳи қавмӣ нестанд ва наметавон бо ривояти қавмӣ ва ҳувиятӣ алайҳи онҳо ҷангид.
Дар ин ҷо мо дарвоқеъ бо як ғалатфаҳмӣ дар бораи мафҳумҳои зулм ва ситам рӯ ба рӯ ҳастем. Касоне, ки зулми Толибонро бар ҳама яксон медонанд, дар мафҳуми зулму ситам таъаммуқ намекунанд.
Мо ду навъ зулм дорем. Яке зулм ба унвони як падидаи ом аст, ки як ҳокимияти сиёсӣ бар афроди ҷомеа ба ҳайси афрод раво медорад ва сиёсатҳоеро ба иҷро мегузорад, ки ҳамаи шаҳрвандон таҳти таъсири он қарор мегиранд. Масалан, маҳрум сохтани духтарон аз мактаб ё таҳмили ришу дастор бар ҳамагон.
Аммо навъи дигари зулм вуҷуд дорад, ки бар мабнои табъизи қавмӣ устувор аст. Ин навъи зулм қурбонии худро аз пеш мушаххас мекунад. Як қавми хос ба хотири ҳувияти қавмиаш мавриди зулму ситам қарор мегирад.
Зулм дар ин маъно боз ба ду навъ — фардӣ ва ҷамъӣ — қобили тафкик аст. Ба лиҳози фардӣ, масалан ҳар тоҷик ё ҳазора ва ё ӯзбек ва ғайра, ба эътибори ин ки дар шиносномааш номи қавмаш навишта шудааст, мавриди табъиз қарор мегирад ва аз ҳуқуқу имтиёзоти хоссе маҳрум мешавад. Масалан, ба як тоҷик, ҳазора, ӯзбек ва ғайра иҷоза дода намешавад, ки вазири дифоъ ё дохила бошад. Ба лиҳози ҷамъӣ, зулму ситами қавмӣ ба ин маъност, ки ақвоми хоссе дар маърази наслкушӣ, кӯчи иҷборӣ, ғасби сарзаминҳо ва нобудии мафохири фарҳангӣ ва ҳувиятӣ (дороии маънавӣ) қарор доранд.
Метавон гуфт, ки аслитарин навъи зулм ҳамин навъи охир аст. Ин навъи зулму ситам ба далели бузургӣ, хатарнокӣ ва низомманд будани он дар асноди ҳуқуқи байналмилалӣ ҷурмангорӣ шудааст ва муртакибони он бояд дар маҳокими байналмилалӣ таҳти пайгирд қарор гиранд.
Толибон бар тоҷикон, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо чунин зулму ситамеро раво медоранд. Паштунҳо бо чунин зулму ситаме аз ҷониби Толибон рӯ ба рӯ нестанд. Ба ҳамин далел аст, ки мухолифати паштунҳо бо Толибон хунсардона аст. Паштунҳо аз ҳокимияти Толибон зулму ситами бузургро таҳаммул намекунанд. Дарде, ки Толибон бар онҳо ворид мекунанд, хафиф ва қобили таҳаммул аст. Аз ҳамин рӯ, миёни мухолифони паштун ва ғайрипаштуни Толибон фаҳми муштарак ба вуҷуд намеояд. Зеро дарди онҳо мутафовит аст ва дарки онҳо низ мутафовит мебошад.
Ҳоло вақте ғайрипаштунҳо бо чунин вазъият рӯ ба рӯ ҳастанд, ду ҳолат бештар вуҷуд надорад. Ё ниҳодҳои адолатгустари байналмилалӣ ба доди онҳо бирасанд, ки намерасанд. Ҷаҳон он қадар одилона нест, ки мо тасаввур кунем доди мазлумон дар як гӯшаи дунё тавассути адолатгустарони сӯи дигари олам ситонда мешавад.
Гузинаи дувум ин аст, ки ақвоми таҳти ситам худашон аз худ дифоъ кунанд. Дифои ғайримусаллаҳона низ натиҷае надорад. Бинобар ин, нерӯҳое, ки иддаои ҷанг бо Толибонро доранд, бояд ба ин маъно додхоҳ бошанд; ба маънои қавмӣ ва ҳувиятӣ. Ғайр аз ин, наметавон мазлумонро барои адолат сафарбар кард. Ва чӣ чизе аз сафарбарии мазлумон дар муборизаи адолатхоҳона муассиртар аст?
Ростӣ, ин савол боқӣ мемонад: Оё шумо ба ҳайси як нерӯи зидди Толибон дарки дурусте аз зулму ситам ба маънои қавмии он доред? Оё шумо худро мутааллиқ ба ақвоми таҳти ситам медонед ва дарди онҳоро дарди худ эҳсос мекунед? Агар ин дарк ва эҳсос вуҷуд надошта бошад, баид аст, ки ба ривояти қавмии ҷанг алайҳи Толибон эътиқод дошта бошед.






