Ҳар гоҳ тавонистанд бо тоҷик ҳисобӣ кунанд, шамшер ба гулӯи ӯзбек хоҳанд гузошт
Нависанда: Рустами Рӯшангар, таҳлилгар
Ҳизби Ҷунбиши миллии Афғонистон ба раҳбарии маршал Дӯстум зимни маҳкумияти ҷиноёти ҷангии Толибон* дар Панҷшер ва Андароб, аз эҳтимоли вуруди ин ҳизб ба ҷанг бо Толибон хабар дода ва гуфта, ки рафтори саркӯбгаронаи Толибон умеди расидан ба як тафоҳуми миллӣ аз роҳи гуфтугӯро аз байн бурда ва моро маҷбӯр хоҳад кард, ки масоилро аз тариқи ҷанг ҳал кунем. Ин хабари хуш барои Ҷабҳаи муқовамат ва нерӯҳои зидди Толибон дар шимол аст.
Бо таваҷҷуҳ ба собиқаи тӯлонии ҷанг ва зиддияти маршал Дӯстум бо Толибон имкони ҷӯр омадани ӯ бо Толибон вуҷуд надорад. Аммо Туркия бино ба равобите, ки бо Толибон дошт/дорад ва бо таваҷҷуҳ ба нуфуз ва таъсире, ки болои маршал ва ҳизби Ҷунбиш дорад, талош кард, ки маршал Дӯстумро аз ворид шудан ба ҷанг бо Толибон манъ карда ва эшонро мунтазири натиҷаи музокироте намояд, ки байни Толибон ва Туркия ҷараён дошт.
Ҳоло мавзеъгирии ахири ҳизби Ҷунбиши миллӣ нишон медиҳад, ки:
1 - ё умеди ҳусули натиҷа аз музокироти Толибон ва Туркия аз байн рафта ва Туркия қонеъ шуда, ки беҳтарин гузина ҷанг бо Толибон аст;
2 - ё маршал Дӯстум ба ин натиҷа расида, ки давоми фармонбардорӣ аз Туркия, ба ҷойгоҳ ва қудрати ӯзбекон дар Афғонистон хатари ҷиддиро мутаваҷҷеҳ месозад; Ва
3 - ё ҳам маршал Дӯстум ва ҳизби Ҷунбиш аз матраҳ кардани эҳтимоли вуруд ба ҷанг дар садади эҷоди фишор бар Толибон ва имтиёзгирӣ аз ин гурӯҳ аст.
Ба пиндори ман, гумонаи севумӣ, заифтарин ва гумона нахуст, қавитарин аст.
Маршал Дӯстум ва ӯзбекони Афғонистон бидонанд, ки ягона гузина барои доштани як ояндаи беҳтар, ҷанг бо Толибон ва озод кардани сарзаминҳои шимол аз шарри нерӯҳои ваҳшии толиб аст. Нерӯҳое, ки ба ҳеҷ дин ва ойине пойбанд нестанд ва барои ҳастии ҳама хатар ҷиддианд.
Ҳамин ҳоло беҳтарин фурсат аст. Толибон тамоми нерӯҳои худро ба Панҷшеру Андароб ва Тахор мутамаркиз карда ва дар манотиқи Форёб ва Ҷузҷон ин гурӯҳ нерӯи кофӣ барои ҷанг надорад. Бинобарин, маршал Дӯстум бо осонӣ ва суръат метавонад манотиқи нуфузи хешро аз шарри Толибон наҷот диҳад. Ин амр фишори ҷанги Панҷшеру Бағлон ва Тахор болои муқовиматро низ коҳиш медиҳад ва дар айни ҳол намоише аз иттиҳоди стратегии ақвоми тоҷик ва ӯзбек дар баробари лашкари ҷонии толиб хоҳад буд.
Таҷриба нишон дода, ки иттиҳоди миёни нерӯҳои шимол рамзи муваффақияти ҳама аст. Агар мунтазири музокира бо толиб бинишинед, толиб аз машвараи ғанӣ бархӯрдор аст ва шуморо барои муддати тӯлонӣ, то тасфияи ҳисоб кардан бо тоҷикҳо, дар утоқи интизор нигаҳ медорад ва ҳар гоҳ тавонистанд бо тоҷикон тасфия кунанд, шуморо низ аз утоқи интизор берун андохта ва шамшер ба гулӯятон хоҳанд гузошт.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.