Мо "дар замонҳои ҷолибе зиндагӣ мекунем" аммо ин маҳз он замонест, ки ман тамоми зиндагиамро вақфи интизории он кардаам!
Нависанда: Ориф Ҳасан Охундзода, донишманди тоҷиктабори Покистон, узви Шӯрои машваратии “Сангар”
БОЗНИГАРӢ ВА АРЗЁБИИ ВАЗЪИЯТИ ҲОКИМ ДАР ХОНА ВА БА ТАВРИ КУЛЛӢ ДАР ҶАҲОН
Ман мӯътақидм, ки то моҳи гузашта авзоъ дар низоми қадимии Покистон мисли ҳамеша босубот ва фосид буд, ҳамон тавр, ки тӯдаҳои он ҳамеша беҳаракат буданд. Имронхон ба "нахуствазири мунтахаби доварон" маъруф буд. Ҳеҷ кас дар низом аз ӯ нороҳат нашуд. Онҳо дарвоқеъ аз амалкарди сиёсии ногувор ӯ ба унвони нахуствазир озурдахотир шуданд. Дарвоқеъ ӯ бисёр номаҳбуб шуда буд ва бад кор мекард. Мардум камбудии шахсиятии ӯро сабаб медонистанд ва ӯро ба бекифоятӣ ва суъимудирият муттаҳам мекарданд. То ҳамин ду моҳ пеш ҳаминтур буд. Ин воқеаҳои Украина буд, ки ташкилоти давлатии Покистон ва ҳомиёни қадимии ғарбии онро асабӣ кард ва... ҳама чизро тағйир дод. Мисли зарба задан ба дандони пӯсида буд.
Барои тавзеҳи бештар:
Ошуфтагӣ ва нерӯҳои геополитикаи ҷаҳонии бузургтар дар ҳоли кор ҳастанд... Ва онҳо кулли сохторҳои қудрати ҷаҳонии суннатии "назми қадимӣ"-ро ошуфта кардаанд. Покистон ҳамеша танҳо замимаи ин сохторҳо будааст ва акнун ин тағйироти чашмгири байналмилалии беруниро дар ҷисми худ нишон медиҳад.
Замоне, ки афзоиши нархҳо тақрибан дар замони КОВИД шурӯъ шуд, хулқу хӯи мардум турш шуд. Ин ҳамон чизе аст, ки авом бештар аз он азият мекашанд... Ва то моҳи марти соли равон хабаре аз “ғайрати қавмӣ” ё хашми миллӣ набуд. Мардум Имронхонро як фосиқи расвои ҷинсӣ, як капитани соддалавҳи тими крикет ва ношоиста барои сиёсат ва як кокаиндӯст меномиданд. Сӯҳбат аз баргардондани сиёсатмадорони қадимии дузд, монанди Зардорӣ ва Навоз буданд.
Бо ин ҳол, сафари ӯ ба Маскав дар ҷараёни ҳамла ба Украина дар 24 феврали 2022 - як тасодуфи маҳз - буд, ки тӯби тағйирро дар ҷиҳати бисёр мутафовит қарор дод. Амрико баъд аз он ситоди артишро таҳдид кард, ки дар баробари он таслим шуд, мисле ки ҳамеша буд... Дар ғайри ин проекти стратегии Чину Покистон CPEC дар давраи тасаддии Баҷво ва нахуствазири сиёсӣ Навоз Шариф дар соли 2015 тарҳрезӣ шуда буд ва ҳеҷ кас ба он халал нарасонд. Амрико танҳо замоне эҳсоси хатар кард, ки Русия иқдомоте мусаммам барои ба чолиш кашидан он дар саҳна ҷаҳонӣ анҷом дод, ҳамон гуна, ки ман ҳамеша пешбинӣ кардаам.
Ҳатто ҳоло ҳам чунин аст. Дар мавриди Покистон, ҳеҷ чиз пас аз 10 апрели 2022 дигар мисли собиқ нахоҳад буд. Аммо агар касе аз ман дар мавриди ҳар навъ муваффақияти инқилобии классик дар ин кишвар бипурсад, аслан мутмаин нахоҳам буд. Эҳтимоли бештари вуқӯъи як ҷанги дохилӣ вуҷуд дорад, ки ин кишвари бе ин ҳам дарҳам-барҳаму нокоромад ва сохторҳои вайрон шудаи онро барои ҳамеша дарҳам хоҳад шикаст. Зеро воқеият он ҳамин аст.
Покистон монанд ҳамеша як кишвари масрафгари дараҷаи се аст. Аввал империализми Бритониё ва Амрико буд ва дар ҳоли ҳозир геополитикаи Русияву Чин, ҳарчанд дар инҳо хайри бештар аст. Бинобарин ҳеҷ кас набояд дар мавриди Покистон таваҳҳумоти аҷибу ғариб дошта бошад. Ҳатто дар ҳол ҳозир, раҳбарии суннатии он ҳанӯз ҳам барои илҳом ва ҳимоят гирифтан ба самт Ғарб бисёр дида медӯзад - ҳатто агар Ғарб акнун ба таври билқувва барои ҳамеша поён ёфтааст, агарчи мумкин аст ҳанӯз дар чашми одӣ ин тур ба назар нарасад.
Ҳаракатҳои тозае, ки Владимир Путин дар азми худ барои рӯёрӯӣ бо хафақон (изтироб) - и ҷаҳонӣ ва таърихии атлантистҳо эълом кард то чанд рӯзи дигар ошкор мешавад ва бетардид рӯйдодҳоро дар ҳама ҷо суръат мебахшад... ва бо Ғарбу дастгоҳҳои сарсахти он, монанди Покистон муқобила хоҳад кард.
Мо "дар замонҳои ҷолибе зиндагӣ мекунем" аммо ин маҳз замонест, ки ман тамом зиндагиамро барои он сабр кардаам!