Хабари рӯз

Ҳикматёр аз чӣ менолад ва чӣ дард дорад?

Нависанда: Фахриддин Холбек

Пешсухан: Раиси Ҳизби исломӣ дар намози ҷумъаи гузашта дар ҷамъи ҷамоаташ аз минбари масҷиди Худо як мавъизаи сиёсӣ кард ва ба равобити Толибону ҳамсоягон пардохт. Вай бар ин аст, ки кишварҳои сармоягузор (дақиқ намегӯяд, кадом кишвар, аммо зоҳиран, сухан аз Амрикост) Толибонро бо ҳамсоягон ҷанг меандозанд, аз ҷумла Покистон ва Эрон. Гуфт, ки болои шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон аз хоки Афғонистон ҳамлаи мушакӣ шуд ва тайёраҳои Ӯзбекистон  дар наздикиҳои шаҳри Ҳайратони Афғонистон бархе таҳаррукотеро анҷом доданд, ки боиси нигаронӣ аст.

Аммо дар мавриди Тоҷикистон бештар сухан кард ва гуфт, ин кишвар бо Амрико сари эҷоди як пойгоҳи низомӣ тавофуқ кардааст ва мегӯяд, ин гапи ӯ нест, ҳарфи президенти Русия Владимир Путин аст. Вай ишора ба ин мекунад, ки мехоҳанд қаламрави Тоҷикистонро барои ҳамла ба Афғонистон истифода кунанд...

Матлаби зер аз гузаштаҳо аст, замоне, ки ин сиёсатмадори ноком суханҳое дар баробари изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи тоҷикону дигар ғайрипаштунҳои Афғонистон, баён дошта буд. Ин одам моҳиятан ҳеҷ гоҳ тағйир накард ва ҳар чӣ дар борааш тайи ним асри гузашта гуфта шуд, низ моҳиятан тағйир накард.

***

Ҳикматёр аз чӣ менолад ва чӣ дард дорад? 

Ҳикматёр ба таҳқир ниёз надорад. Таърих тамоми лаънатеро, ки дошт, бар сари ин сиёсатмадори ноком ва дарвоқеъ “мурдаи сиёсӣ” рехтааст. Таҳқири ӯ як рекломи тамомайёр аст.

Ӯ 120 китоб навиштааст, ки ағлаб дар масоили исломиянд. Вай компютерро “об кардааст”. Метавонад нармафзорашро ҳам насб кунад, сахтафзорашро ҳам. Аммо бо он ҳама донише, ки дорад, ҳеҷ одам нашуд, аз таърих ку ҷои гила нест, ҳатто аз шикастҳои зиндагии худ сабақ нагирифт ва як сиёсатмадори кинагиру якрав ва ҳамеша тамғаи нокомӣ дар пешонӣ боқӣ монд.

Вай як умр ба Масъуд рашк мебурд, ҳатто пас аз маргаш ва ҳоло дида мешавад, ки ҳатто ба рӯҳи ӯ, ки ҳамоно бо аҷирони хориҷӣ, душманони озодии ватанаш меҷангад, ҳасад мебарад. Ба ин ҳам ҳасад дорад, ки Масъуд Қаҳрамони миллисту вай ҳамоно рондаи ҳар дару девор ва шахсияти манфури Афғонистону тамоми башарият.

Марҳум Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори араб, ки чанд соли пеш аз сӯи истихбороти Арабистони Саудӣ дар Туркия ба шаҳодат расид, шоҳиди ҳамон суҳбати таърихии ӯву Масъуд дар соли 1992 буд. Вай баъдтар навишт, ки Ҳикматёр на фақат натиҷаҳои ҷиҳод, балки Афғонистонро ҳам барбод дод ва сабаби ҷанги дохилии солҳои 90 ва мусибатҳои баъдии Афғонистон маҳз ӯст.

Аз он айём бештар аз 30 сол мегузарад. Ин ҷанг идома дорад. Афғонистон месӯзад ва дар хоку хун метапад. Аз дасти нохалафҳое, монанди Ҳикматёр, ки ба хотири манфиатҳои пуштибонони худ, ватан ва мардумашонро ба ин рӯз оварданд.

Ҳикматёр аз чӣ менолад?

Ҳикматёр нафрати вижае ба тоҷикон дорад (ҳарчанд ду домодаш панҷшериянд), он ҳам қаблан ба ин хотир, ки маҳз соли 1992 Аҳмадшоҳи Масъуд орзуҳои ӯ барои нишастан дар тахти Кобулро барбод дод. Ба қавли Хошуқчӣ, ҳамон шабе, ки қарор буд, субҳаш ӯ вориди Кобул шавад, ҳатто ҷамъе аз арабҳоро, ки аз қавми Пайғамбар (с) низ ҳузур доштанд, дар намози хуфтан имоматӣ кард, зеро худро “амир ва имоми Афғонистон” тасаввур мекард. Ҳамон шаб тамоми мухобара (ратсия) – ҳоро кушта, ба хоб рафт. Субҳ, ки аз хоб хесту мухобараашро рӯшан кард, нерӯҳои Масъуд Кобулро гирифта буданд. Таърих собит сохт, ки он лаҳза “аморат” – и ин “амир” – и ҳанӯз тахтнадида пайдо нашуда, суқут карда буд.

Ҳикматёр аз фарти девонагӣ ҳар рӯз то ҳазор ракета сари Кобул андохт кард, ҳазорҳо кобуливу ҷангиашро ба куштан дод, то орзуяшро муҳаққақ кунад, ки нашуд. Вайронаҳое, ки бо гузашти 30 сол дар Кобул дида мешаванд, пайомади ҳамон ҷангҳову ракетаҳои Ҳикматёранд. Ҳоло танҳо мавзӯе, ки намехоҳад бо ӯ матраҳ кунанд, маҳз ин ҷинояти таърихӣ аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам намефаҳмад, ки бо ин ҷиноят ӯ рӯсиёҳи таърих ва амалан “мурдаи сиёсӣ” шуда буд. Аммо мисли шутурмурғе, ки фикр мекунад, агар сарашро таги хок кунаду дигаронро набинад, дигарон ӯро намебинанд, Ҳикматёр низ бовар дорад, таърих ҷиноятҳои ӯро фаромӯш кардааст.

Баъдтар Толибон ӯро фирор доданд ва вай худро ба оғӯши Масъуд зад. Масъуд ӯро ба Панҷшер овард ва аз он ҷо ба Тоҷикистон, сипас Эрон интиқол дод. Баъдтар Ҳикматёр эълон дошт, ки агар Панҷшерро тарк намекард, Масъуд ӯро мекушт. Бечора намефаҳмид, ки то он дам ӯ худ ва шахсияти худро дар азҳони ҷомиа куштааст. Вай мисли як "интиҳории таърих" ҳанӯз дар ҷангҳои Кобул аз байн рафта буд. Ҳамчун як инсон ҳам.

Вагарна баъдтар ба Тоҷикистону Эрон, ки ӯро меҳмондорӣ карда буданд, тавҳин намекард. Ду сол қабл ӯ дар як суҳбаташ гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ӯро ронданд. Раиси собиқи КДАМ – и Тоҷикистон, ки гӯё ӯро пеш карда буд, дар суҳбат бо нависандаи ин сутур Ҳикматёрро як аблаҳи намакношиносе хонда буд, ки “ҳамин қадар фаҳму фаросат дорад”.

Мавқеи Тоҷикистонро, ки дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон аз сӯи президенти Эмомалӣ Раҳмон (дар моҳи августи соли 2021) баён шуд, аслан ин гуна мешавад тарҷума кард: шумо қариб 50 сол аст, ки паштунҳоро пуштибонӣ мекунед, ҳоло мо ҳам тоҷикон, балки тамоми ғайрипаштунҳо ва паштунҳои мазлумро ҳимоят мекунем.

Ин ба он маъно нест, ки Тоҷикистон нав аз нерӯҳои зиддитолибонии Афғонистон ҳимоят мекунад. Дар замони ҳукумати аввали “Толибон” (1996-2001) низ Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муттаҳиди милливу исломӣ барои наҷоти Афғонистон (Ҷабҳаи муттаҳид) таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, иттиҳоди тамоми нерӯҳо, аз ҷумла паштунҳои зиддитолибониро пуштибонӣ мекард. Тамоми кӯмакҳо, ҳатто равуомади намояндаҳо аз саросари олам бо Ҷабҳа тариқи Тоҷикистон анҷом мегирифтанд.

Тоҷикистон худ даргири ҷанги шаҳрвандиву баъдтар мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ буд. Нақшаҳои байнулмилалие ҳам барои кашонидани Тоҷикистон ба як ҷанги минтақаӣ дар ҷараён буданд, ки як мавзӯи дигар аст. Аммо муҳим ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон ҳам дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд ва алайҳи ҳукумати пуштибони террористон буд. Ин ҷанг бо суқути Толибон ва ба нафъи нерӯҳои зиддитолибони Афғонистон анҷом ёфт, аммо раҳбарони онҳо ин дастоварди таърихиро барбод доданд.

Ҳоло ин раҳбарон (ба истиснои ду-се нафар) ҳам ба “мурдаҳои сиёсӣ” табдил ёфтаанд ва насли ҷадид бо раҳбарии Аҳмади Масъуд рӯи саҳна омад, ки бидуни ҳеҷ баҳс, бояд аз сӯи Тоҷикистон пуштибонӣ шавад. Бахусус ки Тоҷикистон дигар он Тоҷикистони солҳои 90 нест ва зуҳури дубораи Толибон хатари ҷиддӣ на фақат ба амнияти Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки тамоми ҷаҳон аст.

Аз сӯи дигар, бино ба тавофуқоте, ки Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дорад, ҳар иқдом бидуни мувофиқа бо бақия аъзои ин созмон гирифта мешавад. Вақт нишон хоҳад дод, ки кадоме аз қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ дар канори Толибон – пуштибонони терроризм ва кадоме дар канори Ҷабҳаи Муттаҳид қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҷангҳои Афғонистон нерӯҳои зиддитолибонӣ, ки тоҷикон нерӯи асосӣ ва меҳварии онҳоянд, ҳамкори стратегии кишварҳои Шимол дар раъси Русия буданду хоҳанд буд. Толибон аз диди стратегӣ бо тамоми тору пуди худ ба Амрикову думравони минтақаиаш пайваста буданду ҳастанд ва хоҳанд буд. Дарки ин ҳақиқат ва воқеиятҳои печидаи Афғонистон мушкил аст, аммо моҳиятан ҳама бармегардад ба мухолифати деринаи Русияву Амрико.

Ин ҳама бар захмҳои хунчакони Ҳикматёр фишор меоварад ва дарди ӯро меафзояд. Вагарна сарнавишти худи ӯ маълум нест. “Толибон” худи ӯро таҳаммул надоштанду надоранд ва ҳатто Мулло Умар байъати ӯро ба хотири як инсони худхоҳу номутмаин буданаш напазируфта буд.

Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон, ба сароҳат гуфта буд, ки панҷшериҳо – тоҷикон монеаи бузурги таҳаққуқ (амалӣ шудан) – и барномаҳои кишвараш дар минтақа ҳастанд. Дигар раҳбарони Покистон аланӣ пуштибонӣ кардаанду мекунанд, аммо Мушарраф аз паштунҳо, хонда шавад, Толибон рӯйрост дифоъ мекард ва миёни мардуми Афғонистон тафриқа меандохт.

Аммо Ҳикматёр ҳеҷ гоҳ дар бораи тафриқаандозии ӯ садо баланд накард ва ҳеҷ гоҳ намекард, зеро нӯкар ё “ғуломбача” ва дастнишонда ҳеҷ гоҳ ҳарфи мустақил намезанад ва ҳар чӣ мегӯяд, чизест, ки аз сӯи хоҷагонаш дастур шудааст.

Хулоса, вокуниши Ҳикматёр 1) як ширин кардани худ ба Толибон ва 2) ҳарфҳоеанд, ки бояд пуштибони ӯ – истихбороти Покистон гӯяд ва мухотаб фақат Тоҷикистон нест.

Охирсухан: Ҳикматёр хабар надорад, ки Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Эҷоди пойгоҳи низомии як кишвари хориҷӣ бидуни тавофуқ бо аъзои ин созмонҳо имкон надорад. Як пойгоҳи низомии Амрико, ки дар ҳоли ҷанг бо Русияву Чин аст ва он ҳам дар Осиёи Марказӣ? Ин фақат метавонад маҳсули мағзи Ҳикматёр бошад.

Тоҷикистон имрӯз ҳудуди 15 ҳазор муҳоҷири Афғонистонро паноҳ додааст. Дар миёни онҳо тамоми ақвоми ин кишвар ҳузур доранд. Як замон, ки раҳбарони паштун, назири Устод Сайёф аз шарри Толибон дар Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ин дафъа чеҳраҳои маъруфи ин қавм паноҳандаи ин кишвар шуданд. Тоҷикистон аз як Афғонистони воҳид ва ҳаққи мусовии тамоми ақвоми он ҳимоят мекунад. Мисли як ҳамсояи хуб, ки ҳеҷ гоҳ дар фикри харобии ҳамсояи худ нест.

Аммо Амрико имшабу рӯз дар минтақа хеле талош дорад, ки соҳиби як пойгоҳи низомӣ шавад. Тафсилоти ин қиссаро дар Сангар хоҳед хонд.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!