Ба муомилагарони сиёсии дирӯз ва Толибони бақудратрасидаи имрӯз
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”
Аксар авқот мавзӯъотеро, ки дар сафаҳоти иҷтимоӣ менависам, як теъдод аз дӯстон мегӯянд, шумо - сиёсатмадорон ва шумо - таҳлилгарон ватанро хароб кардед, хонаи шумо сиёсатмадорони Афғонистон хароб гардад.
Шояд ин дӯстон фиребкорӣ ва муомилагариҳои баъзе аз сиёсатмадорони кишвар моро, ки дидаанд, ҳақ ба ҷониб бошанд.
Ман ба таври нисбӣ алифбои сиёсатро медонам ва дар ҳақиқат бовар дорам, ки сиёсат зишт аст, чун ҳеҷ меъёру арзиши собите надорад. Ба хусус сиёсатмадорони Афғонистон дурӯғ мегӯянд, ба хотири манофеи шахсии худ даст ба ҳар муомилаи нангин мезананд, на дӯстиашон маълум аст, на душманиашон. Агар ин саволро аз сиёсатмадорони Афғонистон бипурсед, ин сиёсиёни ибнулвақт барои пӯшонидани ин ҳақиқат низ далеле доранд.
Онҳо мегӯянд, сиёсат дӯсту душмани доимӣ надорад. Гарчи худам низ ҷумлаи фавқро баъзе авқот ба забон овардаам, вале ин ҷумла он қадар кароҳатборовар ва мутанаффиркунанда аст, ки ҳатто наметавонед тасаввур кунед, ки он мардумон чӣ қадар метавонанд фузулу ҳилагар бошанд. Баъзе аз сиёсиёни толиб бо чунин ҷумалоти фиребандае ҳомиёни худро низ мутақоид месозанд. Дуруст аст, ки сиёсат ҳаргиз ҳеҷ арзиши собите надорад ва дар тағйир аст. Танҳо арзиш барои сиёсат, манофеи сиёсатмадор аст ва бас. Бор-бор дида шуда, ки сиёсиёни толиб назар ба лузумдиди худ тағйири масир медиҳанд. Агар ниёз ба мондани риш буд, риш мегузоранд, агар ниёз ба шиму кастуми луксу нектоӣ бошад, онро мепӯшанд. Агар ниёз буд ҳар лаҳза ба хотири намоз ба ҷамоат мераванд ва пушти сари ҳар касу нокас иқома мекунанд, агар ниёз буд мисли мардуми одӣ либос мепӯшанд, рӯзи дигар ҳамаи ин корҳоро канор мегузоранд ва ранги дигар мегиранд.
Ҳама чиз бастагӣ ба манофеи худашон дорад. Ин гуна мардум авомро низ кавдану бешуур сохтаанд. Қувваи тафаккуру тааққули мардумро тақрибан хобонидаанд. Онҳо ҳатто ба мардум талқин кардаанд, ки агар думболи яке набошед, дигарон шуморо хоҳанд хӯрд. Инҳо зарифтарин ҳуққаҳои он мардумонанд. Инҳо муваффақ шудаанд барои ҳифзи манофеи худ ҳазорон нафарро қурбонӣ кунанд. Инҳо ба мардум арзишҳои дурӯғин сохтанд ва ҳомиёни худро думболи нахӯди сиёҳ фиристода ва дар оянда низ мефиристанд.
Агар дарку шуури ҳақиқӣ ва фарогиру ҳамаҷониба дар сарзамини мо мебуд, ҳеҷ касе думболи ин ба истилоҳ, раҳбарон ва сиёсатмадорони толиби ибнулвақт намерафтанд. Дар аксари кишварҳои дигар мардум думболи ашхосу афроде мераванд, ки бо ҳама якранг буда ва бо ҳама дар сулҳу оштӣ бидуни тамомиятхоҳӣ ва худфурӯшӣ зиндагӣ менамоянд. Дар кишварҳои дигар мардум аз касе ё касоне ҳимоят мекунанд, ки содиқ, ростгӯ ва халлоқанд, ҳунари хидматгузорӣ дошта бошанд, ҳамеша бо мардуми худ буда, дар ғаму дардашон худро шарик донистаанд, бо ҳама дар пазиришу дӯстӣ ба сар бурда бошад. Дар теъдоди зиёде аз кишварҳои дигар мардум дар рикоби касе қадам мезананд, ки ҳама марзҳоро канор гузошта ва бо дигарон дар баробариву бародарӣ зист менамояд. Дар дунёи дигар, бахусус, кишварҳои аврупоӣ, мардум канори касе меистанд, ки барои васли мардумон мекӯшад.
То рӯзе, ки мардуми Афғонистон бо садоқат ба ин чизҳо наандешанд, хабаре аз сулҳу оромиши ҳамапазир ҳаргиз ба гӯши мо нахоҳад расид. Оштии сиёсатмадорони толиб сулҳ нест, зеро сулҳи инҳо тафоҳуми шахсии ду тараф барои савор шудан рӯи гурдаи тӯдаҳои ноогоҳи мардум аст. Сулҳи ҳақиқӣ рӯзе ба Афғонистон хоҳад омад, ки ҳеҷ як аз сиёсатмадорони муомилагари толиб харидоре надошта бошанд ва мардум бо истодан дар канори ҳам ба шиорҳои дурӯғини онҳо ханда сар диҳанд ва ононро барои ин ки аввал меҷанганд, то баъдан ба сулҳ бирасанд, масхара кунанд.
Бадӣ макун, ки дар ин киштзори зудзавол,
Ба доси даҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ.